Таърихи Абулхайрхонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Унсури холии Викидода

«Таърихи Абулхайрхонӣ» (форсӣ: تاریخ ابوالخیر خانی‎) — асари таърихиии муаррихи асри 16 Масъуд ибни Усмони Кӯҳистонӣ.

«Таърихи Абулхайрхонӣ»-ро муаллиф ба забони фасеҳи тоҷикӣ дар миёнаи асри 16 навиштааст. Асар аз якчанд бобу фаслҳои гуногунҳаҷм иборат аст, ки инҳоро аз ҷиҳати мазмун ба се қисм тақсим кардан мумкин:

  1. таърихи қадимтарин то давраи Хоразмшоҳиён;
  2. таърихи муғулҳо;
  3. таърихи Абулхайрхон, Темуру Темуриён.

Ду қисми аввали «Таърихи Абулхайрхонӣ» аз асарҳои Ҷувайнӣ, Ҷузҷонӣ, Банокатӣ, Шарофуддин Алии Яздӣ ва дигарон гирифта шудааст. Қисми сеюм бештар ба таърихи Абулхайрхон (таваллуд 1412— вафот 1468) бахшида шуда, дар асоси нақлҳои ҳамзамонони Абулхайрхон, пеш аз ҳама писари ӯ Суюнҷхоҷахон ва қисман «Таърихи гузидаи нусратнома» таълиф ёфтааст. Дар ин қисм дар бораи муттаҳид намудани улуси Шайбон бо сардории Абулхайрхон дар Дашти Қипчоқ, ташкил ёфтани давлати кӯчманчиёни узбек, юришҳои Абулхайрхон ба Хоразм (1431—1432), ба шаҳрҳои гуногуни Мовароуннаҳр (1447, 1451, 1462), забт намудани қалъаҳои Оққӯргон, Арқуқ, Узганд, Оиғноқ (1446) сухан меравад. «Таърихи Абулхайрхонӣ» инчунин дар бораи дахолати Абулхайрхон ба корҳои дохилии Томуриён ва бо ёрии ӯ ба сари ҳокимият омадани Абӯсаид Мирзо (1451), сохти давлати узбекҳои кӯчманчӣ ва ғайра ҳидоят мекунад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Таърихи Абулхайрхонӣ / Н. Қосимов // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).