Хаёлбек Додихудоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Хаёлбек Додихудоев
Таърихи таваллуд 1936(1936)
Фазои илмӣ олим

Хаёлбек Додихудоев — доктори илми фалсафа (1990), профессор (1990). Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (1997). Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997).[1]

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Хаёлбек Додихудоев Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст (1960), ихтисос – «фалсафа».

Мудири кафедраи фалсафаи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1974-1992). Директор – ташкилотчӣ (1991-1996), и.в. директори (1996-2000) Институти илмҳои гуманитарии Академияи илмҳои ҶТ, ҳамзамон ректори Донишгоҳи давлатии ш. Хоруғ ба н.М. Назаршоеви Хоруғ (1995-1998). Мудири шуъбаи онтология ва гносеология (2001-2009), сарходими илмии (2009 - то имрӯз) Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои ҶТ.

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: таърихи фалсафа, фалсафаи иҷтимоӣ.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо ордени «Дӯстӣ», медали «Ветерани меҳнат» тақдир шудааст. Аълочии маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997).

Манобеъ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.