Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Британияи Кабир

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Британияи Кабир
англ. United Kingdom of Great Britain and Northern Ireland
Парчам Нишон
Парчам Нишон
[[Суруди миллии {{{Номи одӣ}}}|Суруди миллии {{{Номи одӣ}}}]]
Забонҳои расмӣ инглисӣ
Пойтахт Лондон
Воҳиди пул Фунт Стерлинг
Интернет-домен .uk
Рамзи ISO GB
Рамзи КБО GBR
Пешшумораи телефон +44
Минтақаи замонӣ Europe/London[d][1]

Британияи Кабир (Great Britain) — Салтанати Мут­таҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ (United Kingdom of Great Britain and Northern Ireland), давлат дар қисми шимоли ғарбии қитъаи Аврупо.

Британияи Кабир дар ҷази­ра­ҳои Британия (бо ҷазираҳои хурди атрофаш ва қисми ши­мо­ли шарқии ҷазираи Ирландия) ҷой гирифтааст. Ҷа­зираи Мэн дар баҳри Ирланд ва ҷазира­ҳои Норманди во­қеъ дар гулӯгоҳи Ла-Манш низ мансуби Британияи Кабир мебошанд. Ғайри қитъаи хурди (хушкии дарозиаш 360 км) сарҳадди байни Республикаи Ирландия ва Британияи Кабир, боқӣ тамоми сарзамини мамлакат дар иҳотаи об аст: аз шарқ– баҳри Ши­молӣ, аз шимол ва шимоли ғарбӣ – Уқ­ё­нуси Атлантик: аз ғарб – баҳри Ирланд, гулӯгоҳҳои Ши­молӣ ва Георгийи Муқаддас, аз ҷануб – гулӯгоҳҳои Ла-Манш ва Па-де-Ка­ле (ин ҷо ҷазираҳои Британия аз Аврупо ҷудо шудааст). Масоҳати умумии Британияи Кабир якҷо бо об­гирҳои дохилиаш 244,8 ҳазор км2, аҳоли­аш 63,3 млн нафар (2013) Пойтахташ – ш. Лондон (аҳо­лиаш 9,1 млн). Шаҳр­ҳои бузургтаринаш: Бирмингем (2,4 млн), Манчестер (2,1 млн), Глазго (1,5 млн), Ливерпул (1,5 млн) Лидс (1,3 млн), Шеффилд (1,2 млн), Нйукасл (1 млн), Эдинбург (700 ҳазор), Белфаст (650 ҳазор).

Британияи Кабир ба чаҳор вилояти маъмурии таърихию ҷуғрофӣ: Англия (қисми ҷанубӣ ва марказии ҷазираи Британия), Шотландия (қисми шимолӣ), Уэлс (нимҷазираи дар қис­ми ғарбӣ) ва Ирландияи Шимолӣ (шимоли нимҷазираи Ирландия) тақсим шудааст. Тақсимоти маъмурию ҳуду­дии Британияи Кабир ба тариқи зайл сурат гирифтааст: вилояти Англия аз 47 округи мунитсипалӣ, 36 графӣ, 29 округи мунитсипалии Лондони Бузург, 12 шаҳр-округ, 10 ноҳия, 12 шаҳр, 3 округи шоҳӣ (royal boroughs); Шотландия аз 32 шӯрои ноҳиявӣ (counsil areas); Уэлс аз 11 шаҳр-графӣ (co­un­ty boroughs), 9 графии дигар, 2 шаҳр; Ирландияи Шимолӣ аз 2 шаҳр, 6 графӣ, 24 ноҳия иборат аст. Иди миллӣ – зодрӯзи Шоҳбону ҳар сол дар рӯзи шанбеи дуюми моҳи июн ҷашн гирифта мешавад. Воҳиди пулӣ – фунт-стерлинг.

Сохти давлатӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Британияи Кабир монархияи парламентист. Сардо­ри давлат–монарх (шоҳ, шоҳбону) мебошад, ки ҳамзамон сарвари Иттиҳодияи Британияи Кабир (дарбаргирандаи 54 давлат бо зиёда аз 1,7 млрд аҳолӣ, собиқ мустамлика­ҳо) низ мебошад. Шоҳ (шоҳбону) асосан  мақоми намоян­дагиро дорост. Расман сарфармондеҳи қувваҳои мусал­лаҳ, сардори ҳокимияти судӣ ва калисои англиканӣ мебошад; ҳуқуқи даъват кардани парламент, пароканда кар­да­ни Палатаи обшинаҳо, тасдиқи қонунҳои қабулкардаи парламент, ба имзо расондани шартномаҳои байналмилалиро дорад, вале дар асл ҳамаи ин амалҳо ва санадҳо бидуни мувофиқа бо сардори ҳукумат – Сарвазири мамлакат эътибор надоранд. Дар Британияи Кабир конститутсияи  ягона вуҷуд надорад. Асоси қонунгузориро санадҳои қонунгузорӣ (ста­тутҳо), ҳуқуқҳои умумии маъмул, преседент (қоида­ҳои аз ҷониби ҳамаи судяҳо риояшаванда)-ҳои судӣ ташкил карда, Хартияи бузурги озодиҳо (аз соли 1215 маъмул аст), Хабеас корпус акт (аз соли 1679), Билл оид ба ҳуқуқҳо (лоиҳаи қонунҳои ба Парламент пешниҳодша­ванда; аз соли 1689), Қонуни ворисияти тахту тоҷ (аз со­ли 1701) санадҳое мебошанд, ки хислати конститутсионӣ доранд. Мақоми олии ҳокимияти қонунгузор парламент (монарх-шоҳ, Палатаи обшинаҳо, Палатаи лордҳо) мебошад. Аъзои Палатаи обшинаҳо (659 ҷой) ба муҳлати 5 сол интихоб гардида, Палатаи лордҳо аз ҷумлаи симоҳои дорои унвони барон, граф, герсог ташаккул меёбад (аз соли 1999 меросӣ будани ҷойҳо дар Палата бекор  карда шуд). Аз соли 1999 Уэлс ва Шотландия парламенти худ ва Ирландияи Шимолӣ ассамблеяи хешро интихоб менамоянд. Ҳокимияти иҷроия дар ихтиёри ҳуку­мат аст, ки аз ҷониби роҳбари ҳизби ғолиб аз рӯйи нати­ҷаҳои интихоботи парламентӣ ба Палатаи обшинаҳо та­шаккул дода мешавад. Британияи Кабир яке аз муассисон ва узви СММ (аз соли 1945), узви доимии Шӯрои Амният, узви Шӯрои Аврупо, НАТО, шариккори Созмони Умумиҷа­ҳонии Тандурустӣ, Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, Хазинаи Байналмилалии Таҷдид ва Рушд, Хазинаи Байналмилалии Асъор, САҲА, ЮНЕСКО, МАГАТЭ, Интерпол ва ғайра мебошад. Муноси­батҳои дипломатии Британияи Кабир бо Ҷум­ҳурии Тоҷикистон аз 15 январи 1992 барқарор гардида, 20 декабри 2001 дар Душанбе Сафорати Британияи Кабир ва 11 феврали 2008 дар Лондон Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ кард.

