Бобо Ҳамдамов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бобо Ҳамдамов
соли 1929 — соли 1932
соли 1932 — соли 1933

Таваллуд 2 декабр 1902(1902-12-02)
Даргузашт 2 декабр 1972(1972-12-02) (70 сол)
Душанбе
Дудмон мард
Ҷоизаҳо
ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ордени «Нишони Фахрӣ»

Бобо Ҳамдамов (02.12.1902, деҳаи Ярм[1], ноҳияи Мастчоҳ — 02.12.1972, ноҳияи Ҷаббор Расулов) — ходими давлатии ҶШС Тоҷикистон, аввалин Раиси Суди Олии ҶШС Тоҷикистон, Раиси шаҳри Сталинобод (Душанбе)[2].

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳамдамов Бобо соли 1902 дар деҳаи Ярми ноҳияи Мастчоҳ, дар оилаи камбағал таваллуд шудааст. Солҳои 1921-1922 коргари корхонаҳои навоҳии Фарғона буд.  Солҳои 1923-1924 ихтиёрӣ ба сафҳои Артиши сурх дохил шуда, ба сифати роҳбалад ва мукташиф (разведчик) дар отряди 4-уми ихтиёрии полки аскарони савораи 12-ум хизмат кардааст. Солҳои 1924-1925 раиси шӯрои деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ, солҳои 1925 -1926  раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Ӯротеппа, солҳои 1926-1928 раиси Суди ҳавзаи вилояти Ӯротеппаву Панҷакент буд. Аз моҳи марти соли 1928 то моҳи январи соли 1929 дар вазифаи Раиси суди калони Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Аз моҳи январи соли 1929 то моҳи августи соли 1929 ҷонишини раиси Кумитаи иҷроияи вилояти Кӯлоб буд. Ҳамон сол дубора раиси Суди калони Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъйин шуд. Баъди 26 октябри с.1929 бо қарори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфтани Суди олӣ нахустин раиси Суди Олии ҶШС Тоҷикистон ва муовини Комиссари Халқии Адлия оид ба қисми судӣ гардид ва дар ин вазифа то соли 1932 кор кард. Ҳамдамов Бобо  узви Кумитаи Иҷроияи Марказии Шӯроҳои РАСС Тоҷикистон (интихоботи якум, дуюм, сеюм) ва узви Президиуми Кумитаи Иҷроияи Марказии РСС Тоҷикистон (интихоботи чорум) буд ва ба ҳайси намояндаи Ҳукумати Тоҷикистон дар ноҳияҳои Кангурт, Қизил-Мазор, Арал (ҳоло Восеъ), Данғара, Ҷиргатол (ҳоло Лахш), Шулмак, Ғарм, Ғозималик(ҳоло Хуросон), Мастчоҳ (Кӯҳистони Мастчоҳ), Шаҳринав, Шаҳристон, Ғончӣ (ҳоло Деваштич), Уротеппа (ҳоло Истаравшан), Яғноб, Регар (ҳоло Турсунзода), Пахтаобод, Ҳисор, Кофарниҳон, дар таъсиси мактабҳо, сохтмони роҳҳо, ислоҳоти замин, воридкунии техникаи хоҷагии қишлоқ, объёрии заминҳо, ташкил намудани хоҷагиҳои коллективӣ ва шӯроҳо саҳм гузоштааст. Аз ҷумла, соли 1930 бо роҳбарии ӯ дар деҳаи Гулбулоқи ноҳияи Данғара совхози ғаллакории «Намуна» таъсис дода шуда, кишти аввалини ғалла гузаронда шуд.

Қабл аз ин, соли 1929 тибқи барномаи давлатӣ бо роҳбарии ӯ 160 хонавода аз ноҳияи Кангурт ба ноҳияи Восеъ ва соли 1931 аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 200 хонавода ба  мавзеи Дашти Шӯри ноҳияи Янгибозор (ҳоло Ваҳдат) муҳоҷир гардонда шуданд.

