Дарвешалии Чангӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Дарвешалии Чангӣ
Таърихи таваллуд асри XVI
Таърихи даргузашт асри XVII
Пеша(ҳо) мусиқидон
Соз Арфа

Дарвешалии Чангӣ (форсӣ: درویش علی چنگی‎), Қонунӣ ибни Мирзоалӣ (1542/43, Миёнколот, Бухоро — 1649, ҳамон ҷо) — мусиқидон, навозанда, оҳангсоз ва шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар хонаводаи навозанда, сароянда ва шоир Мирзоалии Чангӣ ба дунё омадааст. Дар мадрасаҳои Бухоро ва Самарқанд таҳсил кардааст. Аз хурдӣ ба мусиқӣ шавқ пайдо карда, навохтани қонун, най, ғижак, рӯҳафзо ва чангро дар назди Алидӯсти Нойӣ, Хоҷа Ҷаъфари Қонунӣ, Мирмастӣ, Мавлоно Ҳасани Кавкабӣ, Ҳусайни Удӣ, Амир Фатҳии Тошкандӣ омӯхта, махсусан дар чангнавозӣ шуҳрат ёфт. Дар ашъораш «Чангӣ» тахаллус мекард. Пас аз маъруф гаштан ба дарбори Имомқулихони Аштархонӣ (ҳукмронӣ 1611—1642) роҳ ёфт. Дарвешалии Чангӣ на танҳо дар ҳифз кардану навохтани мусиқӣ моҳир буд, балки дар ҳавои оҳангҳои замони худ чанд «пешрав», «нақш», «амал», «қавл», «саҷъ», «кор», «савт» эҷод кардааст. Дар асоси зарбҳои «Мухаммас», «Миатайн», «Сунбулӣ» оҳанги бисёре офарида, барои онҳо шеър интихоб карда ё навиштааст. Дарвешалии Чангӣ ғазалу қасидаро низ неку мегуфтааст ва тахаллусаш «Ибни Чангӣ» будааст. Дар сарроҷӣ (зингарӣ) ва тарроҳӣ низ устод будааст. Оид ба назарияи мусиқӣ чандин китобу рисола навиштааст, ки машҳуртаринаш «Туҳфату-с-сурур» («Армуғони шодӣ») мебошад. Мувофиқи хоҳиши устодаш Амир Фатҳии Тошкандӣ онро дар 12 мақом (фасл) таълиф кардааст. Дар асарҳояш дар бораи пайдоиши мусиқӣ, таҳаввулу такомули он ибрози андеша намуда, ба хулосаи дурусти илмӣ омадааст, ки мусиқиро эҳтиёҷи маънавии инсон ба вуҷуд овардааст. Дарвешалии Чангӣ дар рисолаҳояш асосан назарияи Абдулмуъмини Сафиуддин, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Шарафуддин Алии Яздӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ, Абдуллоҳи Марворид, Камолуддини Биноӣ ва Кавкабии Бухороиро инкишоф додааст. Дарвешалии Чангӣ таърихи мусиқиро хуб медонистааст. Дар бобҳои 8-12-и «Туҳфату-с-сурур» аз Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Котибӣ, Ҳилолӣ, Навоӣ, Мушфиқӣ ва амсоли инҳо, чун аз арбобони санъати мусиқӣ маълумот медиҳад. Ӯ хусусан вазъи мусиқии асрҳои 15 ва 16-ро муфассал ба қалам дода, робитаи мусиқии тоҷикро бо мусиқии Эрон, Ҳиндустон ва Араб эътироф менамояд. Дарвешалии Чангӣ қайд менамояд, ки дар замони ӯ мақомҳо 12-то бошанд ҳам, аввал танҳо истифодаи 7 мақом («Рост», «Ушшоқ», «Наво», «Ҳиҷоз», «Ироқ», «Ҳусайнӣ» ва «Бусалик») роиҷ будааст. Баъд ба он мақоми «Раҳовӣ» илова шуда, дар замони Султон Увайси Ҷалоирӣ (ҳукмронӣ 1356-74) тавассути Абдулмуъмини Сафиуддин аз пардаҳои баланди мақоми «Рост» ва пасти мақоми «Ушшоқ» мақоми «Исфаҳон», аз пардаҳои баланди «Наво» ва пасти мақоми «Ҳиҷоз» мақоми «Бузург» («Бузрук»), аз пардаҳои баланди «Ҳусайнӣ» мақоми «Кӯчак», аз пардаҳои баланди «Раҳовӣ» ва пасти «Ироқ» мақоми «Зангӯла»-ро ба вуҷуд оварданд. Такмили «Дувоздаҳмақом» хидмати Абдулқодири Нойӣ ва Кавкабии Бухороӣ буда, онҳо на танҳо куллиёти мақомҳоро фароҳам оварданд, балки барои ҳар мақому оҳанг ашъори аз ҷиҳати мазмуну вазн мувофиқ ёфта, гузоштанд.

