Jump to content

Карбогидратҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ангиштоб)

Карбоҳидратҳо, ангиштобҳо — гурӯҳи пайвастҳои органикӣ, ки сохт ва хосиятҳои химиявиашон ба қандҳо наздиканд. Карбоҳидратҳо дар қатори сафедаҳо ва равған дар раванди мубодилаи моддаҳои организм мавқеи муҳим доранд. Карбоҳидратҳо дар таркиби рустаниҳо, ҳайвонот ва бактерияҳо мавҷуд буда, аксарияти томи пайвастҳои органикии табииро ташкил медиҳанд. Ҳамаи моддаҳои ғизоии органикӣ аз карбоҳидратҳое, ки рустаниҳо дар ҷараёни фотосинтез аз гази карбонат ва об ҳосил мекунанд, ба вуҷуд меоянд. Ҳар сол дар рафти фотосинтез дар рӯи Замин қариб 4 – 1011 т карбогидратҳо ҳосил мешаванд. Карбогидратҳо таркиби асосии ғизои одам ва аксари ҳайвонот буда, онҳоро бо неруи барои зиндагӣ зарур таъмин менамоянд. Қариб нисфи зиёди нерӯи организми одами калонсол аз ҳисоби карбоҳидратҳо ҳосил мешавад.

Карбоҳидратҳо чун «масолеҳи сохтмон» - и рустаниҳо, устухонбандии ҳашарот ва харчангшаклҳо мавқеъи муҳим доранд. Онҳо моддаи асосии бофтаҳои пайванадии пардаи ҳуҷайраҳо мебошанд. Ғайр аз ин, карбогидратҳо дар таркиби биополимерҳои мураккаб, мас., гликопротеидҳо (сафедаҳое, ки ба онҳо карбогидратҳо илова шудаанд ва хусусиятҳои иммунологии ин пайвастро муайян мекунанд) ҳомил (баранда)-и ахбори биологӣ маҳсуб мешаванд. Чунончи, ба ин ё он гурӯҳ тааллуқ доштани хунро аз рӯи таркиб ва пайдарҳамии карбогидратҳо, ки ба моддаҳои гурӯҳҳои хун дохиланд, муайян месозанд. Карбогидратҳои таркиби моддаҳои сатҳи ҳуҷайраҳо дар таъсири мутақобилаи онҳо аҳамияти хос доранд. Чунин ҳодисаҳо, ба монанди якдигарро «шинохтани» ҳуҷайраҳои якхела, тақсимшавӣ ва афзоиши онҳо, ихроҷи биополимерҳо (сафедаҳо, кислотаҳои нуклеат ва ғайра) аз бофта ба хусусияти карбогидратҳои сатҳи ҳуҷайра вобаста аст. Аз рӯи маълумоти мавҷуда дар пайдоиши омосҳои саратонӣ таъсири мутақобилаи вирусҳою карбогидратҳои сатҳи ҳуҷайраҳо мавқеи муҳим дорад.

Карбоҳидратҳои мураккаб, мас., кислотаи гиалуронат дар организми одам ва ҳайвонот вазифаи махсус, яъне маводи «лағжонак»-ро иҷро мекунанд ва чун муҳити шилмак хаму рост шудани банду буғумҳоро осон мегардонанд. Баъзе карбогидратҳо, мас., кислотаи аскорбинат (витамини С), витамини В15 ва гепарин таъсири махсуси биологӣ дошта, лахтабандии хунро пешгирӣ менамоянд.

Карбогидратҳо ба чунин гурӯҳҳо ҷудо мешаванд: – моносахаридҳо ё қандҳои муқаррарӣ (мас., глюкоза – қанди ангур, фруктоза – қанди мева); – олигосахаридҳо, ки аз 2 (дисахарид) то 10 бақияи моносахарид иборат буда, байни худ бо банди махсуси гликозидӣ пайваст шудаанд (мас., қанди найшакар – сахароза, қанди сумалак – малтоза, қанди шир – лактоза ва ғайра); – полисахаридҳо ё карбогидратҳо – и олӣ, ки аз бақияҳои моносахаридҳои сершумор иборатанд (мас., оҳар, гликоген, селлюлоза ва ғайра).

Моносахаридҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Глюкоза ё қанди ангур моносахариди маъмул аст. Он дар намуди озод дар таркиби меваҳои ширин ва хун вуҷуд дорад, ба таркиби бисёр олигосахаридҳо ва полисахаридҳои табиӣ дохил мешавад.

