Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Абулфатҳ Алӣ ибни Муҳамад

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абулфатҳ Алӣ ибни Муҳамад
Таваллуд 947
Даргузашт 977
Падар Абулфазл ибни Амид

Ибни Амид, Абулфатҳ Алӣ ибни Муҳамад ибни Ҳусайн (форсӣ: ابوالفتح علی بن محمد بن حسین‎, мулаққаб ба Зулкифоятайн; 948, Қум — 977) — вазири Оли Бӯя дар даврони Рукнуддавла ва Муайидуддавла, писари Абулфазл ибни Амид.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар зодгоҳаш — Рай таълим гирифта, дар дабирӣ истеъдод дошт. Соли 969 бо амри Рукнуддавла шӯриши мардуми Қазвинро пахш карда, баъдан дар ҳайати лашкари падараш — Ибни Амид Абулфазл Муҳаммад ба набарди зидди минтақаи Ҳуснавияи Курд рафт. Пас аз фавти падараш дар ин набард (970) вазир таъйин гардид. Соли 975 барои пуштибонӣ аз амири дастнишондаи Бувайҳиён дар Ироқ — Бахтиёр ҳамроҳи Азудуддавла ба набарди зидди туркон фиристода шуд. Пас аз ҳалли масъалаи Ироқ ва зиндонӣ шудани Бахтёр Ибни Амид дар Рай ризоияти Рукнуддавларо оид ба таҳвили ҳукумати Ироқ ба Азудуддавла дарёфт карда натавонист. Соли 975 бо кӯшиши Ибни Амид ва вазири Сомониён — Утбӣ дар байни ду хонадон сулҳ пойдор гардид. Соли 975 Ибни Амид барои бартараф кардани низоъҳои дохилӣ дар байни Бувайҳиён намояндагони ин хонадонро дар Исфаҳон ҷамъ овард, ки дар ҷараёни он гуфтушунид Рукнуддавла дороии худро байни писаронаш тақсим ва бародараш Аздуддавларо роҳбари хонадон интихоб кард. Дар аҳди ҳукумати Муайидуддавла муносибати Ибни Амид бо дабири хосси амир Соҳиб ибни Аббод шиддат ёфта, дар натиҷа ӯ ба қатл маҳкум шуд. Намунаи ашъори арабии Ибни Амид дар осори Саолибӣ боқӣ мондааст.

  • «دائرةالمعارف بزرگ اسلامی — ابن عمید». بایگانی‌شده از اصلی در ۱۷ دسامبر ۲۰۱۰. دریافت‌شده در ۲۷ مارس ۲۰۱۲