Афзалии Самарқандӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Афзалии Самарқандӣ
форсӣ: أفضلئ سمرقندی
Таърихи таваллуд: асри XVI
Навъи фаъолият: шоир

Афзалии Самарқандӣ (форсӣ: أفضلئ سمرقندی‎; асри XVI) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Мувофиқи маълумоти «Тазкирату-ш-шуаро»-и Мутрибӣ Афзалии Самарқандӣ аз шоирони Самарқанд, муосири Мушфиқӣ будааст. Аксари рисолаҳои оид ба шеър ва арӯзу қофияро хуб медонист. Дар бадоҳатан гуфтани шеър маҳорат дошт ва дар маҳфилу мушоираҳо дастболо буд. Охири умраш бо хорию зорӣ гузаштааст. Шоири соҳибдевон будааст. Аз осораш ғазалҳо ва абёти пароканда боқист.

Намунае аз абёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Каъбаи васл, дило, ҷуз сари он кӯям нест,
Қиблае хуштар аз он тоқи ду абрӯям нест.
Хубии лоларухон гарчи зи ҳад берун аст,
Хубрӯе, ки ба хубии ту меҷӯям, нест.
Афзалӣ, бар сари он кӯй зи по афтодам,
Чора ҷуз хок шудан бар сари он кӯям нест.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]