Jump to content

Масрур Абдуллозода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдуллозода Масрур Аҳмад
Абдуллоев Масрур Аҳмадович
Таърихи таваллуд 7 июн 1966(1966-06-07) (58 сол)
Зодгоҳ Душанбе, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ журналистика, филология
Ҷойҳои кор Академияи илмҳои Тоҷикистон
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин
Ҷоизаҳо Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2009)
Аълочии маорифи Тоҷикистон (2014)
Ҷоизаи Абулқосим Лоҳутӣ дар самти пажӯҳиши илмӣ (2015)
Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2016)
Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон (2019)
медали «100-солагии матбуоти тоҷик» (2019).

Абдуллозода Масрур Аҳмад (Абдуллоев Масрур Аҳмадович; зод. 7 июн 1966, Душанбе) — омӯзгор, рӯзноманигор ва донишманди тоҷик, доктори илмҳои филология[1], профессор. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1991).[2]

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Масрур Абдуллоев 7 июни 1966 дар шаҳри Душанбе дар хонадони адабиётшиноси тоҷик Аҳмад Абдуллоев ба дунё омадааст. Соли 1983 мактаби миёнаи № 66 шаҳри Душанберо хатм намуда, худи ҳамон сол ба факултети «Забонҳои Шарқ»-и Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин дохил шуда, онро соли 1990 ба итмом расонидааст.

Солҳои 1984—1986 дар сафи артиши шӯравӣ, дар вилояти Архангелски Федератсияи Русия адои хидмат намудааст.

Корнома[вироиш | вироиши манбаъ]

Оғоз аз соли 1990 дар муассисаҳои гуногун ба ҳайси лаборанти калони шуъбаи фалсафаи Академияи илмҳои Тоҷикистон, омӯзгори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аспирант ва ходими илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон, саромӯзгор, мудири кафедраи таърих ва назарияи рӯзноманигорӣ ва ВАО-и электронӣ, ноиби ректор оид ба корҳои илмии Донишгоҳи славянии Тоҷикистон ва Русия ифои вазифа намудааст.

Феълан профессори кафедраи рӯзноманигории ватанӣ ва байналмилалии Донишгоҳи славянии Тоҷикистон ва Русия мебошад.

Фаъолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1996 дар мавзӯи «Масъалаҳои худшиносии миллӣ дар осори адабиётшиносии Садриддин Айнӣ» рисолаи номзадӣ, ва соли 2011 дар мавзӯи «Масъалаҳои таҳаввули ҳувияти миллӣ дар публитсистикаи тоҷикии чаҳоряки охири асри XIX ва нимаи аввали асри XX» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Соли 2022 аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Русия ба ӯ унвони профессорӣ аз рӯйи ихтисоси «Медиакоммуникатсия ва журналистика» дода шудааст.

То ҳол таҳти роҳбарии илмии ӯ панҷ нафар унвонҷӯ рисолаҳои номзадӣ ва таҳти мушовараи илмияш чаҳор нафар унвонҷӯ рисолаҳои доктории худро бомуваффақият дифоъ намудаанд.

Таълифот[вироиш | вироиши манбаъ]

Муаллифи беш аз чаҳорсад асарҳои илмӣ, илмӣ публитсистӣ ва дарсӣ мебошад.

Монографияҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Идеи национального самосознания в таджикской публицистике эпохи просветительства. — Душанбе: РТСУ, 2010—112 с.
  • Таджикская публицистика и национальная идентичность (посл. четверть XIX -первая половина ХХ веков). — Душанбе: РТСУ, 2010—309 с.
  • Адабиёти тоҷик дар замони истиқлолият. — Душанбе: ДМТ, 2020. — 346 с. (бо ҳамқаламӣ)

Мақолаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Илмӣ:[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Адабиёти ҷадидия ва худшиносии миллӣ // маҷаллаи «Гули мурод» — 1997, № 1-3. — С. 59-62.
  • Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров // Академик Бобоҷон Ғафуров муҳаққиқи таърих ва тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ. — Душанбе: Ирфон, 1999. — С. 483 −492.
  • Баъзе масъалаҳои умдаи айнишиносии муосир // Паёми ДМТ. — Душанбе: Сино, 2008. — № 1(43). — С. 212—222.
  • Мақом ва нақши «Намунаҳои адабиёти тоҷик» чун асари илмии публитсистӣ / Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. — Душанбе: Дониш, 2009. — С. 32-36. (бо ҳамқаламӣ)
  • Эволюция освещения национального самосознания в таджикской прессе 60-80-х годов ХХ века (статья) Вестник Таджикского национального университета. Серия филология. — Душанбе: Сино, 2013. — № 4/3(113) — С. 270—277.
  • «Бухорои Шариф» («Священная Бухара»): трудный путь таджикской журналистики Актуальные проблемы журналистики. Сборник научных статей. Выпуск 6. — Душанбе: РТСУ, 2013 — С. 98-104.
  • Освещение темы национальной идентичности в таджикской публицистике перестроечной эпохи (1986—1990 гг.) Актуальные проблемы журналистики. Сборник научных статей. Выпуск № 7 — Душанбе: РТСУ, 2014 — С. 13-20.
  • Мақоми шеър дар эҷодиёти Абдуррауфи Фитрат / Паёми ДМТ. Бахши филологӣ. — Душанбе: «Сино», 2015. — № 4/7 (180). — С. 140—149. (бо ҳамқаламӣ)
  • К проблеме таджикской пражурналистики // Вестник университета (Российско-Таджикский (славянский) университет). — Душанбе: РТСУ, 2015. — С. 280—288.
  • К вопросу о применении теории журналистики (публицистики) в научных исследованиях // Проблемы и перспективы развития теории и практики СМИ в Таджикистане. — Душанбе: РТСУ, 2017 — С. 16-19.
  • Системные особенности радиовещания Республики Таджикистан (на примере государственных радио) // Вестник ТНУ. Серия филологических наук — Душанбе: Издательский центр ТНУ, 2019. — № 1- С. 285—290.
  • Публицистические мотивы в романе Джалола Икроми «Цветок миндаля» // Вестник ТГПУ, 2020, № 1 (84). — С. 108—114.
  • Роль и место Маъруфа Расули и Али Исмоилзода в истории таджикской журналистики // Вестник ТНУ, 2021. — С. 270—280.
  • Маъруф Расули и «таджикский вопрос» в периодической печати 20-х годов ХХ века. — Вестник ТНУ, 2022, № 1. — С. 295—304.
  • Публицистическое творчество Маъруфа Расули в 30-х годах ХХ века // Вестник ТНУ, 2023, № 1. — С. 283—293.
  • Али Исмоилзода и дискуссия по «таджикскому вопросу» в периодической печати 20-х гг. ХХ века // Вестник ТНУ, 2023, № 4. — С. 267—275.