Аз дигар моносахаридҳои дар табиат паҳншуда манноза ва галактозаро қайд кардан ҷоиз аст. Манноза дар намуди озод вомехӯрад, вале бештар бо дигар моносахаридҳо якҷоя силсилаи полисахаридҳои дарозро ҳосил мекунад ё ба таркиби гликопротеидҳо дохил мешавад.

Галактоза дар шакли озод вуҷуд надорад. Галактоза якҷоя бо глюкоза ба таркиби лактоза дохил мешавад, инчунин қисмати таркибии бисёр полисахаридҳо ва гликопротеидҳо мебошад. Ихтилоли мубодилаи галактоза ба бемории вазнини ирсӣ – галактоземия оварда мерасонад, ки он аз саби қобилияти азхудкунии галактозаро гум кардани организм пайдо мешавад. Кӯдак шири модарро макида, аз он миқдори зиёди галактоза (қисми таркибии лактоза) мегирад. Ихтилоли истеъмоли он боиси кам шудани вазни кӯдак, аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва фикрӣ суст инкишоф ёфтани ӯ, калон гаштани ҷигар (дар баъзе ҳолатҳо сиррози ҷигар) ва инкишофи оби марворид (катаракта)-и чашм мегардад. Баъзан беморӣ боиси марги кӯдаки ширмак мешавад. Аксари тағйироти ҳангоми галактоземия рухнамударо ҳамчун оқибати дар узву бофтаҳои гуногун ҷамъ шудани миқдори зиёди маҳсули мубодилаи галактоза (барои организм заҳрнок аст) шарҳ медиҳанд. Дар мавриди саривақт ташхис кардан ва даст кашидан аз истеъмоли лактозаю галактоза рушду инкишофи кӯдак мӯътадил мегардад.

Фруктоза – гексоза (карбогидрате, ки молекулааш аз 6 атоми карбон иборат аст)-и дар табиат фаровон буда, намуди озоди он дар асал, баъзе меваҳо вуҷуд дорад ва якҷоя бо глюкоза сахарозаро ҳосил мекунад. Рибоза ва дезоксирибоза – пентозаҳо (яъне карбогидратҳое, ки молекулаашон аз 5 атоми карбон иборатанд)-и хеле муҳиманд; онҳо ба таркиби кислотаҳои рибонуклеат ва дезоксирибонуклеат (ниг. Кислотаҳои нуклеат) дохил мешаванд. Ҳоло тақр. 70 навъи моносахаридҳо маълуманд, ки 20 навъи онҳо дар табиат ёфт шудаанд.

Дар байни дисахаридҳои бениҳоят фаровон малтоза (қанди сумалак), лактоза (қанди шир), сахароза (қанди найшакар) аҳамияти калон доранд. Малтоза – дисахаридест, ки аз ду бақияи глюкоза иборат буда, аснои гидролизи нопурраи оҳар ва гликоген (карбогидратҳо – и асосии ҳайвонот ва рустанӣ) ҳосил мешавад. Маҳз аз ин сабаб аҳамияти ғизоии малтоза калони аст. Ба баъзе одамон аз сабаби он ки шираи рӯдаашон ферментҳои таҷзиягари малтоза ва изомалтозаро надорад, ин дисахаридҳо намефоранд.

Лактоза ба миқдори зиёд дар таркиби шир вуҷуд дорад: дар шири модар қариб 5,5 – 8,4%, дар шири гов 4 – 5%. Он аз бақияҳои галактоза ва глюкоза иборат аст. Лактоза ангиштоби асосии шири модар буда, чун қисми таркибии ғизои кӯдак аҳамияти калон дорад.

Ҳангоми дар шираи рӯда вуҷуд надоштани ферменти бета -галактозидаза, лактоза дар рӯда ҳазм намешавад (ферментопатия). Чунин беморӣ бо қай, исҳол, дамиши шикам, камобии организм ва беҳолӣ зоҳир мегардад. Миқдори зиёди лактоза ва бисёр аминокислотаҳо бо пешоб ихроҷ мешаванд. Барои табобати ферментопатия лактозаро аз вояи хӯрок дур карда, онро бо сахароза, глюкоза ва диг. қандҳо иваз мекунанд.

