Арвидс Григулис

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Арвидс Григулис
латишӣ: Arvīds Grigulis
Таърихи таваллуд 12 октябр 1906(1906-10-12)[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 5 октябр 1989(1989-10-05)[1] (82 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ creative and professional writing[d][3], наср[3], шеър[3], адабиётшиносӣ[3] ва translating activity[d][3]
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология[d]
Алма-матер
Ҷоизаҳо
ордени Ленин Order of the Patriotic War 2nd class ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Ордени Ситораи Сурх ордени «Нишони Фахрӣ» Медали «Барои мудофиаи Москва» Medal "For the Victory over Germany in the Great Patriotic War 1941–1945"
Мукофоти сталинӣ

Арвид Петрович Гри́гулис (латишӣ: Arvīds Grigulis; 12 октябр 1906[1], фармондории Ливланд[d]5 октябр 1989[1], Рига[2]) — нависанда ва адабиётшиноси латвиягӣ. Академики АИ Латвия, иштирокдори ҶБВ (1941-45). Доктори илмҳои филология (1978). Арбоби шоистаи фарҳанги Латвия (1947).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Арвидс Григулис баъди хатми факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Латвия (1937) дар ҳамон донишгоҳ ба тадрис машғул шуд. Нахустин шеъраш соли 1927 ба табъ расид. Дар маҷмӯаи ашъори «Ёддоштҳои хабарнигор» (1929), «Тақлиди дил» (1931) норозигияшро аз сохти ҷомеаи капиталистӣ изҳор намудааст. Ӯ дар 5 ҷилд маҷмӯаи «Нақди адабии Латвия»-ро (1956-64) тартиб дод. «Достони полки Игор»-ро (1950) ба забони латвиягӣ тарҷума кардааст. Ба қалами Арвидс Григулис маҷмӯаи шеърҳои «Борони тирамоҳӣ» (1966), «Суруди шаббодаҳо дар бедҳои канори соҳил» (1968), «То як поси шаб» (1970), «Сарлавҳаҳо» (1972) мутааллиқанд. Ӯ инчунин намоишноманависи моҳир буд. Намоишномаҳои Арвидс Григулис «Дар кадомин бандар?» (1945). «Дар Гарпетер чӣ гуна таърих сохтанд» (1946), «Гил ва фахфур» (1947), «Профессор ба кор таъйин мешавад» (1954), «Ғалаёни баҳри Балтик» (1957), мазҳакаи «Дар дунёи равшан ҳамин тавр ҳам мешавад» (1959) ба мавзӯъҳои гуногуни ҳаёт ва рӯзгори мардум бахшида шудаанд. Арвидс Григулис муаллифи романи «Ҳангоме, ки боду борон ба тиреза мезананд» (1965) мебошад. Маҷмӯаи ашъори «Хонаи зеризаминӣ» (1943), намоишномаҳои «Шинели афсар» (1955), «Садои тири худро намешунавӣ» (1966) аз воқеоти ҶБВ (1941-45) ҳикоят мекунанд. Бо 5 орден ва медалу ифтихорномаҳо сарфароз гардидааст.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Сквозь огонь и воду. Рассказы. Рига, 1947;
  • Ветви сирени. Стихи. Рига, 1961;
  • Осенний дождь. Стихи. М., 1969

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Очерк истории латышской советской литературы. Рига, 1957;
  • Большая советская энциклопедия. Т. 7, М. 1972.