Илмӣ-оммавӣ:[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Китобхонаи Садри Зиё / Адабиёт ва санъат. — 05.07.2007. — № 27.
  • Худшиносии миллӣ ва таҳаввули тафаккури миллат / Тоҷикистон. — 2010. — № 11-12. — С. 42-43.
  • Устод Айни — великий гуманист / Народная газета. — 14.12. 2011. — № 50.
  • Мафкураи миллӣ дар маснади давлатӣ / Ҷумҳурият. — 21.09.2013. — № 123—124.
  • Посух ба мухолифони Садриддин Айнӣ / «Адаб». — 2014. — № 2. — С. 2-6.
  • Пайванди давлати миллӣ ва мафкураи миллӣ / Сабақи худшиносӣ. — Душанбе, 2015. — С. 67-73.
  • Нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун». — Душанбе, 2018. (бо ҳамқаламӣ)
  • Устод Айнӣ муҳаққиқи аҳволу осори Алишери Навоӣ // Адабиёт ва санъат. 16.08. 2018. — № 33. — С. 4.
  • Ҳама рӯзгори мо Наврӯз бод! // Ҷумҳурият — 20 марти соли 2020, № 58. — С. 1.
  • Истиқлоли давлатӣ ва эҳёи ҳувияти ориёӣ // Минбари халқ. 17 июни соли 2020, № 25. — С. 8-10.
  • Государственная независимость и возрождение арийской идентичности // Народная газета. 8.09. 2021. — № 35. — С. 5.
  • Истиқлол ва эҳёи ҷашни Сада // Ҷумҳурият — 27.01.2023, № 24. — С. 1-2.

Китобҳои дарсӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Основы теории журналистики: учебное пособие по курсу «Основы теории журналистики» для студентов 1 курса отделения журналистики РТСУ. Душанбе: Российско-Таджикский (славянский) университет, 2014—152 с.
  • Информационная безопасность и СМИ: учебное пособие по дисциплине «Информационная безопасность и СМИ», для студентов 4 курса отделения журналистики РТСУ. Душанбе: Российско-Таджикский (славянский) университет, 2016. — 165 с. (в соавторстве)
  • История таджикской публицистики (с раннего средневековья до первой половины ХХ века): учебное пособие по дисциплине «Таджикско-персидская публицистика» для студентов 3 курса отделения журналистики РТСУ. Душанбе: Российско-Таджикский (славянский) университет, 2017. — 170 с.
  • Жанровые особенности современных таджикских печатных и электронных СМИ (2000—2016 гг.): учебное пособие для студентов отделения журналистики РТСУ. — Душанбе: Российско-Таджикский (славянский) университет, 2017. — 270 с. (в соавторстве).
  • Средства массовой информации арабских стран: учебное пособие для студентов отделения журналистики РТСУ. — Душанбе: Российско-Таджикский (славянский) университет, 2019. — 156 с.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2009);
  • Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2014);
  • Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар самти пажӯҳиши илмӣ (2015);
  • Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2016);
  • Аълочии телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2019);
  • Медали «100-солагии матбуоти тоҷик» (2019).

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Редколлегия. old.rtsu.tj. 16 май 2024 санҷида шуд.
  2. Состав кафедры(пайванди дастнорас)

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Абдуллоев Масрур Аҳмадович // Донишномаи донишмандони Тоҷикистон дар ибтидои қарни XXI. Ҷилди 1 (a). — Д.: СИЭМТ, 2018. — С. 74—75. — 768 с. — ISBN 978-99947-33-70-5.
  • Российско-Таджикский (славянский) университет (в одном томе). Энциклопедия./ Главный редактор М. С. Имомов. — Душанбе, 2011
  • Российско-Таджикский (Славянский) университет: вчера, сегодня, завтра. 1996—2016. — Душанбе, 2016, — С. 44—51, 141.