Охири солҳои 20-ум ва аввали солҳои 30-юми асри гузашта Бобо Ҳамдамов барои аз Ҳӯқанди Узбекистон ба Тоҷикистон бозпас кӯчидани қисми мастчоҳиёне, ки солҳои 40-ми асри 19 аз ҷабри мири вақти Мастчоҳ Ботурхоҷа ба он ҷо фирор карда буданду дар манзили навашон зиндагии хуб надоштанд, ёрӣ расонд. Онҳоро дар қаламрави колхозҳои ба номи Телман ва «Иҷтимоиёт» - и ноҳияи Кофарниҳон (ҳоло Ваҳдат) ҷойгир кунонд. Аз ин сабаб қаламрави ин ду колхоз дар байни халқ номи Ҳамдамободро дошт.

Навиштаҳои боло исботи онанд, ки Бобо Ҳамдамов яке аз муборизони фаъоли барпо ва мустаҳкам намудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Солҳои 1932-1933 Бобо Ҳамдамов бо пешниҳод ва дастгирии Шириншоҳ Шотемур – Раиси Президиуми Кумитаи Иҷроияи Марказии РСС Тоҷикистон, дар вазифаи Раиси шӯрои вакилони халқи шаҳри Сталинобод фаъолият намудааст, яъне дуюмин раиси шаҳри Сталинобод буд.

Моҳи январи соли 1933 Бюрои КМ Ҳизби Коммунистии (б) Тоҷикистон масъалаи банақшагирии ободонии шаҳри Сталинобод – тавассути лӯлаҳо таъмин намудани шаҳр бо оби ошомиданӣ, сабзкорӣ, бунёди  корхонаҳои саноатӣ, сохтмони биноҳои маъмурӣ, кашидани хатти корезӣ нарасидани мутахассисон   ва ғ.- ро  баррасӣ намуд. Бюрои КМ ҲК (б) Тоҷикистон аз КМ ҲКУ(б) хоҳиш намуд, ки барои аз тарафи шӯрои шаҳри Ленинград ба шефӣ гирифтани шӯрои шаҳри Сталинобод дар бобати ҳалли масъалаҳои дар боло зикршуда  мусоидат намояд. КМ ҲКУ (б) ин дархостро дастгирӣ кард ва моҳи феврали ҳамон сол Бюрои КМ ҲК (б) Тоҷикистон як гурӯҳи кориро бо роҳбарии раиси шаҳри Сталинобод Бобо Ҳамдамов барои диду боздид аз Ленинград ва маслиҳати ҷалбу кумаки мутахассисони соҳаи шаҳрсозӣ ба Тоҷикистон, ба он ҷо фиристод.

Ҳайат бо таҷрибаи шаҳрсозии ленинградиҳо ошно гашт. Дар шӯрои шаҳр арзу дархости  раиси шаҳри Сталинобод ва роҳбари  ҳайати корӣ Бобо Ҳамдамовро  шунидаву баррасӣ намуданд. Изҳор карданд, ки шӯрои шаҳри Ленинград омода аст пойтахти Тоҷикистонро ба шефӣ гирад. Моҳи март шӯрои шаҳри Ленинград 20 нафар мутахассисон – меъморон, муҳандисон, техникҳо, геодезистон ва мутахассисони дигари соҳаи шаҳрсозиро бо абзори лозима ба Тоҷикистон фиристод. Мутахассисон бо роҳбарии раиси шаҳр ба кор шуруъ карданд.

Он солҳо Бобо Ҳамдам ҳамзамон бо иҷрои вазифаи раиси шаҳр ба ҳайати кумитаи амалкунандаи мусоидат ба  сохтмони роҳи оҳани Сталинобод – Қӯрғонтеппа дохил буд. 12 марти с. 1933 аввалин анҷумани колхозчиёни пешқадами ноҳияи Сталинобод низ таҳти роҳбарии ӯ барпо гашт.

