Раҳмии Кобулӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Раҳмии Кобулӣ

Раҳмии Кобулӣ (?, Кобул — 1547, ҳамон ҷо) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар ҷавонӣ барои таҳсил ба Самарқанд омад ва дар ҳамин ҷо ба кори эчодӣ шурӯъ намуд. Табъи шоирии Раҳмии Кобулӣ то дараҷае баланд будааст, ки душманонаш аз рашку ҳасад ба ӯ заҳр додаанд. Поёни умрашро дар Кобул гузаронидааст. Аз эҷодиёти Раҳмии Кобулӣ байтҳои пароканда ва чанде ғазалҳо тавассути тазкираву баёзҳо боқӣ мондаанд. Шеърҳои ӯ равон ва пуробаранг мебошанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Раҳмии Кобулӣ // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).