Муслиҳуддин Сурурӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Муслиҳуддин Сурурӣ
Таърихи таваллуд: 1492
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1562
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: фақеҳ, муфассир, қозӣ, муҳаддис
Забони осор: арабӣ, забони туркии усмонӣ ва форсӣ

Муслиҳуддин Мустафо ибни Шаъбон Сурурии Румӣ (форсӣ: مصلح‌الدين مصطفى بن شعبان سرورى رومى‎; 1492, Гелибулу, Вилояти Чанаккале1562, Истанбул) — фақеҳи ҳанафӣ, муфассир, муҳаддис, қозӣ, шоир ва донишманди форсинависи турктабор, муаллифи «Баҳру-л-маориф» ба забони форсӣ.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Пас аз хатми таҳсили расмӣ муовини қозӣ, мударрис, маъмури тарбият ваомӯзгор буд. Адабиёти форс-тоҷикро дар Туркия тарғиб мекард. Ба забони форсӣ шеър ва асарҳои тадқиқӣ менавишт. Таълифоти муҳимтарини Сурурӣ: «Баҳру-л-маориф» дар арӯз ва қофия, шарҳи «Маснавӣ»-и Ҷалолуддини Румӣ, «Бӯстон»-и Саъдӣ, «Рисолаи муаммо»-и Ҷомӣ, «Рисолаи муаммо»-и Мирҳусайни Муаммоӣ ба забони форсӣ, «Гулистон»-и Саъдӣ, «Шабистони хаёл»-и Фаттоҳии Нишопурӣ ва ғайра ба арабӣ. «Захирату-л-мулук»-и Алии Ҳамадонӣ, «Рисолаи чӯби чинӣ»-и Алоуддини Нуруллоҳ (рисолаи тиббӣ), «Аҷоибу-л-махлуқот»-и Қазвиниро мухтасаран ба забони туркӣ тарҷума кардааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]