Б. Ҳамдамов моҳи июни с. 1933 дар асоси мактубҳои беимзо ба иштирок дар созмони миллатгароёнаи зидди инқилобӣ гунаҳгор гардида,  8 моҳ – то моҳи марти с. 1934 дар маҳбаси Раёсати муттаҳидаи сиёсии давлатии назди Шӯрои комиссарони халқии ИҶШС – мақомоти махсуси амнияти давлатии  ИҶШС (ОГПУ при СНК СССР), дар ш. Тошканд нигоҳ дошта шуд. Бегуноҳиаш исбот гардид ва  аз маҳбас озод шуда, ба сафи ҳизби коммунист барқарор гардид.

      Ӯ солҳои 1934-1937 колхозчии колхози «Коммуна»-и ноҳияи Мастчоҳ ва раиси ҷамъияти матлуботи ин ноҳия, муовини сардори Раёсати хоҷагии коммуналӣ ва заминсозии Тоҷикистон буд. Солҳои таъқибот (репрессияи солҳои сиюм) дубора бо туҳмат, ки гӯё узви созмони зиддишӯравии буржуазии миллатгароӣ бошад,  аз июли с. 1937 то майи с. 1939 дар маҳбаси тафтишотии Комиссариати халқии умури дохилаи (Народный комиссариат внутренних дел) ш. Сталинобод нигоҳ дошта шуд. Ҳол он ки ин гуна созмон дар Тоҷикистон аслан вуҷуд надошт. Баъди исботи бегуноҳӣ ва озодшавӣ аз ҳабсхона, моҳи январи с. 1940 ба сафи ҳизби коммунист барқарор гардид. Б. Ҳамдам солҳои 1940-1954 муовини раиси ҷамъияти хӯроквории ш. Ӯротеппа, раиси ҷамъияти матлубот, намояндаи Вазорати маҳсулоттайёркунии ҷумҳурӣ, сардори Раёсати кишоварзӣ, раиси колхози «Коммуна» ва  раиси колхози ба номи Андреев дар ноҳияи Мастчоҳ буд.

Солҳои 1954-1955 ба ҳайси намояндаи ваколатдори Вазорати маҳсулоттаёркунии Иттифоқи Шӯравӣ дар ноҳияҳои Мастчоҳ ва Пролетар адои хизмат намудааст.

Соли 1954 баъди қабули қарори Шӯрои Вазирони РСС Тоҷикистон дар бораи аз ноҳияҳои кӯҳӣ ба водӣ кӯчонидани аҳолӣ бо супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ Б. Ҳамдамов роҳбарии кӯчонидани аҳолии якчанд деҳаи Мастчоҳи кӯҳнаро ба уҳда гирифт ва аввалин шуда бо ҳамдеҳагони худ ва мардуми деҳоти дигари ин ноҳияи кӯҳистон ба ноҳияи пахтакори Пролетар (ҳоло ҷаббор Расулов) кӯчид. 

Солҳои 1955-1962 дар колхози ба номи Молотови ин ноҳия  сардори бригадаи сохтмончиён, дар колхози «Ленинград» муовини раис, дар колхози навбунёди «Ҳаёти нав» дар вазифаи раиси аввалини ин хоҷагӣ ва ҷонишини раис кор кардааст. Дар ин давра бо кумаки Кумитаи иҷроияи ноҳияи Пролетар бо роҳбарӣ ва машварати Бобо Ҳамдамов дашти Толчаи ноҳияро барои қабули муҳоҷирони навбатӣ аз деҳаҳои Мастчоҳи кӯҳӣ бо сохтани манзилу дигар инфрасохтори зиндагӣ омода карданд.