Гурӯҳи Ҷазираҳои Британия, ки  Британияи Кабирро ташкил додаанд, дар маҳалли паҳноби қитъавӣ ҷойгиранд. Ин ҷазираҳо аз материк (қитъа) дар давраи баъди яхбан­дӣ ҷудо шудаанд. Дарозии Британияи Кабир аз шимол ба ҷануб аз 1000 км зиёд набуда, ҷойи васеътарини бараш наздики 500 км аст. Маъмулан релйефи Британияи Кабир иборат аз минтақаи баланд (Highlands, шимоли ғарб ва ғарби мамлакат) ва паст (Lowlands, ҷануби шарқ ва шарқ) дониста шуда, водиҳои д-ҳои Экс ва Тис шартан хатти ҷудокунандаи ин ду мин­тақа ба ҳисоб меравад. Шотландия асосан аз суфа­кӯҳ­ҳои баландиашон аз 600 то 900 м иборат буда, қуллаи Бен-Невис (1343м) нуқтаи баландтарини тамоми Британияи Кабир аст. Макони баландтарини нимҷазираи Уэлс кӯҳи Сноудон (1085 м) мебошад. Қисми марказӣ ва ҷанубии Англия аз ҳамвориҳои Фена, Мидленд, Чешира, Ҳэмпшир, теппа­ҳои Чилтерн, Йорк, Даунси Ҷанубӣ ва Даунси Шимолӣ иборат аст. Ирландияи Шимолӣ низ аз теппакӯҳҳо (идомаи кӯҳистони Шотландия) иборат буда, дар соҳилаш мавзеи машҳури Антрим – маҳалли Мероси табиии уму­миҷаҳонӣ ҷойгир аст. Дар ин ҷо зиёда аз 40 ҳазор «су­тун»-и бузурги базалтии тақр. 60 млн сол пеш аз тафтаи вулқонӣ пайдошуда мавҷуданд, ки баландтарини онҳо 12 м мебошад.

Сохти геологӣ, сарватҳои табиӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Шакли ҳозираи релйефи Британияи Кабир дар замони неоген аз таҳаввулоти гуногуни қишри замин ва тафтаи аз вулканҳо ҷоришуда ташаккул ёфтааст. Бештари ҳудуди мамлакатро қабати бӯр ишғол карда, пиряхҳои аҷоибшакл ва кӯлҳои сершумор (махсусан дар шимол) нишонаи ба сар бурдани яхбандии давраи чорум мебошад, ки борҳо саросари ин минтақаро пӯ­шондааст. Қариб тамоми ҳудуди ҷазираҳои Британия дар минтақаи чиндоршавии каледонӣ ҷойгир буда, дар он таҳнишастҳои давраи палеозой ва мезозой ба мушоҳида мерасанд. Ҳавзаҳои ангиштсангии Уэлси Ҷанубӣ, Йоркшир ва Нортумберленд дар ташаккули минтақаҳои саноатии мамлакат нақши муҳим доштанд (захираҳои умумии ангиштсанг 230, 4 млрд т, ангишти сиёҳтоб – 1млрд т). Солҳои 1960 дар ҳудуди Британияи Кабир конҳои зиёди нафт ва га­зи табиӣ кашф шуданд. Захираҳои бузурги оҳан, қӯр­ғо­шим, руҳ, нуқра, тило, намаки калий, барит, каолин (дар Нортгемптоншир ва Корнуолла), намаксанг (Чешира ва Дарем), уран (Шотландия) сарватҳои  табиии Британияи Кабир мебошанд.

Иқлими Британияи Кабир

[вироиш | вироиши манбаъ]

Нарм, боришоташ зиёд аст. Ҳарорати ми­ёнаи ҳаво дар Лондон моҳи июл 180С, январ  40С . Моҳи октябр мавсими боришоти шадид, зимистон фасли туманҳост (7–10 рӯзи моҳ). Шотландия минтақаи сардтарини Британияи Кабир буда, дар нишебиҳои кӯҳистони Шотландия миқдори боришот соле то ба 3810 мм мерасад. Иқлими Уэлс низ чун иқлими Англия, нарму рутубатнок аст. Обҳои дохилии Британияи Кабир хеле фаровон буда, дарёҳо бо ву­ҷуди кӯтоҳ будан, пуробанд; дарозтарин д. Северн (322 км) мебошад, ки ба халиҷи Бристол мерезад. Дар мамлакат байни д-ҳои Темза, Уз, Трент, Туид, Мерси наҳрҳо кофта, шабакаи зичи роҳҳои обӣ таъсис додаанд; бандар­гоҳҳо зиёданд. Шотландия макони кӯлҳои сершумор аст, бузургтаринашон: Лох-Ломонд, Лох-Несс ва Лох-Морар (амиқтарин –310 м). Кӯлҳои бузурги Ирландияи Шимо­лӣ: Лох-Ней (382 км2), Лох-Эрн (123 км2). Захираҳои гидроэнергетикии Британияи Кабир асосан д-ҳои кӯҳии Шотландия мебошанд, ки барои мамлакат кофӣ нестанд. Хоки Британияи Кабир бештар хокистарӣ (дар шимол) ва бӯри бешаӣ (дар ҷа­нуб), дар баландиҳо – торфдор. Соҳилҳои халиҷи Уош ва қисми паҳноби резишгоҳи дарёи Ҳамбер ҳосилхезанд. Қариб тамоми заминҳо корам буда, набототи худрӯй танҳо дар минтақаҳои кӯҳӣ боқӣ мондаанд. 12 дарсади ҳудуди мамлакатро беша ва буттазор фаро гирифтааст (масоҳати умумиаш 28 ҳазор км2). Дар Англия ва Уэлс бештар дарахтони паҳнбарг ва дар  Шотландия дарахтони сӯзан­барг мерӯянд. Ботлоқзор бисёр аст. Олами ҳайвоноти Британияи Кабир хеле коҳиш ёфтааст. Дарандаҳои бузургҷусса тамоман нест шудаанд. Аз хазандаву обхокиҳо танҳо 6 намуд бо­қӣ мондаанд, ки аҳёнан вомехӯранд. Асосан гавазн, рӯ­боҳ, қашқалдоқ, харгӯш; аз парандагон кабк, кабӯтар, зоғ мавҷуданд. Дар Шотландия бештар гавазн, савсор, саго­бӣ, гурбаи ваҳшӣ вомехӯ­рад. Дар обҳои назди со­ҳилҳо ҳамагӣ се-чор намуди мо­ҳӣ боқӣ мондаанд. Дар Уэлс муши обӣ, гурбаи ваҳшӣ ба назар мерасанд, аммо дар вилояти Англия вонамехӯранд. Ҷазираҳои Британия гузар­го­ҳи парандаҳои кӯчӣ буда, соле зиёда аз 100 намуди онҳо бо селаҳои бузург осмони ин сарзаминро убур мекунанд. Дар Британияи Кабир дар самти ҳифзи табиат корҳои зиёд карда мешаванд. 14 боғи миллии табиӣ (9-тоаш дар вилояти Англия, боқимонда дар Уэлс ва Шотландия) макони туризм буда, ба боғи Пик-Дист­рикт (дар маркази вилояти Англия) соле то 22 млн ва ба боғи Лейк-Дистрикт (дар қисми шимоли ғарбии ин вилоят) беш аз 12 млн сайёҳ ташриф меоваранд. Соли 2002 дар назди кӯли Лох-Ло­монд боғи миллии нав таъсис ёфт. Масоҳати умумии боғ­ҳо 20,3 ҳазор км2 буда, 45 минта­қаи наздисоҳилӣ, 17 бешабоғ, баъзе минтақаҳои ботлоқ­зор, ҷангалзорони нав­нумӯ (ниҳолҳои баъди дарахтбурӣ шинондашуда) таҳти муҳофизати махсус қарор доранд. Мамнӯъгоҳи «Пайро­ҳаи таҳамтанҳо» дар Антрим (масо­ҳаташ 67 га, Ирландияи Шимолӣ) ба Феҳристи мероси умумиҷаҳонии ЮHECKO ворид карда шудааст. Олудашавии обу хок аз фаъолияти истеҳсолӣ, махсусан соҳаи кӯҳкорӣ, дарахтбурии аз меъ­ёр зиёд, бодлесии (эрозияи) хок ва ғайра  масоили экологии мамлакат мебошанд.

