Ҳайронии Қумӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳайронии Қумӣ

Ҳайронии Қумӣ (форсӣ: حیرانی قمی‎; ? — 1498) — шоири форс-тоҷик, падари Замирии Ҳамадонӣ.

Аз мардуми шаҳри Қум буд. Чанде дар Кошон зист, аз онҷо, ки умри худро дар Ҳамадон гузаронд, ба «Ҳамадонӣ» маъруф шуд. Шоире забардаст ва дорои ҳофизае қавӣ буд. Мегӯянд сад ҳазор байт шеър ҳифз дошт. Вай аз надимони султон Яъқуб дар Озарбойҷон ва дар ақсоми мухталифи шеър устод буд. Осорт ӯ «Девони шеър», маснавии «Баҳрому Ноҳид», «Мунозира‏и осмону замин», «Мунозира‏и сиху ва мурғ»; «Мунозира‏и шамъу парвона». Ӯ ҳамчунин қасида‏е дар ҳаҷви қозӣ Муҳаммад Ъалоӣ, қозии шаҳри Кошон суруда, ки маъруф аст[1].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. حیرانی قمی. rasekhoon.net. 7 май 2024 санҷида шуд.