Баҳористон (деҳа дар н. Рӯдакӣ)
Ин саҳифа барои ҳазфи сареъ пешниҳод шудааст. |
БАҲОРИСТÓН, деҳа дар ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ.
Аз Баҳористон то маркази ноҳия 3 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 2060 нафар (2009). Мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, дорухона, бунгоҳи тиббӣ, китобхона дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ. Заминҳо аз наҳри Кӯктош обёрӣ мешаванд. Қаҳрамонони меҳнати сотсиалистӣ Замонов Султон ва Азимов Абдусамад дар ҳамин деҳа таваллуд шудаанд.
Манбаъ[вироиш | вироиши манбаъ]
- Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — 664 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.