92,1 дарсади аҳолӣ асосан мардумони брита­нӣ, аз ин ҷумла англисҳо 83,6 %, шотландиҳо 8,6 %, ир­лан­диҳо 2,9 %, уэлсиҳо 4,9 % мебошанд. Наздики 8 дарсади боқимондаро муҳоҷирон ва авлоди онҳо, ки аз со­биқ сарзаминҳои мустамликавӣ омадаанд (асосан ҳин­ду­ҳо, покистониҳо, сокинони мамлакатҳои ҳавзаи Кариб, афри­қои­ҳо), ташкил медиҳанд. 37 дарсади муҳоҷирон маскуни Лондони Бузург мебошанд. Бо вуҷуди маҳдудкунии во­ридшавии аҷнабиён ба мамлакат, сафи муҳоҷирон (беш­тар аз ҳисоби афзоиши табиӣ) торафт зиёд мешавад. Дар маҳаллаҳои дурдасти вилоятҳои таърихии мамлакат ақал­лиятҳои миллӣ–аҷдоди қабилаҳои келтӣ фарҳанг ва забони худро маҳфуз доштаанд. Забони давлатӣ англисӣ бу­да, 26 дарсади сокинони Уэлс ба забони валлӣ, қисми аҳолии Шотландия (сокинони қисми шимоли ғарбии он ва ҷазираҳои Гебрид) ба шотландӣ, сокинони ҷазираҳои Норманд ба забони фаронсавӣ ҳарф мезананд. 60 ҳазори аҳолӣ яҳудиёнанд. 71,6 дарсади аҳолӣ муътақидони ма­се­ҳия (асосан шохаи протестантии он) мебошанд. Калисои англиканӣ, ки мақоми давлатӣ дорад, 34 млн, дар Шотландия Калисои пресвитерӣ 800 ҳазор ва методистон 760 ҳазор эътиқодмандонро муттаҳид кардаанд. Дар мамлакат 9 млн католик, наздики 2 млн мусулмон, инчунин православҳо, сикхҳо, муътақидони динҳои яҳудия, буддоия ва ғайра умр ба сар мебаранд. Дарозумрӣ ба ҳисоби миёна 78,5 сол, зичии миёнаи аҳолӣ дар 1 км 2 247 нафар, дар вилояти Англия 383 нафар аст. 90 дарсади  аҳолӣ шаҳрнишинонанд. Дар масъалаи шуғли аҳолӣ соҳаи хид­мат­расонӣ бартарӣ дорад. Дар Британияи Кабир ҳар даҳсола барӯй­хатгирии аҳолӣ баргузор мешавад.

