Ғании Асадободӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ғании Асадободӣ

Ғанибек Ғании Асадободӣ (форсӣ: غنی اسدآبادی‎; ? — 1599, Бурҳонпур) — шоири форс-тоҷики Ҳиндустон.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷавонияш дар Ҳамадон сипарӣ шудааст. Баъдан бо Назирии Нишопурӣ ба Ҳиндустон рафта, ба қавли Сироҷиддин Алихони Орзу — соҳиби «Маҷмаъу-н-нафоис» — дар сухан рутбаи олӣ ва дар сурудани қасида ва рубоӣ маҳорати баланд пайдо кард. Мувофиқи маълумоти «Маосири Раҳимӣ», ба дарбори Абдурраҳими Хонихонон роҳ ёфта, дар мадҳи ӯ қасидаҳо гуфта, соҳиби инъоми зиёд ва «маҳрами базму рафиқи разм гардид». Соли 1591 назди бародарзодаи наввоб Саид Юсуфхони Машҳадӣ − Мирзо Ёдгор ба Кашмир рафт. Вақте ки Мирзо Ёдгор бар зидди Ҷалолуддин Муҳаммади Акбар шӯриш бардошта, муддати кӯтоҳ дар он сарзамин тасаллут ёфт, Ғании Асадободӣ ба таҳнияти салтанати ӯ рубоии зерро суруд:

Бар тахти мурод менишинӣ! Биншин,
Хуш хурраму шод менишинӣ! Биншин.
Давлат ба канор менишонӣ! Биншон,
Бар ҷойи Қубод менишинӣ! Биншин.

Акбар пас аз тасхири Кашмир ва ба қатл расондани Мирзо Ёдгор фармон дод, ки Ғании Асадободиро ба сабаби гуфтани ҳамин рубоӣ дар Бурҳонпур ҳабс кунанд. Дар зиндон қасидаҳои пурсӯзу гудоз дар ҳасби ҳол ва бегуноҳияш

таълиф намудааст. Назирии Нишопурӣ дар қасидае аз Акбар илтимос намудааст, ки Ғании Асадободиро афв кунанд. Аз зинда будани Ғании Асадободӣ Акбар хабардор шуда, фармоне содир кард, ки ӯро зери пои филон афкананд ва ба қатл расонанд.

Мусаввадоти ашъораш аз байн рафтаанд. Баъзе аз қасида ва абёти парокандаи ӯ тавассути «Маосири Раҳимӣ» боқӣ мондаанд. Ин рубоӣ аз ӯст:

Дида дарё кардаам, аммо ба сомон нестам,
Хотири ошуфтае дорам, парешон нестам.
Офият бар дӯстон аз нолаи ман талх шуд,
Лаб фурӯ бандам, ки мурғи ин гулистон нестам.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]