Касирӣ (шоир)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Касирӣ (шоир)

Касирӣ (форсӣ: کثیری‎; 1476, Бухоро — 1566, қарияи Даймун, Бухоро) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Касирӣ шоири ҳунарманд буда, аз пешаи наҷҷорӣ таъмини маишат кардааст. Дар аксар шеърҳояш аз зиндагиву омоли аҳли ҳунар сухан меравад. Ӯ шахси ҳақпараст буд. Мероси адабии Касирӣ аз ғазал, рубоӣ, мухаммас, таркиббанд, қитъа, фард ва ғайра иборат буда, беш аз 5 ҳазор байт аст. Тасвири табиат, шикоят аз замона, тараннуми ишқ, тарғиби ахлоқи ҳамида ва ғайра мавзӯъҳои ашъори Касирӣ мебошанд. Аз таъбироти халқӣ, истилоҳоти касбу ҳунар, санъатҳои бадеии гуногун истифода кардааст. Рубоиҳояш бо сурудаҳои халқӣ ҳамоҳанганд.

Намунае аз ашъори ӯ:

Чанд дарди сар зи дасти ҳаҷру танҳой
кашам, Пои дил дар домани сабру шикебоӣ кашам?
Эй сабо, аз хоки пои ў ба ман гарде биёр,
То ба чашми худ ба ҷои кӯҳли биноӣ кашам.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]