Маводди ҳафриёти бостоншиносии бадастомада аз ҳудуди кунунии Британияи Кабир мансуби давраи аввал ва миёнаи палеолит аст. Ҳазорсолаи 3 – аввали ҳазорсолаи 2 то мелод дар ҳудуди Британияи Кабир қабилаҳои аз ҳудуди Фаронсаи ку­нунӣ ва шояд аз нимҷазираи Пиреней кӯчида сокин шудаанд. Иншооти мегалитии барҷомондаи Стоунҳенҷ ман­суби давраи охири неолит ва ибтидои асри биринҷӣ аст. Ҷазираҳои Британияро юнониҳо «Ҷазираҳои қӯрғо­ши­мӣ» меномиданд, чунки аввали ҳазорсолаи якуми то мелод финикиён аз ин ҷо қӯрғошим мекашонданд. Қабила­ҳои келтӣ ё худ бриттҳо дар ин сарзамин офарандагони тамаддуни асри оҳан гардиданд. Миёнаи асри I то мелод ба ин сарзамин румиҳо ҳамла оварда (юришҳои Юлий Сезар солҳои 55 ва 54 то мелод), қисми ҷанубии онро ба тасарруфи худ дароварданд ва онро Музофоти Британия ном ниҳо­данд. Асри IV дар байни аҳолии маҳаллӣ дини насрониро ҷорӣ карданд. Соли 410 ҳукмронии 400-солаи румиҳо расман ба поин расид. Миёнаи асри 5 ба Британия қа­билаҳои олмониҳои шимолӣ – англҳо, саксҳо, фриз­ҳо ва ютҳо (номи умумиашон англосаксҳо) ҳамла оварда, қис­ми аҳолии таҳҷоиро нобуд карданд ва қисми дигарашро ба шимол ва ғарби қитъа танг карда бароварданд. Асрҳои VI–VII дар ҳудуди Британия якчанд шоҳии англо­саксонӣ: Англияи Шарқӣ, Кент, Мерсия, Нортумбрия, Суссекс, Уэссекс, Эссекс ташаккул ёфт. Муборизаи бритт­ҳо бар зидди ин аҷнабиён дар ҳамосаҳои ба шоҳ Артур бахшидаи мардум инъикос гардидааст. Охири асри VIII ба Британия норманҳои Дания ҳамлавар шуданд. Шоҳи Уэс­секс–Эгберт шоҳиҳои англосаксҳоро дар давлати ягона мут­таҳид кард (соли 829). Дар замони ҳукм­ронии набераи ӯ Алфреди Бузург (охири асри IX) дар мамлакат маҷмӯи қо­нунҳои умумианглисӣ бо номи «Ҳақи­қати шоҳ Алфред» ҷорӣ гардид. Соли 1066 Англияи анг­лосаксониро герсоги нормандӣ Вилгелм ба тасарруфи худ дароварда, давлати ягона таъсис дод. Заминҳоро ба феодалҳо тақсим кард, вале онҳоро дар тобеияти бевосита ба шоҳ нигоҳ медошт. Вилгелми Фотеҳ асосгузори сулолаи нави нор­мандӣ дар Британия гардид. Муттаҳид шудани Англия бо Нормандия муносибатро бо Фаронса халалдор кард. Баъди марги Вилгелм тоҷи шоҳии англис насиби писари хурдии ӯ Вилгелми II гардид. Кӯшиши забти Нормандия аз ҷониби Вилгеми II боиси ихтилофот гардид  ва ни­ҳоят, ба муқовимати шоҳи Фаронса Людовики VI  нигоҳ накарда, Нормандия тобеи Англия шуд. Дар замони ҳукм­ронии Вилгелм ва писараш Ҳенрихи I ба феодалҳо ва калисо озодиву имтиёзҳо дода шуд. Дар натиҷаи ҷорӣ шудани ислоҳот иқтисоди мамлакат пеш рафт, шаҳрҳо тараққӣ карданд, савдо бо давлатҳои дигари Аврупо  авҷ гирифт. Солҳои 1169–71 тасарруфи Ирландия шурӯъ шуд. Амалҳову ҳадафҳои шоҳони минбаъда – Ричарди I (лақа­баш Шердил, давраи ҳукмр. 1189–1199) ва Иоанни Безамин (1199–1216) бештар ба сиёсати хориҷӣ равона шуда, ширкат дар Юриши сеюми салибӣ, муҳориба бо шоҳи Фаронса Филиппи II Август ва мубориза бо папаи Рум Иннокентии III ва ғайра норозигии феодалҳо-баронҳоро ба вуҷуд овард. Шӯриши баронҳоро ритсарҳо ва сокинони шаҳрҳо дастгирӣ карданд. Иоанни Безамин маҷбур гардид ба ҳуҷҷати ҳукми қонундоштаи Аҳдномаи бузурги озодиҳо (ҳоло низ дар қонунгузории Британияи Кабир ба он такя мекунанд) имзо гузорад. Ҳукмронии тӯ­лонии писари Иоанни Безамин – Генрихи III (1216–72), ки аз 9-солагӣ ба тахт нишаста буд, норозигии мардумро бештар гардонд ва аз соли 1263 сар карда, торафт ҷомеа­ро ба ҷанги шаҳр­вандӣ таҳрик медод. Ин буд, ки соли 1265 дар мамлакат аввалин бор парламент тарҳрезӣ шу­да, дар аҳди Эдуарди I (1272–1307) комилан ташаккул ёфт. Акнун дар Англия шакли нави монархия – монархияи пар­ламентӣ зуҳур мекард. Соли 1334 дар аҳди Эдуарди III (1327–77) Шотландия тобеи Англия гардид. Замони ҳукмронии Эдуарди III байни Англия ва Фаронса Ҷанги садсола (1337–1453) сар шуда, барои Фаронса ин ҷанг ба ҳаракати озодихоҳӣ баҳри истиқлоли комил табдил ёфт. Андозҳои гарони дав­латии барои адои қарзҳои Ҷанги садсола ҷоришуда бо­иси сар задани шӯриши соли 1381 гардиданд. Аз охири асри XIV дар Англия баршина аз байн бардошта, замини феодалҳо ба деҳқонон ба иҷора дода шуд. Баъди хотима ёфтани Ҷанги садсола ҷидоли байни ду сулола–Ланкас­терҳо ва Плантагенет-Йоркҳо сар шуда (1455–85), он ба ҷанги шаҳрвандӣ табдил ёфт. Дар нати­ҷа, ҳар ду сулола аз сари қудрат рафта, ҷойи онро сулолаи нави Тюдорҳо ишғол кард (аз табақаи савдогарон ва деҳқонони бойшуда). Нахустшоҳи ин сулола Ҳенрихи VII (1485–1509) бо Фаронса ва Шотландия аҳдномаи сулҳ баст. Ӯ ба соҳиб­корӣ ва ташкили флоти ҳарбӣ диқ­қати махсус медод. Дар иқтисод ҷойи истеҳсоли пашмро, ки маводди асосии содирот буд, матоъбофӣ гирифт. Дар калисо ҳам навсозиҳо ҷорӣ гардида, Калисои англиканӣ худро аз тасарруфи Папа озод эълон кард. Таҳрими кӯ­тоҳ­муддати католитсизм ва таъкиби оммавии протес­тант­ҳо дар аҳди духтари Ҳенрихи VIII шоҳбону Мария Тюдор ( 1553–58) ҷараён дошт. Замони ҳукмронии Елизавета (1558–1603)–духтари хурдии Ҳенрихи VIII «асри тилоӣ»-и капитализми ибтидоии англис буд. Дар Гвинея, Левантия, Маскав шир­кат­ҳои бузурги тиҷоратӣ таъсис ёфта, ширкати Ост-Ин­дия бузургтарин ширкати савдои ҷаҳон гашт. Кашфиёти бузурги ҷуғрофиёӣ, кушодани заминҳои нав ва роҳҳои обии ҷадид боис шуд, ки фаъолияти баҳрии Англия дар Уқёнуси Атлантик ривоҷ ёбад. Ин қазия хилофи ман­фи­атҳои «шоҳаншоҳи баҳрҳо» – Испания буд. Баъди торумори лашкари «мағлубнопазир»-и испаниягӣ (1588) Англия дар сафи давлатҳои абарқудра­ти баҳрӣ ҷой гирифт. Нимаи дуюми асри XVI– аввали ас­ри XVII дар Амрикои Ши­­молӣ аввалин мустамликаҳои Англия ба вуҷуд омада, тасарруфи Ирландия мақсади асосии шоҳбону Елизавета гардид. Баъди марги Елизаветаи бефарзанд ба тахти Англия шоҳи Шотландия Якови VI (аз сулолаи Стюартҳо, авлоди Ҳенрихи VII) нишаст ва сиёсати «ҳукмрони мут­лақ»-ро пеш гирифт. Беэътиноӣ ба парламент, дар дав­латдорӣ афзалият додан ба муқар­ра­бони хеш, зиёда аз ин, муттафиқ шудани ӯ бо Испанияи католикӣ норозигии ҷомеаро афзуда, боиси ба вуҷуд омадани ҳаракати эътирозии динию сиёсии пуританизм гардид. Писари Яков – Карли I, ки соли 1625 маснади шоҳиро соҳиб гашт, сиёсати падарро идома медод. Баъди он ки парламенти соли 1628 даъватшуда, қарори таърихии «Муроҷиатнома оид ба ҳуқуқҳо»-ро қабул кард (он минбаъд якҷо бо Аҳдно­маи бузурги озодиҳо асоси ҳуқу­қи конститутсионии англис гардид), шоҳ маҷбур шуд он­ро бипазирад. Соли 1637 ҳукумати Карли I дар калисои шотландӣ, чун дар калисои англиканӣ, ҳукмронии усқуф (эпископ)-ро ҷорӣ карданӣ шуд, вале ин амал ғазаби шотландиҳоро ба ҳад­ди ниҳоӣ расонда, оқибат боиси сар задани ҷанг гашт. Карл маҷбур шуд, ки бо шотландиҳо сулҳ бандад ва парламенти навро даъват кунад. Парламенти 3 ноябри 1640 даъватшуда, ки дар он бештари ҷой­ҳоро пуританҳо ишғол карданд, дар таърих бо номи «Парламенти тӯло­нӣ» боқӣ монд, чунки он то соли 1653 амал кард. Парламент оид ба барҳам додани Палатаи ситорагон ва Комиссияи олӣ, ки Карли I баҳри муқар­ра­бони хеш таъсис дода буд, қарори махсус қабул карда, ба мушовири Карл – граф Стаффорд чун ба хиёнаткори давлатӣ ҳукми қатл баровард. Дар мамлакат инқилоб сар зад, ки онро Инқи­ло­би асри XVII-и англис мегӯянд. Артиши таъсисдодаи парламент бо сарварии О. Кромвел дар ду ҷанги шаҳр­вандӣ (1642–46 ва 1648), ки оташафрӯзи он худи шоҳ буд, ғолиб омад. 30 январи 1649 бо ҳукми Суди олии аз ҷониби парламент таъсисдодашуда Карли I чун бедодгар ва хиёнаткори давлатӣ ба қатл расонда шуд ва 16 майи 1649 Англия республика эълон гардид. Вале соли 1653 диктатураи ҳарбии О. Кромвел онро протекторат эълон карда, Ирландия ва Шотландияро ба тасарруфи худ даровард. Баъди марги О. Кромвел (1658) Англия аз нав республика эълон шуд ва дере нагузашта монархия бар­қарор гашт. Писари Карли мақтул – Карли II ба тахти шоҳӣ нишаст (1660–85). Табақаи соҳибкорон, ки ҳанго­ми инқилоб неру гирифта буд, саноату савдои мамлакатро ривоҷ медод, давлат ҳудуди милкҳои мустамликавиашро васеъ мекард. Дар аҳди Стюартҳо (1660–88) мустам­ли­каҳо чунон густариш ёфтанд, ки барои кор фармудан дар онҳо аз Африқо ғулом меоваранд. Сиёсати Стюарт­ҳо, ки мехостанд ҳокимияти мутлақро барқарор кунанд, хилофи манфиатҳои буржуазия ва дворянҳои навбаромад буд. Ҳизби мухолифон – вигҳо бо ҳизби шоҳии ториҳо забон як карда, Яковро аз тахт гирифта, духтари ӯ Мария ва шавҳараш – шаҳрдори ҳолландӣ Вилгелми Ораниро ба сари қудрат оварданд (1689–1702). Соли 1707 парламент­ҳои англис ва шотланд  дар бораи муттаҳидшавӣ қарор қабул карданд  ва давлат номи Британияи  Кабирро гирифт. Дар аҳди Анна Стюарт (1702–14) баъди анҷоми ҷанг, ҳангоми тақсими «мероси испанӣ» ва баста шудани Сул­ҳи Утрехт (1713) халиҷи Гудзон, Шотландияи Нав ва Нйу­фаундленди Фаронса, Гибралтар ва Миноркаи Испания ба Британияи Кабир ҳамроҳ карда шуд. Флоти баҳрии британӣ муқтадиртарин дар Аврупо гардид. Баъди марги Анна Стюарт дар аҳди Георги I (1714–27) ва Георги II (1727–60) дар мамлакат ҳокимияти воқеӣ дар дасти девони вазирон буд. Замони ҳукмронии Георги III (1760–1820) қуд­рат ба ториҳо гузашт. Нимаи дуюми асри XVIII иқтидори иқтисодию сиёсии Британияи Кабир боло рафта, он ҳукмрони баҳрҳо гашт. Мувофиқи шартҳои Аҳдномаи сулҳи соли 1763-и Порис милкҳои мустамликавии Фаронса дар қитъаи Амрико – Фаронсаи Нав (Канада), Луизиана, як қатор ҷази­ра­ҳои Вест-Индия; дар Африқо – Сенегал, дар Ҳиндус­тон қариб ҳамаи заминҳои мутааллиқ ба Фаронса, инчунин Флоридаи соҳибаш Испания ба тасарруфи Британияи Кабир даромаданд. Ҳамин тариқ, империяиБританияи Кабир муқтадиртар гашт ва сарвати буржазияашро хеле афзун кард. Чоряки охири асри 18 Британияи Кабир ба буҳрони амиқ рӯбарӯ шуд – дар на­тиҷаи ҷангҳои барои истиқлолият сарзада (солҳои 1775–83) 13 мустамликаи Британияи Кабир, ки дар Амрикои Шимолӣ буд, муттаҳид шуда, Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро таъсис доданд. Лекин Британияи Кабир ин талафотро аз ҳисоби ғасби милк­ҳо дар Осиё ва Австралия барқарор кард.

