Тӯҳфаи Сомӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Унсури Викидода мавҷуд нест

«Туҳфаи Сомӣ» (форсӣ: تحفه سامی‎) — тазкираест, ки Соммирзои Сафавӣ соли 1550 таълиф кардааст.

Муҳтаво[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз ҳафт саҳифа (боб) фароҳам омадааст. Дар бораи 713 нафар шоирони охири асри 15 ва нимаи аввали асри 16 маълумот медиҳад. Саҳифаи якум 18 нафар подшоху шоҳзодагони гуногуни замон, саҳифаи дуюм шарҳи ҳоли 141 нафар адибу олими даврро дар бар мегирад. Дар сахифаи сеюм 33 вазир ва дигар арбоби қалам зикр ёфтаанд. Дар саҳифаи чаҳорум ҳаёту фаъолияти қозию мунши, хаттотони номӣ ва дигар мансабдорони давлатӣ баррасӣ шудааст, ки баъзан шеър менавшптаанд. Муҳимтарин қисмати «Туҳфаи Сомӣ» саҳифаи панҷуми он мебошад. Ин сахифа аз ду қисм иборат буда, дар кисми аввал аҳволу ашъори Ҷомӣ, Ҳилолӣ, Ҳотифӣ, Осафӣ, Биноӣ, Огаҳӣ ва Гулханӣ барин 88 адиби машҳур дарҷ ёфтааст. Дар қисми дуюм аз 2181 нафар шоире сухан меравад, ки аз табақаҳои миёнаю поёни ҷамъият баромадаанд. Саҳифаи шашум роҷеъ ба шоирони туркизабон (аз Навоӣ то Мавлоно Савсанӣ) маълумот медиҳад. Дар саҳифаи ҳафтум 47 нафар адиб ҷой дода шудаанд, ки асосан аз вилоятҳои Ироқу Озарбойҷон будаанд. «Туҳфаи Сомӣ» дар омӯзиши таърихи адабиёти тоҷик яке аз муҳимтарин сарчашмаҳост. Он махсусан дар омӯхтани адабиёти доираҳои шаҳрию ҳунармандӣ, вазъи ҳаҷву мутоиба ва хусусиятҳои жанри шаҳрошӯб аҳамияти калон дорад. Сахифаи панҷуми он бори аввал соли 1934 аз тарафи Мавлавии Иқбол Хусайн дар Патнаи Хиндустон ба табъ расида буд. Соли 1936 матни пурраи «Туҳфаи Сомӣ»-ро Ваҳиди Дасхгирдӣ дар Теҳрон интишор дод. Охирин бор Рукнуддини Ҳумоюнфаррух дар асоси панҷ нусхаи хаттӣ ин асарро ба табъ расонд (Теҳрон, 1909).

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]