Ҷаҳонгир Низомов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳонгир Низомов
Таърихи таваллуд 1947(1947)
Ҷойҳои кор ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ, Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои ҶТ
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои техникӣ
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Институти муҳандисии сохтмони ба номи В.В. Куйбишеви Москва
Ҷоизаҳо Аълочии маорифи халқи ҶТ (1997)

Ҷаҳонгир Низомов — олим, доктори илмҳои техникӣ (1999), профессор (2003). Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (2008).[1]

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷаҳонгир Низомов Институти муҳандисии сохтмони ба номи В.В. Куйбишеви Москваро хатм кардааст (1969)., ихтисос – «сейсмология».

Мудири кафедраи «Механикаи сохтмон ва ба зилзила тобовари иншоот» ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ (1992-2004), директори Институти сохтмони ба зилзила тобовар ва сейсмологияи АИ ҶТ (2004-2010), мудири шуъбаи сохтмони ба зилзила тобовар (2004-2011), мудири озмоишгоҳи назарияи тобоварии сейсмикӣ ва моделсозии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои ҶТ (2011).

Фаъолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: назарияи иншоот ва моделсозии математикии масъалаҳои динамикии механикаи ҷисмҳои сахти каҷшуда, назарияи тобоварии сейсмикӣ, сейсмологияи муҳандисӣ.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Аълочии маорифи халқи ҶТ (1997)

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.