Талошҳои Британияи Кабир барои забткунии Ҳиндустон ва дигар мамолики Шарқ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Британияи Кабир. ва Руссия пас аз қудрат­манд шуданашон кӯшиш менамуданд, ки ба минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон роҳ ёбанд. Ҳанӯз аз ибтидои таъсисёбии давлати мутамаркази Руссия соли 1466 сайёҳ ва тоҷири рус Афанасий Никитин бо мақсади кушодани роҳи тиҷоратии Ҳиндустони пурсарват аз ш. Твер баромада, ба воситаи д. Волга сӯйи баҳри Каспий ҳаракат намуд. Ӯ бо ваколатномаи махсус аз ш-ҳои Қа­зон, Сарой ва Астрахан гузашта, ба Дарбанд ва Боку расид. Баҳори со­ли 1468 А. Никитин ба сарзамини Хуросон ворид шуда, худро бо номи савдогар Хоҷа Юсуфи Ху­росонӣ муарри­фӣ намуд. Ӯ аз ш-ҳои Рай, Кошон, Язд, Сирҷон ва Торун гузашта, баҳори соли 1469 ба бандари Ҳурмузд расид ва  ба воситаи баҳри Араб ба шаҳри Ҷунири Ҳиндустон омад. Дар Ҳиндустон 3 сол зиста, шаҳрҳои Бомбай, Калкутта, Виҷаянагарро дид ва то кӯҳи овозадору дастнораси Гулканда, ки макони сангҳои гаронбаҳои алмоси Ҳинд аст, расид. Ӯ бозори сангҳои гаронбҳои Гулканда ва роҳи расиданро ба ин макони дурдаст омӯхта, ҳангоми сафар ба зисту зиндагӣ ва расму ойини мардуми Ҳиндустон ошно шуд ва аз таъриху ҷуғрофиёи минтақаи Ҳинд лавҳаҳои хотирмонро дар дафтараш сабт намуд. Никитин саран­ҷом баҳори соли 1472 аз халиҷи Ҳурмузд ба Трапезунди канори баҳри Сиёҳ расида, ҳангоми бозгаштан ба ватан дар наздикии шаҳри Смоленск вафот кард. Дертар аз рӯйи навиштаҷоти ӯ сафарномаи «Сайёҳат ба фаросӯи се баҳр» интишор гардид, ки ин асар барои киш­варкушоиҳои минбаъдаи Руссия дар кишварҳои Шарқ хид­мат намуд. Маҳз дар ҳамин давра вусъатёбии кашфиёт­ҳои ҷуғрофиёӣ ва густариши тиҷорати баҳрӣ ғаразҳои кишваркушоӣ ва доду ситади Британияи Кабирро ба Ҳиндустон ва дигар мамлакатҳои Шарқ ангеза бахшид. Ҳукумати Британияи Кабир ба хотири омӯхтани робитаҳои тиҷоратӣ ва сиёсати киш­варкушоиҳои Руссия дар Осиёи Марказӣ ҳанӯз соли 1557 Антонио Ҷенкинсон ном намояндаи худро ба Руссия фиристод. Ҷенкинсон худи ҳамон сол дар Маскав аз ҷониби шоҳ Ивани IV (Грозний) расман пазируфта шуд ва дар ҷараёни вохӯрӣ таҷрибаи ҷаҳонгардӣ ва маълумоти мукаммали ин намоянда доир ба вазъи минтақа аён гардид. Иван Грозний ҳадафи Ҷенкинсонро барои муайян намудани роҳҳои муносиби тиҷоратӣ сӯйи кишварҳои Ҳинду Чин, ки аз қисмати ҷанубии давлати Рус ба хониҳои Осиёи Марказӣ мегузашт, ба назар гирифта, чун сафири расмии давлати Рус дар хониҳои Бухоро ва Хева ваколатнома дод. Ҷен­кинсон зимни ваколатномаи давлати Рус беш аз якуним сол дар Осиёи Марказӣ зиндагӣ карда, оид ба  хонии Хеваву Бухоро маълумоти зиёде гирд овард. Баъди сафари Ҷенкинсон робитаву муносибатҳои Руссия бо Осиёи Мар­казӣ вусъат ёфта, нимаи дуюми асри XVI сездаҳ сафорати Бухоро ва панҷ сафорати Хева сурат гирифтанд. Айни ҳол даромади тоҷирони англис дар бозорҳои Аврупо аз фурӯши адвиёту атриёт ва сангҳои ороишиву устухони фил басо афзуда, соли 1600 дар Лондон ширкати британии Ост-Индия таъсис ёфт. Ин ширкат тадриҷан ба воситаи мустамликакунӣ ва сарварии ҳукуматдорони Британияи Кабир дар Ҳиндустон табдил ёфта, нуфузи ширкатҳои фаронса­вӣ ва ҳолландиро танг менамуд. Ширкати Ост-Индия дертар артиш ва дастгоҳи идоракунии давлатиро соҳиб шуда, ҳатто ба раванди сиёсати дохилию хориҷии Ҳин­дус­тон таъсир расонда метавонист. Маркази асосии ширкати британии Ост-Индия ш-ҳои бандарии Бомбай (им­рӯ­за Мумбай), Мадрас ва Калкутта буданд, ки онҳо баробари пойгоҳҳои бузурги тиҷоратӣ, ҳамчунин вазифаи истеҳкомҳои мудофиавиро адо мекарданд. Ширкати мазкур бо ҳунармандону савдогарон, судхӯрону деҳқонон ва ашрофу заминдорони ҳиндӣ доду ситад намуда, онҳо­ро сол то сол таҳти васояту итоати худ меовард. Ҳудуд­ҳои забтнамудаи Британияи Кабир ба се минтақа – Банғола, Бомбай ва Мадрас тақсим шуданд, ки онҳо дастгоҳи идоракунӣ ва артиши ҳарбӣ доштанд. Ин ҳудудҳоро генерал-губернатор идора мекард, ки нахустин генерал-губернатор У. Хейстингс (1774–85) буд.