Сахароза дар олами наботот ниҳоят бисёр вуҷуд дорад. Он ангиштоби асосии хӯрок буда, аз бақияи глюкоза ва фруктоза иборат аст. Сахарозаи қанди лаблабу ва найшакарро чун ғизо истеъмол мекунанд. Ба миҷози шахсоне, ки шираи рӯдаашон модарзодӣ ферменти схароза надорад, истеъмоли сахароза намефорад. Беморӣ мавриди ба тағзияи омехта гузаштани кӯдакон зоҳир мегардад. Исҳоли музмин ва лоғарӣ кӯдакро ба марг мерасонад. Сахароза дар организми кӯдаки бемор ҳазм нашуда, миқдори зиёди он, инчунин фруктоза ва глюкоза бо шоша ихроҷ мешаванд. Барои табобат сахарозаро аз вояи хӯрок хориҷ ё ба хӯрок ферментҳои зарурӣ ҳамроҳ мекунанд.

Полисахаридҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвастҳои калонмолекулаи табиии карбогидратҳо, ки аз миқдори зиёди бандҳои моносахарид иборатанд, полисахаридҳо ном доранд. Полисахаридҳо ба гомополисахаридҳо (аз бақияи моносахаридҳои якхела иборатанд) ва гетерополисахаридҳо (аз бақияи моносахаридҳои гуногун иборатанд) тақсим мешаванд. Дар байни полисахаридҳои гуногун муҳимтаринашон селлюлоза, оҳар ва гликоген мебошанд. Полисахаридҳо ду вазифа – сохторӣ ва ғизоиро иҷро мекунанд. Селлюлоза (ғоз) ҷузъи асосии бофтаҳои рустанӣ буда, асосан дар девораи ҳуҷайраҳо мавҷуд аст. Пахта ва зағир 90 – 99%, чӯб то 45% селлюлоза доранд. Молекулаи селлюлоза фақат аз бақияи глюкоза иборат буда, бо ҳам чун силсилаи дарози мустақим пайваст шудаанд. Селлюлоза дар рӯдаи одам нағз ҳазм намешавад ва ҳаракати мавҷмонанд (перисталтика) - и онро меангезад, кори рӯдаро мӯътадил мегардонад. Оҳар (крахмал) полисахарид, моддаи захиравии рустанӣ мебошад. Он муҳимтарин полисахариди ғизоӣ аст; ба миқдори зиёд дар карташока, дони рустаниҳои хӯшадор, меваҳо ва ғ. вуҷуд дорад. Мисли селлюлоза фақат аз бақияи глюкоза, ки молекулаи мураккаби шохчадорро ҳосил мекунад, иборат аст. Полисахариди асосии оҳар амилопектин мебошад.

Гликоген (оҳари ҳайвонот) муҳимтарин полисахариди захиравии одаму ҳайвонот аст. Асосан дар ҷигар (то 20%) ва мушакҳо (4%) ҷамъ мешавад. Сохти химиявии гликоген ба амилопектини рустанӣ монанд буда, нисбат ба он сершоха аст.

Хуни кӯдакон 12 – 21 мг% ва хуни калонсолон 8 – 12 мг% гликоген доранд (ададҳо вобаста ба усули таҳлил тағйир меёбанд). Дар натиҷаи ихтилоли мубодилаи полисахаридҳо бемориҳои вазнини ирсие ба вуҷуд меояд, ки бо парҳез табобат намешаванд. Ҷамъ гаштани гликоген дар ҷигар, мушакҳои дил, устухонҳо, гурдаҳо, испурч, шуш ва ғ. боиси бемории гликогеноз хоҳад шуд.

Норасоии миқдори глюкозаи хун (гипогликемия) ва ҳамзамон дар бофтаҳо зиёд шудани гликоген хусусияти асосии беморӣ аст. Гликоген дар бофтаҳо ҷамъ шуда, боиси иллат ва ҳатто маҳви онҳо мегардад. Дар одаме, ки ба гликогеноз гирифтор шудааст, заъфи мушакҳо, таъхири сабзиш, фарбеҳӣ, иллати ҷигар ва гурдаҳо ба амал меояд. Норасоии ферментҳое, ки дар мубодилаи карбогидратҳо иштирок менамоянд, боиси сар задани глюкогенозҳо мегарданд, ҳол он ки барои ҳар навъи гликогеноз норасоии ферменти муайян хос аст.

