Тому-т-таворих

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Тому-т-таворих

«Тому-т-таворих» — асари таърихиест, ки ба қалами Абдуллоҳи Балхӣ мансуб буда, солҳои 1597—1598 ба забони форсӣ дар Бухоро таълиф шудааст ва воқеаҳои таърихиро то охири асри 16 дар бар мегирад.

Воқеъаҳои таърихии дар асар тасвирёфта маълумоти моро доир ба таърихи водиҳои Ҳисор, Бахш, Қаротегин, Бадахшон, шаҳрҳои Конибодом, Хуҷанд ва Уротеппа дар давраи истило ва ҳукмронии сулодаи Шайбониён пурратар мегардонанд. Дар сарчашмаҳои таърихии дастрас нами вилояте, ки тобеи шаҳри Вахш бошад, дучор нагардида буд. Дар «Тому-т-таворих» шаҳри Вахш, «Қалъаи Вахш», вилояти тобеи он «Вахшвар» зикр меёбад. Дар «Тому-т-таворих» аз таърихи истилои Шайбонихон, ғоратгарии лашкариёни ӯ, харобшавии шаҳру деҳот, муборизаи мардонаи мардуми қалъаи Ҳисор баҳри озодӣ, аз тарафи лашкари Шайбониён зеру забар шудани қалъаи Дабусия (1500), толон гаштани музофотҳои Хуҷанд, Шоҳрухия то лаби оби Чирчиқ (1502) ва ғайра маълумоти зиёде ҳаст.

«Тому-т-таворих» барои омӯхтани таърихи Осиёи Миёна, хусусан Тоҷикистон аҳамияти бузург дорад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Том-ут-таворих / А. Мухторов // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).