Соли 1799 ба ҳудудҳои ширкати Ост-Индия музофот­ҳои Майсур ва Ҳайдаробод ҳамроҳ шуда, соли 1803 шаҳри Деҳлӣ фатҳ гардид ва подшоҳони сулолаи Темуриёни Ҳинд нуфузашонро бохтанд. Лорд Лейк пас аз ғалаба дар Патпарганҷ (сентябри 1803) ба Деҳлӣ ворид гардид ва шоҳ Олами II аз сулолаи Темуриёни Ҳинд ба тобеияти ӯ даромад. Бо фармони Уэлз аз 23 майи 1805 ба подшоҳ нафақа таъйин карданд ва ҳукумати маҳдудааш ба анг­лис­ҳо вогузор гардид. Бо фишори англисҳо сол то сол қаламрави забони форсӣ маҳдуд гардида, ҷойи онро забони англисӣ мегирифт. Ҳукумати Британияи Кабир то соли 1813 таъ­лимоти суннатиро, ки бо забони форсӣ сурат мегирифт, ночор дастгирӣ мекард. Нуфузи забони форсӣ, ки дар сар то сари Ҳиндустон забони расмии давлатӣ ва му­ҳо­вараи байналмилалӣ ба шумор мерафт, барои қудратё­бии англисҳо дар ин минтақа душвориҳо падид меовард. Бо қарори Шӯрои директорони компании Ҳинди Шарқӣ аз соли 1830 дар маҳдудаи тасарруфи он забони англисӣ давлатӣ эълом гардид. Аз ин хотир соли 1829 Бентинг – яке аз намояндагони ҳукумати Британияи Кабир дар Ҳинд пешниҳод кард, ки дар соҳаи маориф забони англисиро чун калиди пешрафт бипазиранд. Тибқи қарори Бентинг (7 марти 1835) барои ошноии мардуми маҳаллӣ бо адабиёт ва фар­ҳанги англис ҳукумати Британияи Кабир густариши илм ва адабиёти аврупоиро дар қаламрави Ҳиндустон ба роҳ монд. Аз ин ба баъд донишгоҳҳои типи аврупоӣ таъсис ёфтанд, ки тадрис дар онҳо бо забони англисӣ буд. Ҳамчунин мувофи­қи қарори Ҳардинг (1844) ҳамон номзадҳое дар мақомо­ти давлатӣ ба кор гирифта мешуданд, ки забони англисиро хуб донанд. Муҳокимаҳои судӣ низ тибқи ин дастур ба забони англисӣ ё маҳаллии ҳиндӣ сурат мегирифтанд. Аз соли 1857 бо ташаббуси Лорд Далхузи дар Мадрас, Бомбай (Мумбай) ва Калкутта чандин донишгоҳи бонуфуз таъсис дода шуданд, ки забони тадрис дар онҳо анг­лисӣ буд. Ҳамин тариқ, дар заминаи ин тадбирҳо забони англисӣ мақоми расмӣ пайдо карда, ҷойгоҳи забони фор­сӣ торафт маҳдуд мегашт ва нуфузу мақоми чандинасраи фарҳанги форс-тоҷик дар минтақаи Ҳиндустон коҳиш ёфт.

Номи Г. Палмерстон (вазири корҳои хориҷӣ  ва  сарвазир дар солҳои гуногун) таҷассуми сиёсати берунии ғосибонаи Британияи Кабир гашт. Британияи Кабир соли 1840 Зеландияи Навро забт кард, аз Чин (Хитой) ҷазираи Сянганро кашида гирифт. Солҳои 1838–42 бо Афғонистон ҷангида, соли 1858 ягона ноҳияи озоди сарзамини  Ҳиндустон – Панҷобро соҳиб гашт ва соли 1858 Ҳиндустонро милки шоҳии Британия эълон кард. Дар Ямайка (1832) ва Канада (1837–38) ҳаракатҳои миллӣ-озодихоҳиро пахш карда, шӯриши халқиро дар Ҳиндустон (1857–59) бераҳмона саркӯб кард, бозори Ҷопонро бо зӯрӣ тасарруф намуд. Солҳои 1850–60 индустрикунонии мамлакат ба авҷи аълои худ расида, Британияи Кабир аз ҷиҳати пешравии саноат дар ҷаҳон ҷойи аввалро ишғол кард. Британияи Кабир бо маҳсулоти аълосифату арзон ҳукм­ро­ни бозори ҷаҳонӣ гашт. Флоти муқтадиртарин, империяи мустамликавӣ (соли 1860 ҳудуди милкҳои бурунмарзиаш 6 млн км2 бо 145 млн нафар аҳолӣ буд), инчунин боқурбтарин асъори дунё шудани фунт-стерлинг, аф­зудани аҳолии шаҳрҳои саноатӣ низ Британияи Кабирро пешсафи олам гардонд. Соли 1858 ширкати Ост–Индия барҳам до­да шуд ва идоракунии мамлакат ба дасти ҳукуматдорони англис гузашта, Ҳиндустон алмоси гаронбаҳое дар тоҷи давлати Британияи Кабир гардид. Пешбурди сиёсати мустамликадорӣ дар ин давра ҳам мақсади асосии ҳукумат буд. Британияи Кабир соли 1882 Миср, 1886  Бирмаро комилан ба худ тобеъ намуда, милкҳояшро дар ҷануби Африқо вусъат дод. Ҳукумати Дизраэли дар Шарқи Наздик ва Миёна сиёсати ҷангҷӯёна дошт (ҷанги англису афғон, солҳои 1878–80). Дар милк­ҳои мустамликавии Британияи Кабир ошӯбҳо сар мезаданд. Он замон империяи Британияи Кабир 57 дарсади тамоми милкҳои мус­там­ликавии оламро ташкил медод ва дар он 345 млн нафар аҳолӣ мезистанд. Соли 1911 пойтахти Ҳиндустони бри­тонӣ аз Калкутта ба шаҳри Деҳлӣ кӯчонда шуд. Ҳукумат­дорони Британияи Кабир пойтахти Темуриёни Ҳиндро забт карда, сиёсати расман аз истифода берун кардани забони форсиро дар Деҳлӣ вусъат бахшиданд. Дар натиҷаи авҷ гирифтани ошӯбҳои истиқлолхоҳӣ Британияи Кабир ба ислоҳоти назорат ва идоракунии мақомоти давлатӣ рӯ оварда, соли 1919 қонун дар бораи  идоракунии Ҳиндустонро қабул намуд. Дар ин байн Британияи Кабир, аз як тараф дар Ҳиндустон ва Миср шӯришҳои зиддимустамликавиро пахш (1919) менамуд ва аз тарафи дигар, таҳти фишори ҳаракатҳои озодихо­ҳо­на, баъзе гузаштҳо мекард. Аз ҷумла, ба хотири даст кашидан аз мудохила ба сиёсати дохиливу хориҷии Афғо­нис­тон бо он шартномаи сулҳ баст (1919), Мисрро аз тасарруфи худ озод кард (1922). Соли 1920 бо сарварии М. Ганди ҷунбишҳои оммавӣ дар Ҳиндустон авҷ гирифта, намоишу ошӯбҳо аз ҷониби сарварони Кумитаи мусулмонон А. Озод ва М. Алӣ, ки Гандиро дастгирӣ мекарданд, вусъат гирифт. Соли 1925 ташкилоти «Раштрия– сваямсевак–сангх» таъсис ёфт, ки он мақому нуфузи ҷамъиятҳои ҳиндӣ ва фарҳангу ойини онҳоро ҳимоя мекард. Соли 1935 парламенти  Британияи Кабир қонуни навро дар бораи идоракунии Ҳиндустон қабул намуда, низоми идоракунии федералӣ ва автономиро вусъат бахшид. Бо вуҷу­ди ин ҳаракатҳои истиқлолхоҳӣ бар зидди сиёсати Британияи Кабир авҷ гирифта, соли 1940 дар маҷлиси Лигаи Лоҳур қа­роре қабул гардид, ки мувофиқи он музофотҳои сокинонаш бештар мусулмон бояд ба давлати исломӣ табдил дода мешуданд. Ин қарори Лигаи Лоҳур дертар ба замина таъсиси додани давлати мусулмонии Покистон гузошт. Феврали 1946 беш аз 20 ҳазор маллоҳи Бомбай ба ошӯб бархестанд, ки ин ҳукуматдорони Британияи Кабирро барои даст кашидан аз идоракунии Ҳиндустон водор намуд. 14–15 ав­гус­ти 1947 Маҷлиси муассисон дар ш. Деҳлӣ нахустин сарвазири Иттиҳоди Ҳиндустон Ҷ. Неҳруро интихоб намуд. Бо ҳамин мақому нуфузи Британияи Кабир дар қаламрави Ҳиндустон аз даст рафта, мамлакат дертар аз рӯйи нишо­наҳои милливу динӣ ба ду қисм – Ҳиндус­тон ва Покистон тақсим шуд.

