Наталя Ҷамолова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Наталя Ҷамолова
Наталя Искандаровна Ҷамолова
Таърихи таваллуд 9 феврал 1960(1960-02-09) (64 сол)
Зодгоҳ Ноҳияи Нуробод, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ таърих
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин

Наталя Искандаровна Ҷамолова (зод. 9 феврали 1960, ноҳияи Тоҷикобод) — таърихшинос, номзади илмҳои таърих (1990), дотсент (2000).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1982 факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм намудааст. Солҳои 1983—1987 аспиранти донишгоҳи номбурда, 1988—1986 муаллим, муаллими калон, и.в. мудири кафедраи таърихи Ватан, муовини декани факултети таърихи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко оид ба корҳои илмӣ буд. Солҳои 1986—2000 ба ҳайси муовини директори Маркази тадқиқоти сиёсии назди КМ ҲКТ кор кардааст. Аз соли 2000 то 2014 ҳамчун дотсенти кафедраи таърихи умумӣ ва декани факултети таърих ва муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 2014 ҳамчун аввал ба ҳайси дотсент сипас декани Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав дар Душанбе фаъолият мебарад. Муаллифи зиёда аз 30 мақолаҳои илмӣ, илмию методӣ аст, ки дар онҳо масъалаҳои таърихи халқи тоҷик ва ташаккулёбии давлатдории халқҳои Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Образование Таджикской ССР, Д., 2004;
  • Они были первыми (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2003;
  • Книга памяти (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2005.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]