Дар радифи фаъолияти бунъёдкориву барқарорсозӣ Бобо Ҳамдамов инчунин нисбат ба рушди илму маориф мароқи зиёд зоҳир намуда ба ин мақсад пайваста ба олимони шинохта ҳамкорӣ менамуд. Аз кумакҳои мустақими Бобо Ҳамдамов дар раванди омӯзиши таърихи мардуми тоҷик мардумшиноси маъруфи рус, профессор М.М. Андреев, шарқшиноси маъруфи рус А. А. Семёнов, доктори илмҳои таърих, профессор Мулло Эркаев, доктори илмҳои таърих, профессор, академик Аҳрор Мухторов ва доктори илми таърих, профессор Рақиб Абулҳаев баҳраманд гардидаанд. Узви вобастаи Академияи илмҳои Чумҳурии Тоҷикистон И.С. Брагинский нақл кардааст, ки ӯ ҳамроҳи Бобо Ҳамдамов дар ташкил намудани совхозҳои ноҳияи Данғара бевосита ширкат варзидааст. Саҳми Бобо Ҳамдамов махсусан дар дастрас гардонидани катибаҳои рӯи санг  ва дигар бозёфтҳои нодири бостоншиносии водии Зарафшон ба доираҳои илмӣ, таъкиду даъватҳои пайвастаи номбурда нисбати таҳқиқу омӯзиши таърихи барпо ва мустаҳкам намудани Хокимияти Советӣ дар Тоҷикистон бузург аст.

Бобо Ҳамдамов барои хидматҳояш дар назди халқу ватан бо мукофотҳои давлатӣ – ордену медалҳо ва ифтихорномаҳо мукофотонида шудааст. ӯ узви сексияи тоҷикистонии собиқадорони инқилоб ва ҷанг дар назди  Хонаи афсарони ш. Душанбе буд. ӯ соли 1963 ба нафақа баромадааст. Нафақагир барои хидматҳои махсус дар назди Ҳукумати Тоҷикистон буд. Бобо Ҳамдам соли 1972 дар синни 70 вафот кардааст. Дар қабристони деҳаи Зарафшони ноҳияи Пролетар (ҳоло ҷаббор Расулов) ба хок супурда шудааст.

Ҷоиза ва мукофот[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Ордени Байрақи Сурхи Меҳнати РСС Тоҷикистон (Қарори Президиуми КИМ РСС  Тоҷикистон аз 3.12.1932, протоколи №31);
  • Ордени Байрақи Сурхи Меҳнати РСС Тоҷикистон (қарори Президиуми Шӯрои Олии ИҷШС аз 6 июни с.1945);
  • Медали «Барои меҳнати шуҷоатнок» ба муносибати ҷашни 100-солагии В.И. Ленин (Аз номи Президиуми Шӯрои Олии ИҷШС мукофотонида шудааст. 28.3.1970);
  • Ифтихорномаи КМ ҲК Тоҷикистон, Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон ва Шӯрои Вазирони Тоҷикистон (№ 310, ш. Душанбе, с. 1967);
  • Сипосномаи Кумитаи Осиёи Миёна оид ба умури осорхонаҳо ва ҳифзи ёдгориҳои қадима, санъат ва табиат (№ 2114, 30.10.1927. ш. Тошканд. Бо имзои и.в. раиси Кумитаи Осиёи Миёна оид ба умури осорхонаҳо ва ҳифзи ёдгориҳои қадима, санъат ва табиат Янковский, инспектор Умняков, котиби масъул Студенецкий);
  • Сипосномаи Президиуми Кумитаи Иҷроияи Марказии Шӯрои Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (Аз 7 июли 1927, ш. Дюшамбе);
  • Ба муносибати 13-солагии Инқилоби Октябр бо соати кисагӣ мукофотонида шудааст (Карори Президиуми Кумитаи Иҷроияи Марказии Шӯрои Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 7 декабри соли 1930).

