Рамазон Раҳимзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Рамазон Раҳимзода
Раҳимзода Рамазон Ҳамро
аз 5 январи 2012
Нахуствазир Қоҳир Расулзода
Президент Эмомалӣ Раҳмон
Пешгузашта Абдураҳим Каҳҳоров

Таваллуд 25 апрел 1960(1960-04-25) (64 сол)
Ном ҳангоми таваллуд Раҳимов Рамазон Ҳамроевич
Дараҷаи илмӣ доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ
Хидмати сарбозӣ
Рутба генерал-полковник

Раҳимзода Рамазон Ҳамро (Раҳимов Рамазон Ҳамроевич; 25 апрели 1960, ноҳияи Ховалинг) — ходими давалтии тоҷик, генерал-полковники милитсия, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ. Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 2012).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Рамазон Раҳимзода 25 апрели соли 1960 ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик. Соли 1982 факултаи муҳандисии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, соли 1995 Мактаби олии милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2002 Академияи ВКД Федератсияи Русияро хатм кардааст[1].

  • Соли 1982 Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, соли 1995 Мактаби олии Тошкенти ВКД ИРСС-ро хатм кардааст. Ихтисос: инженери чорво, ҳуқуқшинос, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ
  • Солҳои 1983—2001 — кор дар вазифаҳои гуногун дар ШКД — ҳои ВКД ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумхурии Тоҷикистон хидмат кардааст.
  • Солҳои 2001—2004 — Намояндаи ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар ҷиноятҳои хатарнок дар ҳудуди кишварҳои аъзои ИДМ
  • Солҳои 2004—2005 — Муовини аввали директори Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар ҷиноятҳои хатарнок дар ҳудуди кишварҳои аъзои ИДМ, шаҳри Москва
  • Солҳои 2005—2007 — Муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Солҳои 2007—2008 — Сардори Хадамоти муҳочирати ВКД — и Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Солҳои 2008—2009 — Мудири Шуъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Солҳои 2009—2012 — Муовини аввали Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Солҳои 2009-2012 — кор дар вазифаи муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз моҳи январи соли 2012 дар вазифаи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 ноябри соли 2013 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 2020 бинобар таъсиси Ҳукумати нав Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шудааст.[2].

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]