Ваҳдат (деҳа, н. Абдураҳмони Ҷомӣ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ваҳдат (собиқ Коммунист))
Деҳа
Ваҳдат
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Абдураҳмони Ҷомӣ
Ҷамоат Деҳоти 50-солагии Тоҷикистон
Таърих ва ҷуғрофиё
Номҳои пешина Коммунист
Аҳолӣ
Аҳолӣ 2647 тан (2017)
Миллият тоҷикон, ӯзбакҳо
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3243

Ваҳдат (то 15 июни 2012 Коммунист) — деҳа дар ҷамоати деҳоти 50-солагии Тоҷикистони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ.

Ҷуғрофиё[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз Ваҳдат то маркази ҷамоат 6 км, то маркази ноҳия 7 км ва то маркази вилоят 40 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 2647 нафар (2017), тоҷикон. Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, пахтакорӣ, чорводорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз дарёи Хоҷақалъа обёрӣ мешаванд[1].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. ЭМТ, Ҷ. 3. БОЗ-ВИЧКУТ – Душанбе: СИЭМТ, 2014, — с.556

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]