Гулистон (деҳа, н. Ҳисор)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Гулистон
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят НТҶ
Ноҳия Ҳисор
Ҷамоат Деҳоти Ориён
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 722 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3139
Нишонаи почта 735020

Гулистон (собиқ Чӯҷалӣ, то 29.03.2012) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи Ҳисор. Аз Гулистон то маркази ҷамоат 15 км, то маркази ноҳия 45 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 722 нафар (2017), тоҷикон.

Соли 1950 таъсис ёфтааст.

Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]

Мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, маркази саломатӣ, бозори ҳафтаина, масҷиди панҷвақта, осиёби хусусӣ ва 3 нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, чорводорӣ, сабзавоткорӣ ва ғаллакорӣ. Заминҳо тариқи лӯлаҳои обкаш аз дарёи Кофарниҳон обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулистон ҶММ «Файзу баракати Ҳисор» фаъолият дорад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]