Кеврон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Кеврон
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят ВМКБ
Ноҳия Дарвоз
Ҷамоат Деҳоти Вишхарв
Таърих ва ҷуғрофиё
Минтақаи замонӣ UTC+05:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 1375 тан (2022)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992 3552
Нишон додан/Пинҳон кардани харита

Кеврон — деҳа дар ҷамоати деҳоти Вишхарви ноҳияи Дарвоз. Аз Кеврон то маркази ҷамоат 18 км, то маркази ноҳия 12 км; роҳ қисман асфалтпӯш. Аҳолиаш 1375 нафар (2022), тоҷикон.

Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]

Деҳа муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, маркази саломатӣ, китобхона, нуқтаҳои савдои хусусӣ ва осиёби обии хусусӣ дорад. Аҳолии деҳа ба ғаллакорӣ, картошкапарварӣ, саб­завоткорӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ машғуланд. Заминҳо аз чашмаҳои кӯҳӣ ва чашмаи Девдара обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди де­ҳа 15 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият дорад.

Шахсиятҳои шинохта[вироиш | вироиши манбаъ]

Ходими давлатӣ Акбаршо Искандаров, доктори илмҳои таърих Қосимшо Искандаров, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аҳмадшо Улфатшоев дар ҳамин деҳа таваллуд шудаанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]