Мирзоҳошим Боқии Самарқандӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Мирзоҳошим Боқии Самарқандӣ

Мирзоҳошим Боқии Самарқандӣ, машҳур ба Боқии Қонунӣ (?, Самарқанд — 1578, Самарқанд) — мусиқидон, навозанда, хонанда ва шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Мусиқӣ ва шеърро дар зодгоҳаш омӯхта, дере нагузашта дар сознавозӣ, овозхонӣ шӯҳрат ёфт. Аз шогирдони соҳибҳунари Хоҷа Ҷаъфари Қонунии Самарқандӣ буда, дар шаклу анвои шеърию мусиқӣ «савт», «амал», «кор», «қавл», «пешрав», «нақш» ва «савт-ул-амал» таснифоти рангине сохта, офаридаҳои ӯ «Амали чанбари Мирзоҳошим», «Савти Боқихонӣ», «Пешрави Мирзои Қонунӣ», «Пешрави Қонунӣ» дар ҳавзаҳои ҳунарии Самарқанду Бухоро, Марв ва Ҳирот шӯҳрати зиёд касб кардаанд. М. Б. табъи баланди шоирӣ ҳам дошта, бо тахалл. «Боқӣ» ғазалу маснавӣ, рубоиҳои рангин гуфтааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Донишномаи Шашмақом. / Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Д., 2009. — ISBN 978-99947-49-13-3