Барои ташаккул ва фаъолияти мӯътадили бофтаи пайвандии одам ва диг. ширхӯрон, гетерополисахаридҳо (мукополисахаридҳо), мас., кислотаи гиалуронат, хондроитинсулфатҳо ва ғ. аҳамияти калон доранд. Бандҳои олигосахаридҳо ва полисахаридҳо бо чарбу ва сафедаҳо пайваст мегарданд. Дар натиҷа биополимерҳои омехтае ҳосил мешаванд, ки мувофиқан гликопротеидҳо ва гликолипидҳо ном доранд.

Олигосахаридҳо ва полисахаридҳое, ки тавассути хӯрок ба организми одам дохил мегарданд, зери таъсири ферментҳои гуногуни ҳозима то моносахаридҳо таҷзия ва аз рӯда ба хун ҷаббида мешаванд. Моносахаридҳои дар хун ҳалгашта ба ҷигар мегузаранд ва зери таъсири ферментҳои махсус ба глюкоза табдил меёбанд. Як қисми глюкоза ба гликоген табдил меёбад, қисми боқимонда тавассути ҷараёни хун ба узву бофтаҳо паҳн шуда, барои синтези гликоген, чарбу ва аминокислотаҳо сарф мегардад. Қисми зиёди глюкоза дар натиҷаи оксид шудан бофтаҳоро бо энергия таъмин месозад. Глюкоза ҷузъи таркибии хун буда, миқдори он дар хуни одам 50 – 95% аст. Консентратсияи доимии глюкоза бо тариқи ниҳоят мураккаб нигоҳ дошта мешавад, ки зимни он миқдори зиёди ферментҳо, гормонҳо (инсулин ва глюкагон), инчунин системаи асаб иштирок менамоянд. Ҳангоми бо хӯрок бисёр истеъмол кардани карбогидратҳо консентратсияи мӯътадили глюкоза дар хун ва бофтаҳо фақат дар он сурат имконпазир мегардад, ки агар ҳуҷайраҳои ҷигар ва мушакҳо аз глюкоза гликоген синтез карда тавонанд. Дар мавриди зарурат гликоген зери таъсири ферментҳои махсус боз ба глюкоза табдил меёбад. Глюкоза дар мубодилаи моддаҳои ҳуҷайраҳои рустанӣ ва ҳайвонот мавқеъи муҳим дошта, чун «сӯзишворӣ» амалиёти гуногуни дар ҳуҷайраҳо гузарандаро бо энергия таъмин менамояд; глюкоза дар натиҷаи як қатор реаксияҳои мураккаби ферментӣ то гази карбонат ва об оксид мешавад. Энергияи таҷзияи глюкоза барои биосинтези сафедаҳо, кислотаҳои нуклеинат, чарбҳо, карбогидратҳои мураккаб, фаъолияти мушакҳо ва ғ. лозим аст. Нафақат ба худи глюкоза, балки ба ҳосилаҳои фосфордори он низ табаддулоти ферментӣ хос мебошад. Аз ин ҷиҳат он ба маҳсули мобайнии аминокислотаҳо ва кислотаҳои ҳаднок шабоҳат дорад. Ғайр аз ин, ҳосилаҳои фосфордори глюкоза аз баъзе аминокислотаҳо синтез шуда, дар баробари мубодилаи гликоген барои нигоҳ доштани консентратсияи доимии глюкоза дар бофтаҳо ва хун аҳамияти калон дорад. Дар ҳуҷайраҳои организми зинда мубодилаи моддаҳо (карбогидратҳо, сафедаҳо ва чарбу) бо ҳам сахт алоқаманд мебошанд. Глюкоза барои ҳосил шудани диг. моносахаридҳо низ лозим аст.

Аз рӯда ба хун ҷаббида шудани миқдори зиёди глюкоза ба пайдоиши гипергликемияи ғизоӣ (зиёд будани миқдори глюкоза дар хун) мусоидат мекунад. Ин амали физиологӣ дар натиҷаи истеъмоли ғизои серангиштоб ба вуҷуд меояд. Ҳангоми гипергликемияи ғизоӣ глюкоза асосан бо пешоб ихроҷ мешавад (инро глюкозурия меноманд). Гипергликемияи ғизоӣ ва глюкозурия зудгузар буда ба саломатӣ зарар надоранд.

