Маҳмадамин Маҳмадаминов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маҳмадамин Маҳмадаминов
Маҳмадамин Бозичаевич Маҳмадаминов
вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Маҳмадамин Бозичаевич Маҳмадаминов - Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

22 апрели соли 1961 дар ноҳияи Шуғнон ба дунё омадааст. Миллат: тоҷик

Солҳои 1978-1983 Коргари совхози Шуғнони ноҳияи Шуғнон

Соли 1988 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Ихтисос: филолог, номзади илмҳои иқтисодӣ. Забонҳои хориҷӣ - англисӣ, русӣ, форсӣ, арабӣ ва олмонӣ (бо луғат) медонад

Солҳои 1988-1990 ҷонишини котиб, котиби ташкилоти комсомолии ҶДТ

Солҳои 1990-1991 Котиби КМ ЛКСМ Тоҷикистон

Солҳои 1991-1993 Котиби ҶС СМ Тоҷикистон

Солҳои 1993-2003 Менеҷери генералии Барномаи тараққиёти дастгирии аҳолии баландкуҳи Оғохон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон

Солҳои 2003-2005 Муовин, муовини аввали раиси ҶСК «Ориёнбонк»

Солҳои 2005-2010 Раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2010 Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шудааст.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]