Сиёсати истилогаронаи Британияи Кабир дар Афғонистон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар охири асри 18 ва ибтидои асри XIX Британияи Кабир дар ҳудудҳои шимолии Ҳиндустон мавқеи худро устувор намуда, кӯшиш менамуд, ки ба сарзамини Афғонистон, ки дар чорсӯи убури роҳҳои тиҷоратии Осиёи Марказӣ, Эрон, Чин ва Ҳиндустон воқеъ буд, роҳ ёбад. Феврали 1808 ҳайати сафорат бо сарварии М. Элфинстон ба Афғонистон омад, ки ҳадафи он омӯхтани вазъи мавҷудаи Афғонистон ва бастани шартномаи тарафайн буд. Июни 1809 дар Пешовар нахустин шартномаи байни Афғонистон ва Британияи Кабир ба имзо расид, ки мутобиқи он дар сурати ба Ҳиндустон ҳамла овардани Фаронса ва Эрон ҳукумати Афғонистон бояд ба Англия ёрӣ мерасонд. Баъди сарнигун шудани су­лолаи Дуррониён дар соли 1829 Афғонистон ба милк­ҳои ҷудогонаи Ҳирот, Кобул, Қандаҳор, Пешовар ва ғайра тақсим шуд. Дар давраи ҳукмронии Дӯстмуҳаммадхон дар Кобул соли 1838 ҷанги якуми англису афғонҳо шу­рӯъ гардид, ки он 4 сол идома ёфт. Сабаби асосии ин ҷанг ба Кобул омадани адютанти губернатори Оренбург В. А. Перовский, поручик И. В. Виткевич буд, ки мехост бо дархости амири Афғонистон Дӯстмуҳаммадхон (барои шикаст додани рақибаш Шуҷоулмилк) аз ҷониби Руссия ёрӣ расонад. 4 майи 1838 сафири Британияи Кабир лорд Кланрикард ба Вазири корҳои хориҷии Руссия К. Несселрод эътирознома фиристод, ки мутобиқи он Руссия барои дахолат кардан ба муносибатҳои Англия дар Аф­ғонистону Эрон гунаҳкор карда мешуд. Дар натиҷаи боз ҳам тезу тунд шудани муносибатҳо ҷанговарони англис бо сарварии генерал – лейтенант Кин ба сарзамини Аф­ғонистон зада даромаданд ва ш-ҳои Қандаҳор, Ғазнӣ ва дертар Кобулро ишғол карданд. 2 ноябри 1840 дар набарди назди Парвон сарбозони англис шикаст хӯрда, талафоти гарон доданд. Дар ошӯби соли 1841 бо сарварии писари амир Муҳаммад Акбархон резиденти англис дар Кобул А. Бернс кушта шуд ва фармондеҳи гарнизони анг­лисҳо дар Кобул Макнотен бо ошӯбгарон 11 ноябри 1841 созишнома имзо намуд, ки мебоист амир Дӯст­му­ҳаммад­хо­ни асирафтодаро ба ватан бармегардонид. Дар натиҷаи иҷро накардани ин шарт 23 декабри 1841 Макнотен кушта шуд. Ниҳоят, ибтидои соли 1843 баъди бохтани ҷанг англисҳо Дӯстмуҳаммадхонро озод карданд. Дар ин набард фар­мондеҳони англис беш аз 30 ҳазор сипоҳиро талаф доданд, ки шумораи онҳо аз ҷанго­ва­рони афғон дучанд зи­ёд буд. 30 марти 1855 Британияи Кабир ва Аф­ғонистон шартномае имзо намуданд, ки мутобиқи он ҷонибҳо уҳдадор шуданд ба тамомияти арзии ҳудудҳои якдигар дахолат накунанд. Ҳадафи асосии ҳукуматдо­ро­ни англис аз он иборат буд, ки дар саросари минтақаи шимолии Ҳиндус­тон ҳукмрон шуда, ҳудудҳои Синд, Панҷоб, Кобул, Қан­даҳор ва Ҳи­ротро таҳти назорати худ нигоҳ доранд.

Аммо ҳукуматдорони Руссия аз талошҳои қудратхо­ҳии Британияи Кабир огоҳ шуда, зимни истифодаи имконоти сафорату дастгоҳи кашшофӣ мекӯшиданд, ки нуфузи худро дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистон устувор намоянд. Айёми салтанати Шералихон, ки вориси қонунии Дӯст­муҳам­мадхон буд, ба даврае рост омад, ки Руссияи под­шоҳӣ қисми зиёди Осиёи Марказиро забт намуда, губернатории Туркистонро (1865) таъсис дода буд. Маҳз дар ҳамин давра ҳайати экспедитсияи Руссия бо сарварии дипломат Н. В. Хаников тайи солҳои 1857–59 ба Осиёи Марказӣ ва Афғонистон омада, оид ба вазъияти сиёсиву иҷтимоии ин минтақаҳо маводди зарурӣ гирд овард. Ҳу­кумат­до­рони Британияи Кабир аз бохтани ҷанг ноумед нашуда, ме­кӯшиданд, ки ба сиёсати хориҷии Афғонистон дахолат карда, ба пешравию нуфузи Руссия дар ин минтақа роҳ надиҳанд. Гузашта аз ин, устувор шудани  мавқеи Руссия дар Осиёи Марказӣ ва таъсис ёфтани генерал-губернатории Туркистон, дертар фатҳ гардидани Марв ҳу­куматдорони англисро сахт ба ташвиш оварда буд. Маҳз дар ҳамин давра Кауфман чун сиёсатмадори ботаҷриба имконоти Амо­рати Бухоро, хонии Қӯқанд ва Хеваро дар пешбурди сиёсати мустақилонаи хориҷӣ маҳдуд намуда, дар ҳудуд­ҳои д. Ому киштигардӣ ва доду ситади озоди тоҷирони Руссияро таъмин намуд. Моҳи марти 1874 ҳукумати Руссия «Низомномаи муваққатии идораи ҳарбии кишвари Моварои Каспий»-ро тасдиқ намуд, ки мувофиқи он шаҳри Красноводск маркази ин маъ­мурӣ гардида, ҳудуди он аз соҳилҳои шарқии баҳри Каспий то дарёи Атрак ва сарҳадҳои хонии Хеваро фаро мегирифт. Ин амали густохонаи ҳу­кумати Руссия боиси да­­хо­­лати дипломатияи англис ба ин минтақа гардид. Афсарони ботаҷ­рибаи иктишоф (раз­ведка)-и англис ба қароргоҳи Британияи Кабир дар шаҳри Машҳад (масалан, соли 1872 капитан Марч, соли 1873 полковник Бейкер, соли 1874 капитан Нэпир, соли 1875 полковник Мак-Грегор ва дигарон) фиристода мешуданд, то ки барои боздоштани пешравии русҳо дар минтақаҳои Марву Хева тадбир анде­шанд. Русҳо соли 1877 Қизилравот, соли 1879 деҳаҳои  самти Куктеппа  ва соли 1881 қалъаи Дангилитеппаро ишғол намуданд. Дар нати­ҷа муносиботи Британияи Кабир ва Руссия хеле тезутунд гардида, қариб ба амалиёти ҳарбӣ расид. Умуман аз соли 1869 байни ҳукуматдорони Британияи Кабирва Руссия дар масъалаи муайян кардани сарҳаддоти давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон гуфтушунид сар шуда, то соли 1873 идома ёфт. Зимни мувофиқаи тарафайн Руссия мебоист ба кор­ҳои дохилии Афғонистон мудохила намекард ва Британияи Кабир фаъолияти худро дар ин минтақа мустақи­лона ба роҳ мемонд. Ин созишнома ба даврае рост омад, ки ҳу­куматдорони Руссия дар Осиёи Марказӣ босуръат пеш рафта, соли 1873 хонигарии Хева ва соли 1874 вилояти Марвро ишғол карданд, ки аз ин пешравии русҳо ҳуку­мат­дорони  Британияи Кабир сахт ба ташвиш афтоданд. Баъди гуфтушуниди тӯлонии  Британияи Кабир ва Руссия соли 1887 ҳудудҳои Руссия дар марзҳои шимоли ғарбии Афғонистон ба расмият шинохта шуд. Августи 1878 сафорати Руссия бо сарварии генерал Н. Г. Столетов, ки забони форсиро хуб медонист, ба Афғонистон омада, ҳада­фи шинохтани ис­тиқ­лоли онро дошт. Британияи Кабир ноябри 1878 аз Шералихон талаб намуд, ки ҳайати сафорати онҳоро бо сарварии Н. Б. Чемберлен қабул карда, ҳама гуна муносибаташро бо Руссия барканад, вале сафорати англис­ҳо дар гузаргоҳи Хайбар бо сабаби узрноки мотамдории амир боздошта шуд, ки ин боиси баҳонаи ҷанги навбатӣ гардид. 21 ноябри 1878 ҳукумати Британияи Кабир бар зидди Афғо­нистон ҷанги дуюмро эълон намуд, ки он бо шартномаи нобаробари  «Ган­думак» (26 майи 1879) ба итмом расид.

