Гулистон (деҳа, н. Данғара)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Гулистон
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Данғара
Ҷамоат Деҳоти Сангтӯда
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 3415 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3312
Нишонаи почта 735140

Гулистондеҳа дар ҷамоати деҳоти Сангтӯдаи ноҳияи Данғара. Аз Гулистон то маркази ноҳия 40 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 3415 нафар (2017), тоҷикон.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1961 бунёд шудааст. Аҳолиаш аз деҳаҳои Баҳорак, Шабафрӯз (собиқ Хамиқара) ва Шибонсойи ҷамоати деҳоти Лоҳур кӯчидаанд.

Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]

Деҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, дорухона, маркази саломатӣ, беморхонаи минтақавӣ, шуъбаҳои милиса, алоқа, «Амонатбонк», маҷмаи маданӣ-варзишӣ, нуқтаҳои хидмати маишӣ, савдои хусусӣ ва фурӯши сӯзишворӣ, хонаи фарҳанг, заводи коркарди сангу шағал, истгоҳи р. о. дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, чорводорӣ ва сабзавоткорӣ. Дар ҳудуди Гулистон 10 хоҷагии хурди деҳқонӣ мавҷуданд. Заминҳо аз дарёи Вахш тавассути насосҳои обкаш обёрӣ мешаванд.

Шахсиятҳои маъруф[вироиш | вироиши манбаъ]

Шоир Борон Бадалов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Миралӣ Шодиев дар ҳамин деҳа таваллуд шудаанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]