Ҳаёт ва қонун (маҷалла)
Зоҳир
(Тағйири масир аз «Ҳаёт ва қонун»)
«Ҳаёт ва қонун» — маҷаллаи назариявӣ ва сиёсию ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997 № 691 «Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997 №383 «Дар бораи чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон » ба чоп мерасад. Дар маҷалла мақолаю маводи пешниҳоднамудаи мутахассисон, роҳбарони мақомоти ҳуқуқӣ, кормандони мақомоти илмии ҷумҳурӣ ва инчунин матни қонунҳо нашр мешаванд. Шумораи нахустини маҷаллаи «Ҳаёт ва қонун» соли 2002 аз чоп баромад.[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 504