Раиси Маҷлиси миллӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Раиси Маҷлиси миллӣ — сарвари палатаи болоии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахси мансабдори олии ҳокимияти давлатӣ мебошад, ки ӯро аз ҷумлаи аъзои Маҷлиси Олӣ интихоб мекунанд. Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба синни 35 солагӣ расида ва дорои маълумоти олӣ мебошад, ба тариқи овоздиҳии пинҳонӣ бо тарафдории аксарияти шумораи аъзои Маҷлиси миллӣ ба мансаби зикршуда интихоб мекунанд. Ҳуқуқи пешбарӣ намудан ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллиро ҳар як узви Маҷлиси миллӣ дорад. Дар ҳолате, ки зиёда аз ду номзад пешбарӣ шуда бошад ва ягон нафаре аз онҳо микдори овозҳои даркориро (тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ) нагирифта бошад, навбати дуюм ду номзаде, ки аз дигар номзадон бештар овоз гирифтаанд, ба овоз мононда мешавад. Раиси Маҷлиси миллӣ дар назди Маҷлиси миллӣ ҳисоботдиҳанда буда, бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи шумораи умумии аъзои ин маҷлис бозхонда мешавад.

Раиси Маҷлиси миллӣ ҳақ дорад ба истеъфо равад.

  • Раиси Маҷлиси миллӣ иҷлосияи Маҷлиси миллиро соле на камтар аз чор бор даъват мекунад;
  • ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагонро даъват мекунад ва ба он раисӣ мекунад;
  • ба таҳияи масъалаҳои дар иҷлосия баррасишаванда роҳбарӣ менамояд;
  • муовинони худ, раисони кумитаҳо ва комиссияҳо, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллиро ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд; қонунҳое, ки Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ кардааст, барои имзо ва интишор ба Президенти ҶТ мефиристад;
  • ба қарорҳои иҷлосияи Маҷлисҳои Маҷлиси Олӣ ва Шӯрои Маҷлиси миллӣ имзо мегузорад;
  • Маҷлиси миллиро дар дохил ва хориҷи кишвар намояндагӣ мекунад;
  • робитаҳои байнипарлумонии Маҷлиси миллиро ба роҳ монда, ба созишномаҳои байнипарлумонӣ имзо мегузорад;
  • ба Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ роҳбарӣ менамояд;
  • ваколатҳои дигареро, ки аз Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дигар қонунҳои конститутсионӣ, ҷорӣ ва аз Дастури Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, амалӣ менамояд.
  • Раиси Маҷлиси миллӣ дар доираи ваколатҳои худ амр медиҳад.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - С. 389-390