Шариф Муллоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шариф Муллоев
Шариф Боқиевич Муллоев
Шариф Боқиевич Муллоев
Шариф Боқиевич Муллоев
Таърихи таваллуд 7 январ 1965(1965-01-07) (59 сол)
Зодгоҳ Ноҳияи Мастчоҳ
Кишвар Тоҷикистон
Фазои илмӣ Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Маъруф ба
Ҷоизаҳо Аълочии матбуоти Тоҷикистон (1987)

Шариф Боқиевич Муллоеволим рӯзноманигор, доктори илмҳои филологӣ (2013), дотсент.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Шариф Муллоев 7 январи соли 1965 дар деҳаи Худгифи Офтобрӯяи ноҳияи Мастчоҳ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ӯ дар бораи худ мегӯяд: «Солҳои бачагиам дар колхози ба номи Орҷоникидзе, минтақаи 1-уми ноҳияи Масчоҳ сипарӣ шудаанд. Соли 1972 таҳсилро дар мактаби миёнаи рақами 10 оғоз намудам. Мактаби миёнаро соли 1982 бо муваффақият хатм кардааст. Соли 1986 ба шуъбаи тайёрии ДДО ба номи Қ.Ш.Ҷӯраев, хуҷҷат супорида соҳиби унвони донишҷӯ гардидааст. ДДО ба номи Қ.Ш.Ҷӯраевро соли 1992 бомуваффақият хатм намудааст. Бо роҳхати роҳбарияти факултаи филологияи рус дар донишгоҳ Муллоев Ш. ба ҳайси ассисенти кафедраи адабиёти рус ва хориҷа қабул карданд. Соли 1996 ӯ ба аспирантураи Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон шомил шуд. Аз ҳамин давра сар карда дар кафедраи номбурдаи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ба сифати муаллим фаъолият карда истодааст. Соли 2002 рисолаи номзадиашро дифоъ намуда соҳиби унвони номзади илмҳои филология шудааст. Соли 2007 аъзои конфедератсияи журналистони Тоҷикистон шудааст. Дар матбуот ҳамеша бо мақолаҳои доғи рӯз мавод ҷамъ менамояд. Соли 2009 соҳибунвони дотсенти кафедраи назария ва таърихи журналистика ва воситаҳои электронии ахбори ДСРТ гаштааст.

Муллоев Шариф Боқиевич соли 2013 рисолаи докториро дифоъ намуд ва сазовори унвони доктори илмҳои филологӣ гардид. Аз соли 2014 ба ҳайси мудири кафедраи матбуоти чопӣ ва алоқа бо ҷомеа дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон фаъолият дорад.[1] Муллоев Шариф Боқиевич шахси накӯсиришт, хайрхоҳ ва ҳамеша некхоҳи халқ ва ҷамъият буда, номбурда шиори зиндагии хешро хидмат кардан ба халқу Ватан меангорад. Феълан Шариф Боқиевич ҳамасола бо ҳамроҳии донишҷӯён амалҳои нек ва хайрхоҳиро бо назари хоксорона анҷом медиҳанд. Оиладор соҳиби чор фарзанд, ду писар ва ду духтар мебошад.

Асарҳои илмии ба табъ расидаи Ш. Муллоев[вироиш | вироиши манбаъ]

Мақолаҳои илмӣ ва публисистии ӯ беш аз 100 аст.

  • Барнома ва усулҳои методи фанни «Таърихи журналистикаи тоҷик» барои донишҷӯёни бахши журналистика. - Душанбе, 2004;
  • Монография: Аҳмади Дониш ва маорифпарвари тоҷик дар охири асри XIX ва аввали асри ХХ. - Душанбе, 2005;
  • Барномаи фанни «Иқтисодиёт ва менеҷменти ВАО» барои донишҷӯёни бахши журналистикаи мактабҳои олӣ. - Душанбе, 2007. (бо ҳаммуаллиф);
  • Барномаи фанни «Журналистикаи муосири тоҷик» барои донишҷӯёни бахши журналистика. - Душанбе, 2009. (бо ҳаммуаллиф);
  • Васоити таълимии «Таърихи журналистикаи тоҷик» барои донишҷӯёни бахши журналистика. - Душанбе, 2009;
  • Усулҳои методии фанни «Гендер ва ВАО» барои донишҷӯёни бахши журналистика. - Душанбе, 2009. (бо ҳаммуаллиф);
  • Китоби дарсӣ «Таърихи журналистикаи тоҷик» барои донишҷӯёни бахши журналистика. - Душанбе,2009;
  • Китоби дарсӣ «Воситаҳои ахбори оммаи Эрон ва Афғонистон» барои донишҷӯёни бахши журналистика. - Душанбе,2010.(бо ҳаммуаллиф);
  • Китоби дарсӣ «Воситаҳои ахбори оммаи Қазоқистон» барои донишҷӯёни бахши журналистика. - Душанбе,2011. (бо ҳаммуаллиф);
  • Идейно-тематические особенности таджикской публицистики периода Великой Отечественной Войны.Монография. - Душанбе:РТСУ,2013.- 155 с.
  • История таджикской журналистики.Учебно-методическое пособие. - Душанбе:РТСУ,2014.-136с.(в соавторстве).
  • Жанрово-тематическое своебразие таджикской публицистики времен ВОВ (1941-1945). - Душанбе:РТСУ,2015.-303 с.

Адабиёт доир ба Шариф Муллоев[вироиш | вироиши манбаъ]

  • «Российско-Таджикский (славянский) университет» (в одном томе). Энциклопедия./ Главный редактор М.С.Имомов. - Душанбе, 2011
  • Российско-Таджикский (Славянский) университет:вчера, сегодня, завтра. 1996-2016. – Душанбе, 2016.

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]