Дарвешалии Чангӣ ақидаеро пайравӣ кардааст, ки «Дувоздаҳмақом» аз дувоздаҳ бурҷи фалак гирифта шуда, таносуби онҳо дар шеъри зер баён ёфтааст:

Рост дар бурҷи Ҳамал карда мақом,
Ҳамчу Исфоҳон ба Саври некном.
Бо Ироқ омад ба Ҷавзо не нифоқ,
Кӯчаку Харчанг карда иттифоқ.
Гар Бузург андар Асад гашта ниҳон,
Аз Ҳиҷозу Сунбула боре бихон.
Бусалик омад ба Мизон бо навон,
Сохт бо Ушшоқу бо Ақраб ниҳон.
Чун Ҳусайнӣ Қавсро дамсоз шуд,
Зангула бо Ҷадй ҳамовоз шуд.
Шуд Навову Далв бо ҳам созгор,
То Раҳовиро ба ҳуш афтод Кор.

Инҳо номҳои маъруф ва маълуми оҳангҳоянд. Дарвешалии Чангӣ дар бораи номҳои маъруфи мақомҳо низ маълумот додааст. Мувофиқи иттилои ӯ «Ҳусайнӣ»-ро «Зеркаш», «Кӯчак»-ро «Зерафканд», «Ҳуро», «Зангӯла»-ро «Наҳованд», «Рост»-ро «Уммуладвор», «Ҳиҷоз»-ро «Нигорӣ», «Бусалик»-ро «Чаковӣ», «Ушшоқ»-ро «Тарона», «Бузург»-ро «Авҷ» мегуфтаанду фақат «Исфаҳон» ва «Раҳовӣ» номи дигар надоштаанд.

Дарвешалии Чангӣ ваҷҳи тасмияи мақомҳоро ба ин тартиб меорад: «Муҳайяр», «Ҳисор», «Мураққаъ», «Найрез», «Нишопурак», «Рӯи Ироқ», «Мағлуб», «Ракаб», «Баётӣ», «Зобул», «Авҷ», «Наврӯзи Хоро», «Ашир», «Наврӯзи Сабо», «Ҳумоюн», «Наҳзат», «Уззол», «Арабон», «Аҷам». Дарвешалии Чангӣ иқоъ, сохт ва таркиби мақомҳо, савтҳо, пешравҳо ва оҳангҳоро муайян намуда, мавриди истифодаи онҳоро нишон медиҳад. Ҳамчунин оҳангҳои тозаэҷоди муосиронашро таҳлил намуда, ба «Дувоздаҳмақом» чӣ гуна иртибот доштани онҳоро зикр кардааст. Дарвешалии Чангӣ аз бузургтарин муҳаққиқони созҳои мусиқии халқи тоҷик ва мардумони дигари Осиёи Миёна, Афғонистон ва Эрон буд. Вай дар бораи танбӯр, рубоб, чанг, най, барбат, қонун, уд, қобуз, руд, сетор, сантур, мусиқор, найанбон, ғижак, шамома, чағона, рӯҳафзо, кунгура, арғунун, ишратангез ва дигар созҳои мусиқӣ, инчунин пардаҳои онҳо, адади торҳои абрешимӣ ва симини созҳои торӣ, сохти ин созҳо, хосси кадом халқ будани онҳо, ихтироъкорону такмилдиҳандагонашон маълумоти пурбаҳо медиҳад, ки барои омӯхтани таъриху хусусияти ин созҳо, бахусус эҳёву барқарор карданашон арзиши бузург доранд. Дарвешалии Чангӣ иттилоъ медиҳад, ки аксари созҳоро аз чӯби тут ва торҳои онҳоро аз абрешим месозанд. Дар ҳолати набудани чӯби тут онро бо чӯби дарахти дигар ва абрешимро бо сим иваз кардан мумкин аст. Дарвешалии Чангӣ аз танзимкунандагон ва такмилдиҳандагони луғат ва истилоҳоти мусиқии тоҷикӣ буд. Махсусан дар муайян кардани мақому саҳми мутрибон, сарояндагон ва олимони соҳаи мусиқии асрҳои 15-17 хидмати арзанда кардааст. Маҳз тавассути осори ӯ ҳақиқати ҳол, дараҷаи ҳунар, тарзу усули эҷодии мутрибону оҳангсозон, санъати созандагону навозандагон, иртиботи мусиқӣ бо шеър, суннатҳои роиҷ, устодони шогирдпарвар, шогирдони ба дараҷаи устодӣ расида, косибону ҳунармандони мусиқидону мусиқишинос, маҳфилҳои онҳо, хулоса вазъи санъати мусиқӣ, сатҳи инкишофи он, нуқтаи назари донишмандонро доир ба ин санъат фаҳмидан мумкин аст. Ҳамчунин осори Дарвешалии Чангӣ барои омӯхтани «Дувоздаҳмақом» аҳаммияти бузург дорад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]