Дар аснои эҳсосоти гуногун дар қишри мағзи сар таҳаюҷ ба вуҷуд омада, ба майнаи дарозрӯя густариш меёбад, сипас бо шохаҳои асаби симпатикӣ ба моддаи мағзии ғадудҳои болои гурда гузашта, сабаби ҷудо шудани адреналин мегардад. Адреналин глюкогенро дар ҷигар ба глюкоза таҷзия карда, миқдори зиёди он ба хун мегузарад. Дар натиҷа гипергликемияи рӯҳӣ ё эҳсосотӣ (эмотсиявӣ) сар мезанад. Дар аснои заҳролудӣ, зарбу лати майна ва баъзе бемориҳои сироятӣ гипергликемия чун натиҷаи ангезиши асабияи марказӣ ба вуҷуд меояд. Афзоиши миқдори глюкозаи хун – гипергликемия ҳангоми ҳарорати баланд, сарсом, энсефалит низ мушоҳида мешавад.

Агар фаъолияти бофтаҳои эндокринии ғадуди зери меъда суст гардад, яъне мавриди якбора кам шудани миқдори инсулин, таносуби инсулин – адреналин тағйир ёфта, гипергликемияи инсулинӣ инкишоф меёбад (ниг. Диабети қандӣ).

Гипергликемияи ғизоӣ баъди 3 – 5 соат дар натиҷаи зиёд шудани глюкозаи хун баъди истеъмоли ғизои серангиштоб ба гипогликемияи ногаҳонӣ (якбора кам шудани глюкозаи хун) иваз мегардад. Гипогликемия ҳангоми кори вазнин ва тӯлонии ҷисмонӣ, вақте ки глюкозаи хун чун манбаи энергия зиёд сарф гашта, ҷуброн намешавад, ба вуҷуд меояд. Аксар вақт дар аснои иллати бофтаи эндокринии ғадуди зери меъда гиперинсулинизм (зиёд ҳосил шудани инсулин) инкишоф меёбад.

Ҳангоми бемориҳои гурда глюкоза бо пешоб ихроҷ шуда, дар натиҷа гипогликемия ба амал меояд. Гипогликемия зимни бемории Аддисон ва микседема низ мушоҳида мешавад. Дар натиҷаи ба организм гузаронидани вояи зиёди инсулин (мас., ҳангоми табобати диабети қандӣ) навъи махсуси гипогликемия инкишоф меёбад. Зимни бемориҳои системаи асаб ва бемориҳои рӯҳӣ гипогликемия худ аз худ пайдо мешавад. Норасоии глюкоза дар бофтаҳо, хусуан дар мағзи сар, ба ҳолати беҳушӣ оварда мерасонад (ниг. Иғмо).

Чандин иллатҳои вазнини ирсию мубодилавӣ маълуманд, ки аломати онҳо дар организм хеле афзудани миқдори пайвастҳои мураккаби карбогидратҳо аст. Вобаста ба сохтори моддаҳои дар ҳуҷайра ғуншуда ин бемориҳо ба мукополисахаридозҳо, гликолипидозҳо ва гликопротеидозҳо тақсим мешаванд. Сабаби пайдоиши онҳо набудан ё якбора кам гаштани фаъолияти ин ё он ферментест, ки дар таҷзияи мукополисахаридҳо, гликолипидҳо ё гликопротеидҳо ширкат меварзанд.

Карбогидратҳо дар ғизо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Калорияи карбогидратҳо ба калорияи сафедаҳо баробар аст: ҳангоми сӯзиши 1 г карбогидратҳо дар организм 4,1 ккал энергия ҷудо мешавад. Зиёд шудани карбогидратҳои хӯрок боиси афзудани вазн мегардад (ниг. Фарбеҳӣ).

