Гулафшон (деҳа, н. Ёвон)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Гулафшон
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Ёвон
Ҷамоат Деҳоти Чоргул
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 4145 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3141
Нишонаи почта 735310

Гулафшон — деҳа дар ҷамоати деҳоти Чоргули ноҳияи Ёвон. Аз Гулафшон то маркази ҷамоат 6 км, то маркази ноҳия 20 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 4145 нафар (2017), тоҷикон.

Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]

Гулафшон мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, маркази саломатӣ, дорухона, 2 чойхона, 10 нуқтаи савдои хусусӣ, корхонаи кимиё, масҷиди ҷомеъ, 4 масҷиди панҷвақта ва 3 осиёби хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, сабзавоткорӣ, чорводорӣ. Заминҳо аз наҳри Р-2 обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулафшон 67 хоҷагии хурди деҳқонӣ мавҷуд аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]