Некдошт[вироиш | вироиши манбаъ]

1.       Дар асоси қарори Кумитаи иҷроияи вакилони ноҳияи Пролетар (ҳоло Ҷаббор Расулов) аз 20.02.1991, №64, колхози «Съезди 22 партия» ва кӯчаи марказии деҳаи Зарафшони ин ноҳия ба номи Бобо ҳамдамов гузошта шудааст;

2.     Мувофиқи қарори ҳукумати шаҳри Душанбе аз 1.02.1995, №72 ва қарори Раиси ноҳияи Фрунзеи (ҳоло Сино) ш. Душанбе, №479, аз 5. 11. 2002, маҳаллаи Зарафшон-2 -и пойтахт ба номи Бобо ҳамдамов номгузорӣ гардида, лавҳаи хотираи абадии ин арбоби давлатию ҷамъиятӣ дар девори шимолии бинои 2 М -1-и ин маҳалла  насб карда шуд. Маросими насби лавҳаи хотираи абадӣ 13 апрели соли 2014  сурат гирифт;

3.       Мувофиқи қарори ҳукумати ноҳияи ҷаббор Расулов аз 3.09.1995 дар маркази деҳаи Зарафшони ноҳияи ҷаббор Расулов нимпайкараи биринҷии Бобо ҳамдамов  гузошта шудааст;

4.       Мувофиқи қарори раиси ноҳияи ҷаббор Расулов аз 29. 7. с. 2002, тахти № 122 ва қарори раиси вилояти Суғд аз 19.08. 2002 таҳти № 192  ҷашни 100-солагии Бобо ҳамдамов дар ноҳияҳои ҷаббор Расулов, Мастчоҳ ва Кӯҳистони Мастчоҳ таҷлил гардид. Ба ин муносибат яке аз кӯчаҳои марказии шаҳраки Бӯстони ноҳияи Мастчоҳ ба номи Бобо ҳамдамов гузошта шуд;

5.       Мувофиқи қарори раиси ноҳияи ҷаббор Расулов аз 12.11.2012, таҳти № 603 дар ноҳия 110-солагии Бобо ҳамдамов ҷашн гирифта шуд. Ба ин муносибат бо ташаббуси домоди хонавода – Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, доктори илми тиб, профессор, асабпизишк, зиндаёд Рачабалиев Шералӣ ва бо дастгирии  ҳукумати ноҳияи ҷаббор Расулов осорхонаи шахсии Бобо ҳамдамов таъсис ва ифтитоҳ гардид;

6.    Дар асоси қарори раиси ноҳияи ҷаббор Расулов аз 26.11. 2015, №596, номи осорхонаи шахсӣ ба номи Хона – осорхонаи Бобохон ҳамдамов иваз карда шудааст. Соли 2019 Хона – осорхонаи ба номи Бобо ҳамдамов дар ноҳияи ҷаббор Расулов барои иштироки фаъолона дар Озмуни ҷумҳуриявии осорхонаҳо таҳти унвони «Оинаи таърих»  бо Дипломи Вазорати фарҳанги ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст;

7.        Бо қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати чорум аз 25.12.2014, №529, мактаби таҳсилоти асосии №30-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба номи Бобохон ҳамдамов гузошта шудааст;

Расм ва маълумоти мухтасар оид ба ҳаёт ва фаъолияти Бобо ҳамдамов дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва осорхонаҳои таърихӣ - кишваршиносии шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан, Кӯлоб, Панҷакент, ноҳияҳои Данғара, Абдураҳмони ҷомӣ, Темурмалик, ҷаббор Расулов (ҷамоати ғӯлакандоз) ва Осорхонаи ба номи Саидалӣ Вализода (дар зерсохтори Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб) маҳфузанд.