Миқдори карбогидратҳо и ғизои одам ба ҳисоби миёна нисбат ба миқдори чарб ва сафедаҳо 4 маротиба зиёдтар аст. Вале захираи карбогидратҳо дар организм метавонад ба чарб табдил ёбад. Норасоии карбогидратҳо ё аз вояи хӯрок тамоман дур кардани онҳо, боиси ихтилоли фаъолияти организм мегардад. Карбогидратҳоро дар вояи хӯрок фақат бо тавсияи духтур (ҳангоми табобати диабет, фарбеҳӣ ва ғайра) кам мекунанд. карбогидратҳо қисмати асосии вояи хӯрок мебошанд. Нисфи зиёди калорияи шаборӯзии вояи хӯрок аз ҳисоби карбогидратҳо таъмин мешавад. Истеъмоли карбогидратҳо дар як шаборӯз 350 – 500 г аст. Истеъмоли маҳсулоти рустанӣ (ғалладона, картошка ва ғайра) эҳтиёҷи организмро ба карбогидратҳо қонеъ мегардонад. Карбогидратҳо қариб 75%-и моддаи хушки маҳсулоти рустаниро ташкил медиҳанд. Истеъмоли қанд низ (ангиштоби холис аст) организмро ба карбогидратҳо таъмин месозад. Маҳсулоти ҳайвонот чун манбаи карбогидратҳо чандон муҳим нест. Вале шир дар синни кӯдакӣ ва пиронсолӣ ғизои асосӣ, манбаи муҳими карбогидратҳо буда, талаботи организмро ба онҳо қонеъ мегардонад. Ҳангоми истеъмоли қанд, он зуд ҳал шуда, ба хун мегузарад. Глюкоза ва фруктоза моносахаридҳои асосии ғизоӣ мебошанд.

Хусусияти муҳими глюкоза зудҳазмӣ буда, барои дар организм ҳосил шудани гликоген, ғизогирии мушакҳо, аз ҷумла мушакҳои дил, нигоҳ доштани консентратсияи муқаррарии қанди хун ва захираи гликоген дар ҷигар зарур мебошад. Глюкоза барои бемороне, ки баъди ҷарроҳӣ беҳол гаштаанд, ғизои хуб маҳсуб мешавад.

Фруктоза қандест, ки ҳангоми меҳнати фикрӣ ва дар синни наврасию солхӯрдагӣ истеъмол кардани он муҳим аст. Фруктозаро дар сурати ихтилоли мубодилаи равғану холестерин, ҳамчунин беморони гирифтори атеросклероз ба ҷои қанд истеъмол мекунанд. Аз қанд тақрибан 2 маротиба ва аз глюкоза 3 маротиба ширинтар аст. Он ба фаъолияти микрофлораи рӯда таъсири хуб мерасонад. Меваҷот ва асал манбаи асосии фруктозаю глюкозаанд. Асал 25 – 37% глюкоза ва 39 – 40% фруктоза дорад.

Сахароза ва лактоза дисахаридҳое мебошанд, ки барои тағзияи одам аҳамияти калон доранд. Лактоза дар рӯда суст гидролиз мешавад ва фаъолияти микрофлораи рӯдаро мӯътадил мегардонад; он барои ҳосил шудани чарб кам сарф мегардад.

Сахароза бештар дар намуди қанд истеъмол мешавад. Истеҳсол ва истеъмоли қанд дар ҳамаи мамлакатҳо солҳои охир хеле афзудааст. Қанд хосияти ғизоӣ дошта бошад ҳам, дар баъзе ҳолатҳо (мас., ҳангоми меҳнати фикрӣ, камҳаракатӣ, майл ба фарбеҳӣ, дар солхӯрдагӣ ва ғайра) онро бояд кам истеъмол кард. Азбаски дар пайдоишу инкишофи атеросклероз ва фарбеҳӣ (шахсони камҳаракат) калорияи зиёдаи хӯрок мавқеи муҳим дорад, барзиёдии қанд ба инкишофи ин бемориҳо мусоидат мекунад. Бисёр истеъмол кардани қанд боиси дар хун афзудани холестерин мегардад. Оҳар аҳамияти калони ғизоӣ дорад. Қариб 80% - и миқдори умумии карбогидратҳои вояи хӯрок аз оҳар иборат аст. Дар маҳсулоти ғалладона, лӯбиёгӣ ва картошка зиёд будани оҳар қимати ғизоии онҳоро баланд мекунад. Оҳар дар организм ба қанд табдил меёбад.

Селлюлоза ва моддаҳои пектинӣ ҳам ба карбогидратҳо мансубанд; дар маҳлулҳои обӣ бо иштироки кислотаҳо ва қанд хамираи коллоидӣ ҳосил мекунад. Маводи пектинӣ дар тағзияи одамони солим, табобати баъзе амрози меъда, рӯда, сӯхтагӣ, захмҳои сирояткарда муфиданд. Карбогидратҳои клечатка ҳаракати мавҷмонанди рӯдаро меангезанд; онҳо инчунин барои аз организм баровардани холестерин, мӯътадил гардондани микрофлораи рӯда ёрӣ мерасонанд.

  • Энсиклопедияи мухтассари тиб