Гулистон (деҳа, н. Фархор)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Гулистон
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Фархор
Ҷамоат Деҳоти Деҳқонариқ
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 2301 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3316
Нишонаи почта 735140
Нишон додан/Пинҳон кардани харита

Гулистон (собиқ Победа) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Деҳқонариқи ноҳияи Фархор. Аз Гулистон то маркази ҷамоат 1 км, то маркази ноҳия 17 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 2301 нафар (2017), тоҷикон.

Мардум[вироиш | вироиши манбаъ]

Қисми зиёди аҳолиаш солҳои 1938—1940 бо мақсади обод кардани заминҳои бекорхобида ва рушди пахтакорӣ аз ноҳияи Балҷувон кӯчонда шудаанд.

Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]

Деҳа маркази саломатӣ, дорухона, масҷиди панҷвақта, нуқтаҳои савдои хусусӣ ва осиёби барқӣ дорад. Гулистон мактаб надорад. Талабагон дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Арча таҳсил мекунанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, ғаллакорӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз дарёи Панҷ тавассути наҳр обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулистон 38 хоҷагии хурди деҳқонӣ ва кооперативи истеҳсолӣ (хоҷагии деҳқонӣ)-и ба номи Ҷӯрахон Қаюмов мавҷуд аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]