Айюб Ҳайдаров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Айюб Ҳайдаров
Раиси Шӯрои ҷумҳуриявии Иттифоқҳои касабаи ҶШС Тоҷикистон
1963 — 1983
Котиби якуми Кумитаи ҳизбии шаҳри Чкаловск
1958 — 1963
Пешгузашта Петр Борисов
Ҷонишин Ҳамид Нодиров

Таваллуд 7 ноябр 1922(1922-11-07)
Даргузашт 23 январ 1999(1999-01-23) (76 сол)
Ҳизб
Таҳсилот
Ҷоизаҳо
ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ордени «Нишони Фахрӣ»

Айюб Ҳайдаров (7 ноябр 1922, Истаравшан, вилояти Суғд23 январ 1999, Душанбе) — ходими давлатӣ ва сиёсии тоҷику шӯравӣ.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Айюб Ҳайдаров 7 ноябри соли 1922 дар шаҳри Ӯротеппа ба дунё омадааст[1]. Замони дусола буданаш, падараш даргузашт[2] ва ӯ зери тарбияи модар бузург шуду мактаби № 1 шаҳр[3] ва дар солҳои 1939-1941 Институти педагогии Ленинобод ба номи С. М. Кировро хатм кард.

Корнома[вироиш | вироиши манбаъ]

  • 1941—1946 — муаллими синфҳои ибтидоӣ, корманди шуъбаи маориф ва инструктори кумитаи ҳизбӣ дар шаҳри Ӯротеппа.
  • 1946—1948 — шунавандаи мактаби дусолаи хизбӣ дар шаҳри Душанбе.
  • 1948—1950 — котиби кумитаи ҳизбии ноҳияи Калининобод.
  • 1950—1951 — котиби дуюми кумитаи ҳизбии ноҳияи Ӯротеппа.
  • 1951—1952 — ҷонишини раиси комиҷроияи вилояти Ленинобод[4].
  • 1952—1955 — шунавандаи мактаби олии ҳизбӣ дар шаҳри Маскав.
  • 1955—1963 — ҷонишини сардори шӯъбаи сиёсӣ, котиби дуввум ва котиби якуми кумитаи ҳизбии шаҳри Чкаловск.
  • 1963—1983 — раиси Шӯрои ҷумҳуриявии Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон.

Аз соли 1959 то соли 1986 ӯ узви КМ ҲК Тоҷикистон буд[3]. Солҳои 1959—1967 депутати Шӯрои Олии Тоҷикистон ва дар солҳои 1966—1986 депутати Шӯрои Олии ИҶШС даъватҳои 7, 8, 9, 10 интихоб шудааст.

Ордену ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо се Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ду ордени «Нишони Фахрӣ», 4 медал ва 4 Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии Тоҷикистон унвони ифтихории «Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон» (1982) қадрдонӣ шудааст.

Даргузашт[вироиш | вироиши манбаъ]

Айюб Ҳайдаров 23 январи 1999 дар Душанбе даргузашт[3].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. ХАЙДАРОВ Аюб Хайдарович. centrasia.org. ЦентрАзия. 19 октябри 2022 санҷида шуд.
  2. М. Солеҳов. Зиндагии ибратбахш(тоҷ.), Ҷумҳурият (6 ноябри 1997).
  3. 3.0 3.1 3.2 Манижа КУРБАНОВА. Был такой человек, ASIA-Plus (15 ноябри 2007), стр. С. 13.
  4. Сурен Акопянс. Славный сын республики(рус.), Чкаловский вестник (7 сентябри 2008).