Асируддини Ахсикатӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Асируддини Ахсикатӣ
Санаи таваллуд:

1108-1110

Зодгоҳ:

Ахсикат

Санаи марг:

1198(1198)

Шаҳрвандӣ:

Эрон

Навъи фаъолият:

суханвар

Забони осор:

порсӣ

Асируддини Ахсикатӣ аз шоирони садаи XII мебошад.

Зиндагинома[вироиш]

Асируддини Ахсикатӣ дар шаҳри Ахсикат, ки дар асрҳои X-XII аз марказҳои муҳими илмию адабии Мовароуннаҳр маҳсуб мешуд, ба дунё омадааст. Таърихи валодати ўро дар байни солҳои 1108-1110 муайян кардаанд (Асируддини Ахсикатӣ, Девон. Ба чоп тайёркунанда ва муаллифи сарсухану луғоти тавзеҳот И.Ҳидоятов.-Д., 1989, саҳ.5). Асируддини Ахсикатӣ дар шаҳрҳои Ахсикат, Хуҷанд, Балх, Марв, Нишопур, Ҳирот таҳсили илм карда, дар ҳавзаи дарси донишмандон ва сухансароёни ин шаҳрҳо ба ка-мол расидааст. Аз истилоҳи зиёди фалсафӣ, риёзӣ ва нуҷумӣ, ки дар ашъори ў мушоҳида мегардад, падидор аст, ки монанди бештари суханварони ин аҳд бар ин илмҳо тасаллут ва огоҳии хуб доштааст.Аз сабаби он ки дар рўзгори Асируддини Ахсикатӣ амирону вузарои Ироқу Озарбойҷон дар шоирнавозӣ ва парвариши аҳли дониш ном бароварда буданд ва суханварони бузурге чун Низомӣ, Хоқонӣ, Заҳири Форёбӣ, Ҷамолуддини Исфаҳонӣ, Муиззӣ ва дигарон дар зери ҳимояту сарпарастии онҳо ҳунари суханварӣ зоҳир мекарданд, ихтиёри сафар ба он шаҳрҳо кард. Ў муддатҳои дарозе дар Нишопур, Ҳамадон, Исфаҳон ва Озарбойҷон зиндагӣ ба сар бурдааст.Шоири Ахсикатӣ қасоид ва ашъоре дар мадҳи Рукнуддин Арслон ибни Туғрал, Шамсуддин атобаки аъзам Элдигиз, Нус-ратуддин Муҳаммад ибни Элдигиз, Қизил Арслон ибни Элди-гиз ба назм дароварда, мавриди навозишу инояти онҳо қарор гирифт. Асируддини Ахсикатӣ дар давраи ҳукмронии Қизил Арслон (солҳои 1185-1191) ба мартабаи маликушшуароӣ ноил гаштааст. Поёни умри Асируддин дар ғурбат ва танҳоӣ сипарӣ гашта, дар Озарбойҷон дори дунёро тарк кардааст.

Мероси адабӣ[вироиш]

Осори адабии Асируддини Ахсикатӣ дар девони ашъори ў ҷамъоварӣ ва тадвин шудааст, ки шомили қасоид, ғазалиёт, қитъа, тарҷеъбанд ва рубоиву муфрадот мебошанд. Ин девон соли 1337-уми ҳиҷрии шамсӣ (1959-уми мелодӣ) дар Теҳрон бо муқаддима ва тасҳеҳу муқобалаи Рукнуддини Ҳумоюнфаррух ба табъ расидааст. Ҳамчунин мунтахаби он девон соли 1989 дар Душанбе бо сарсухан ва луғоту тавзеҳоти Исмат Ҳидоятов ба алифбои кириллӣ мунташир гаштааст. Аҳмади Мунзавӣ ҳаждаҳ нусхаи хаттии девони ўро шиносоӣ кардааст, ки қадимтарини он дар соли 713-уми ҳиҷрӣ (1312-1313-уми мелодӣ) китобат шудааст ва дар ганҷинаи китобҳои «Индия Оффис» нигаҳдорӣ мешавад (Феҳрасти нусхаҳои хат-тии форсӣ, ҷилди 3, саҳ.2217-18). Ин нусхаи қадима 6600 байт шеъри Асируддини Ахсикатиро дар бар гирифтааст. Нусхаи чопии Рукнуддини Ҳумоюнфаррух шомили 5756 байт ашъори сухансарои Ахсикатӣ мебошад, ки бештари он марбут ба қасоиди шоир аст. Таносуби абёт аз рўи анвои шеърӣ дар ин нашр чунин сурат гирифтааст: Қасоид 4214 байт, ғазалиёт 1361 байт, қитъа 557 байт, тарҷеъбанд 234 байт, рубоӣ 142 байт ва муфрадот 244 байт.Асируддин дар арсаи суханварӣ бештар бо қасоиди матини худ шуҳрат дорад. Давлатшоҳи Самарқандӣ дар тавсифи ашъори ў чунин овардааст: “Донишманди фозил буда ва дар суханварӣ мартабаи аъло дорад…Арбоби фазл Асирро дар шоирӣ мусаллам медоранд ва баъзеро муддао он аст, ки сухани ў бар сухани Хоқонӣ ва Анварӣ фазл дорад ва баъзе ин даъворо мусаллам намедоранд. Инсоф он аст, ки ҳар яке аз ин се фозилро шеваест, ки дигарро нест. Асир суханро донишмандона мегўяд ва Анварӣ салиқаи суханро хубтар риоят мекунад ва Хоқонӣ аз тумтароқи лафз бар ҳама фазл дорад” (Тазкираи Давлатшоҳӣ, саҳ.135).Табъи баланди Асируддини Ахсикатӣ ва ҷозибаҳои ашъори ўро донишмандони муосир низ ситоиш кардаанд. Аз ҷумла устод Бадеуззамони Фурўзонфар мартабаи шоирии ўро чу-нин ба қалам овардааст: “Асируддин шоире варзидатабъ ва ашъори вай матин аст. Мояи табиӣ ва истеъдоди аслии ў ба эҳтимоли ағлаб монанди шуарои номвари қарни шашум буда ва аз ҳеч як пояи фурўтар надошта, чунончи мухтареоти лафзӣ ва маънавии ў, ки дар ҳадди худ бисёр аст, гувоҳӣ медиҳад” (Сухан ва суханварон, саҳ.533).Ягона нуктае, ки бар шеваи шоирии Асируддини Ахсикатӣ метавон гирифт, он аст, ки ў табъи баланди шоирии худро бо занҷири тақлид бастааст. Ин шоири тавоно қасоиди зиёде дар пайравии ашъори Анварӣ, Хоқонӣ, Муҷири Байлақонӣ ва шуарои дигар ба назм оварда, худро пойбанди маъниҳо ва қофияву радифи ашъори онҳо кардааст. Аммо дар он бахши осори адабӣ, ки истиқлоли бештари фикрӣ дошт, ҳунари олии хештанро дар назми маъниҳои диловез зоҳир кардааст.

