Раҳмонқул Зоиров

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Раҳмонқул Зоиров
Зоиров Раҳмонқул Муродалиевич
Таърихи таваллуд 27 декабр 1945(1945-12-27)
Зодгоҳ Илйич, вилояти Хатлон, ҶШС Тоҷикистон
Ҷоизаҳо

Ордени Шараф

Раҳмонқул Зоиров (Зоиров Раҳмонқул Муродалиевич; тав. 27 декабри 1945, деҳаи Даҳнакиик, ноҳияи Илйич, ҳоло Хуросони вилояти Хатлон) — ходими давлатӣ, генерал-майори милитсия (1997), Корманди шоистаи Вазорати корҳои дохилии ИҶШС (1983), Корманди Фахрии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2000).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Хидмат дар Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС (1964‒67).

Хатмкардаи мактаби махсуси милитсияи ИҶШС (1972)

Академияи Вазорати корҳои дохилии ИҶШС дар шаҳри Маскав (1976).

Фаъолияти корӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Муовини сардори шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Қурғонтеппа(1976‒79)
  • Сардори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ленин (ҳоло Рудакӣ; 1979‒82)
  • Сардори Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе (1982)
  • Корманди фаврӣ (1982‒87)
  • Сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1987‒91),
  • Муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991‒93),
  • Сардори Раёсати нақлиёти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1993‒2002),
  • Муовини сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2002‒07). Аз соли 2007 дар нафақа[1].

Ҷоизаҳо ва медалҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо ордени Шараф (1998) ва 14 медал сарфароз гардидааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фахри мо // АВКД

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]