Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (пирях)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Академияи Фанҳо (пирях))
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (пирях)
?
Расположение

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (пешина Академияи фанҳо) — пирях дар Помири Ғарбӣ, яке аз шохаҳои чапи пиряхи Федченко. Дар нишебаи шарқии қаторкӯҳи академияи фанҳо, дар баландии 4600 м воқеъ гашта, забонаи он то баландии 3200 м мефурояд. Тӯлаш 7,7 км, масоҳаташ 46 км2. Яке аз шохобҳои чапи дарёи Баландкиик аз он сар мешавад.