Намунаи ашъор[вироиш]

Эй шамъ, зардрўӣ, ки дар оби дидаӣ,
Сархайли ошиқони мусибатрасидаӣ.
Фарҳоди вақти хешӣ, месўзу мегудоз,
То худ чаро зи суҳбати Ширин буридаӣ.
Як шаб сипанди оташи ҳиҷрон шавӣ, чӣ бок?
Шаш маҳ ҷамоли васл на охир ту дидаӣ.
Ёрӣ ба бод додаӣ, ар на чаро чу ман
Бодрангу ашкбору низору хамидаӣ?
Онро, ки нури дидагон бурдаӣ ту худ,
Доим дар оби дида аз он нур дидаӣ.
Мурғе чунин шигарф, ки дар ҳадди худ туӣ,
Парвонаро ба ҳамнафасӣ чун гузидаӣ?!
Оре, ту худ чу аз магасе зодаӣ ба асл,
Имрўз низ бо магасе орамидаӣ.

Аз ғазалиёт

Ё раб, он моҳи тамом они ман аст,
Ки ба қад сарви хиромони ман аст,
Бо сари зулфи парешон ҳама рӯз.
Дар пайи кори парешони ман аст.
Умри човид тамаъ медорам.
Ки лабаш чашмаи ҳайвони ман аст.
Он лаб, он лаб, ки шакар бандаи уст.
Кас чӣ донад, чи ба дандони ман аст.
Гамзаи ӯ хама куфр аст, валек,
Куфри у бехтар аз имони ман аст.
Аз саги куйи ваям, нест дарег,
Суханаш, к-аз ҳама дар ҷони ман аст.
Ман, ки девонагиям аз сари уст,
Зулфи у силсилачунбони ман аст.
Чурми занчири вай аст ин ки зи гам,
Пирахан бар тан зиндони ман аст.
Ин ки дар пой сад андухам гашт,
Хам диле бе сару сомони ман аст.
Ин хама ҳасту ҳамегуяд Асир,
Ёраб, он моҳи тамом они ман аст.
Ҳусни руяш дида пурхун мекунад,
Ақл воқиф нест, то чун мекунад?
Об мегирад зи руяш чашму пас,
Акси ӯ он об гулгун мекунад.
Дасти хуснаш мохро гесукашон,
Аз бисоти чарх берун мекунад.
Айни бедодист дар даври ғамаш,
Ҳар ки оҳ аз ҷаври гардун мекунад.
Ақро чун аблаҳон дар шиша кард,
Чашми ӯ, ё раб, чи афсун мекунад.

Аз рубоиёт

Дил душ дам аз ҳавои дилбар мезад,
Ҳар ҷо ки расид, ҳалқа бар дар мезад,
Ҳамчун магас аз ҳасрати он тунги шакар,
Фарёдкунон ду даст бар сар мезад.
Сад пора вуҷудамро фуру бехтаанд,
То мисли ту сурате барангехтаанд,
Субҳоноллаҳ, зи фарқи сар то поят,
Дар қолиби орзуи ман рехтаанд.

Адабиёт[вироиш]

1.Абдулманнони Насриддин.Куллиёти осор.ҷ.1, Хуҷанд, 2013.-с.399-403

2. Асируддини Ахсикатӣ. Девон. Ба чоп тайёркунанда ва муаллифи сарсухану луғоти тавзеҳот И.Ҳидоятов.-Душанбе, 1989

3. Аҳмади Мунзавӣ. Феҳрасти нусхаҳои хаттии форсӣ, ҷилди 3, саҳ.2217-18

4. Давлатшоҳи Самарқандӣ. Тазкират-уш-шуаро.-Теҳрон, 1382