Филмҳои ҳуҷҷатӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

  • «Ҳақиқати таърих – ҳақиқати ҳаёт». Муаллиф ва коргардон Шавкат Муҳаммадиев. Шабакаи телевизиони «Тоҷикистон». 17 июни с. 2013;
  • Навори ҳуҷчатии иттилоотӣ дар бораи номгузории маҳалла дар шаҳри Душанбе. 13 апрели с. 2014. (Дар барномаҳои «Ахбор»-и шабакаҳои телевизионии «Тоҷикистон», «Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Пойтахт» пахш шудааст);
  • Навори ҳуҷҷатии иттилоотӣ дар бораи Хона – осорхонаи Бобо ҳамдамов. Барномаи «Ахбор»-и телевизиони «Сафина». Дар вилояти Суғд намоиш дода шудааст. С. 2018;
  • Навори ҳуҷҷатии иттилоотӣ дар бораи номгузории мактаби №30, ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ.  Аз тарафи  телевизиони Суғд пахш шудааст.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Ҳамдамов Бобо // Донишномаи Душанбе. — Д.: СИЭМТ, 2016. — С. 660—661. — 732 с. — ISBN 978-99947-33-89-7.
  2.  «Родмарди ҷонфидо», Душанбе, нашриёти «Ирфон», 2001. (Маҷмӯаи мақолаҳо, хотираҳо, шеърҳо дар бораи Б. ҳамдам. Ёддоштҳои Б. ҳамдам (саҳ.72-118).
  3.  «Бо номи халқ. Хотираҳои Б. ҳамдам. Ба чоп тайёркунанда Дилафрӯз Икромӣ. Нашриёти «Ирфон», Душанбе, с. 1976.
  4. «Душанбе. Донишнома», Душанбе, «Ганҷ  нашриёт», 2016, саҳ. 189-190, 405, 585 – 586, 662-663.
  5. «Солдат революции». Статья. Автор И. Каландаров. Журнал «Социализм: теория и практика», №1- 2, (13-14), 2002.
  6. «Бобо ҳамдам – председатель  Сталинабада». Статья. Автор И. Каландаров. Газета «Паёми Душанбе», 19.11. 2004 г.
  7.  «Ҳалолат бод, Бобохони ҳамдам!». Шеър. Муаллиф Равшани ҳамроҳ. Ба ифтихори 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани ш. Душанбе. Рӯзномаи «Паёми Душанбе», №21, (1876), 14.3.2014.
  8. «Таърихро корнамоиҳои арзандаи фарзандони бонангу номус ба вуҷуд овардаанд». Мақола. Муаллиф Барнои Валӣ.  Рӯзномаи «Инсон ва қонун». №3 (184). Марти с. 2017.
  9. «Ҳақбин. Мақола. Муаллиф Умари Шерхон. Рӯзномаи «Минбари халқ», №45 (1181), 31.10. 2018.
  10. «Бобохон ҳамдамов кӣ буд?». Мақола. Муаллиф  ҳусейни Нарзулло. Рӯзномаи «Садои мардум», №11(3961), 26.1.2019.
  11.  «Мубориз». Мақола. Муаллифон Шералӣ Раҷабалиев, Сайфуллоҳи Муллоҷон.  «ҷавонони Тоҷикистон», №44 (9626), 31.10.2019.
  12. «ҳаёти пурталотуми як муборизи воқеӣ». Мақола. Муаллифон Шералӣ Раҷабалиев, Сайфуллоҳи Муллоҷон. Рӯзномаи «Машъал», №12 (8025), 25.4.2020.
  13. «ҳақшинос». Мақола. Муаллиф Умари Шерхон. Рӯзномаи «ҷумҳурият», №212 (24067) 28.10.2020.
  14. Ёде аз корнома». Мақола. Муаллифон Шарифҷон Шарифов, Фаридун Миракзода. Рӯзномаи «Минбари халқ», №50 (1396), 21.12. 2022.
  15. «Улица в Душанбе названа именем Бобо Хамдамова». Статья. Автор Талъат Нигорова. Газета «Вечерний Душанбе», 15 апреля 2014 г.
  16. «Хӯшаҳо аз гӯшаи хотироти падар».  Пора аз достони мустанад. Муаллиф Мирзо Шукурзода. «Адабиёт ва санъат», №3(2233), 18.1.2024.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Махалля Зарафшон-2 переименована в честь Б.Хамдамова | Новости Таджикистана ASIA-Plus. www.asiaplustj.info. 31 Январ 2024 санҷида шуд.
  2. ХАМДАМОВ Бобо | ЦентрАзия. centrasia.org. 31 Январ 2024 санҷида шуд.