Абудулаф

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Абудулаф
ар. أبو دُلف الخزرجي
Санаи таваллуд:

асри X

Зодгоҳ:
Фазои илмӣ:

географ,сайёҳ

Абудулаф (Мисъор ибни Муҳалҳил ал-Хазраҷии Янбӯӣ ар. أبو دُلف الخزرجي‎; соли таваллуд ва вафот номаълум) — сайёҳ, географи араб.

Зиндагинома[вироиш]

Дар чоряки аввалли асри 10 ба Бухоро омада, солҳои 914942 дар дарбори амири Сомонӣ Наср ибни Аҳмад хизмат кардааст. Абудулаф соли 942 бо ҳайати сафорати Хитой дар Бухоро ба саёҳати Туркистони Шарқӣ, Тибет, Хитой, Эрон ва Ҳиндустон мебарояд.

Осор[вироиш]

Асарҳои Абудулаф «Рисолат-ул-увло» («Рисолаи аввал») ва «Рисолат-ул-ухро» («Рисолаи охир») оид ба ҷуғрофияи таърихии кишварҳои Осиёи Миёна, Хитой, Эрон ва Ҳиндустон маълумоти муҳим медиҳанд. Дар мероси адабии мардумони Шарқ аз забони Абудулаф ҳикояву ривоят ва латифаҳои зиёде нақл мешаванд.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]