Акнун минтақаи баҳсноки сарҳаддии байни Англия ва Руссия Помир буд, ки ҳукуматдорони Британияи Кабир мекӯшиданд, ҳама тадбирҳоро биандешанд, то сиёсати мустамликавии Руссия сӯйи ҳудудҳои Ҳиндустон густариш наёбад. Му­во­фиқи қарордоди солҳои 1872–73 байни Британияи Кабирва Руссия дарёи Панҷ ҳамчун сарҳадди шимолии Афғонистон эътироф гардида буд. Пешравии русҳо дар ҳудуди Марв мавриди эътирози шадиди сиёсатмадорони англис қарор гирифт, чунки онҳо Марвро дарвозаи Ҳирот ва Ҳиротро дарвозаи Ҳиндустон мешумурданд. Ҳангомаи пешравии русҳо ба самти Ҳирот ҳукуматдорони Афғонистон ва Эронро низ ба ташвиш овард. Амир Абдурраҳмонхон соли 1884 бо як даста қувваҳои низомии худ аз соҳили рости д. Панҷ Рӯшон ва Шуғнонро ишғол кард. Ин амал хилофи аҳд­номаи соли 1873 байни Англия ва Руссия буд, ки онҳо д-ҳои Панҷ ва Омуро ба ҳайси сарҳадди шимолии Аф­ғонистон тасдиқ карда буданд. Англисҳо дар ин фурсат аз қисмати шимолии сарҳадди Гилгит ва Читрол пеш омаданд, то ки хатари ҳамлаи Руссияро аз самти Помир пешгирӣ намоянд. Маҳз дар арафаи ҳамин рақобати тезутунд соли 1891 як даста казакҳои рус бо роҳбарии капитан Ионов ба тарафи Помир пеш омада, мавзеи Бали Гунбазро ишғол карданд, ки он ба Афғонистон тааллуқ дошт. Ин пешравии русҳо боиси ташвиши ҳукуматдо­ро­ни Британияи Кабир гардида, сайёҳону ҷосусон ва дипломатҳои онҳо ба ин минтақа сарозер шуданд. Ҳатто дар ин давра байни дас­таҳои низомии русҳо, афғонҳо ва хитойиҳо дар мавзеи Санги Навишта (Сунатош) задухӯрде рӯй дод, ки ин моҷаро боиси миёнаравии англисҳо гардид. Ибтидои октябри 1893 барои гуфтугузор бо Абдурраҳмонхон ҳайате бо сарварии котиб оид ба масъалаҳои хориҷии Ҳиндус­тон Мортимер Дюранд ба Кобул омад, то ки масъалаи ҳудудҳои Помир ва хатти баҳсноки сарҳадро гуфтугузор намоянд. Ҳайати мазкур изҳор кард, ки Англия ва Руссия ҳанӯз соли 1873 д-ҳои Ому ва Панҷро хатти сарҳаддии милкҳои Афғонистон ва Аморати Бухоро эътироф кардаанд ва амир Абдурраҳмон бояд аз милкҳои Шуғнон ва Рӯшони самти муқобили дарёи Панҷ даст кашад. Ӯ ваъда дод, ки бар ивази ин гузашт зимни мувофиқа бо русҳо ба ихтиёри Афғонистон қисми милкҳои Аморати Бухоро дар самти ҷанубии д. Панҷ дода хоҳад шуд. Ҳамин тариқ, дар натиҷаи гуфугузору аҳдномаҳои минбаъда марзи сар­ҳаддӣ аз даҳанаи Зоркӯли Вахон то Чин муайян гардид, ки минбаъд ин хатти сарҳаддӣ дар таърих бо номи «Хатти Дюранд» ворид шуд. Дар асоси ин шартнома амир Абдурраҳмонхон қисмати Дарвози Ҷанубиро дар соҳили чапи д. Панҷ соҳиб шуда, Шуғнон ва Рӯшонро дар қис­мати рости ин дарё ба ихтиёри Аморати Бухоро гузошт. Ҳамин тариқ, хатти сарҳаддии шимоли Афғонистон таъйин ва аз тарафи давлатҳои бузурги Британияи Кабирва Руссия тас­диқ карда шуд. Дертар «Хатти Дюранд» чун номи шартии сарҳадди Ҳукумати Шӯравӣ ва Афғонистон пазируфта шуд, ки мувофиқи он сарҳадҳои байни ин ду давлат аз Даҳанаи дараи Вахон то ҳудуди Эрон ба масо­ҳати 2200 км тӯл кашида, дарёҳои Панҷ ва Ому хатти ҷу­досозандаи сарҳад шинохта шуд. Аз рӯи андешаҳои аф­ғо­ншинос проф. Л. Темурханова дар ҳудудҳои ду соҳили ин сарҳад на камтар аз 5 млн тоҷикон зиндагӣ мекарданд, ки бар асари ин сиёсати табартақсими беадолатона ба аҳолии давлат­ҳои ҷудогона мансуб гардиданд. Дар аҳди ҳукмронии Амонуллоҳхон (1919–1929) ба сифати сафири фавқуло­даи Афғонистон ва Руссия Муҳаммад Валихони Бадахшӣ фиристода шуда, Руссияи Шӯравӣ аз 27 марти 1919 ис­тиқлоли Афғонистонро ба таври расмӣ шинохт ва«Хатти Дюранд» чун марзи сарҳаддии миёни ин ду давлат нигоҳ дошта шуд. Нигар низ: Ба Руссия ҳамроҳ кардани Осиёи Миёна.

Сиёсати қудратхоҳонаи Британияи Кабир дар Аврупо ва ҷаҳон дар асрҳои 19–20

[вироиш | вироиши манбаъ]

Нимаи асри 18 дар Британияи Кабир нисбат ба мамолики Аврупо табаддулоти саноатӣ пештар ба вуқӯъ пай­васт, ки дар гузариш аз истеҳсолоти мануфактуравӣ ба истеҳсолоти фабрикавии сермаҳсултар ифода меёфт. Ҳамзамон як қатор ихтирооти муҳимми техникӣ (масалан, чархи ресандагии Ҷ. Ҳаррингс, муҳаррики буғии Ҷ. Уатт, дастгоҳи бофандагии Картрайт) сурат гирифт. Эътироз ба истисмор дар шакли ошӯбу коршиканиҳо, шикастани таҷҳизоту мошинҳо ва ғайра зоҳир мегашт. Соли 1799 қонун дар бораи манъи таъсис додани иттиҳодияҳои коргарӣ қа­бул карда шуд, ки он то соли 1824 амал мекард. Аз ҷум­лаи мардуми нодор, ҳунармандон, савдогарони хурд ва деҳқонони безаминмонда пролетариат ташаккул меёфт. Ошӯбҳои халқӣ боиси таъқиботи  ҳукумат мегашт (масалан, соли 1812 барои шикастани мошинҳо ҳукми қатл ҷорӣ шуд). Инқилоби охири асри XVIII-и Фаронса низ барои Британияи Кабир бетаъсир намонд, аввалин иттиҳодияҳои коргарон – тред-юнионҳо ба вуҷуд омаданд. Бинобар ин, Британияи Кабир бо Фаронсаи инқилобӣ аз соли 1793 сар карда ҷангҳои паёпай дошт. Ҷангҳо зидди Фаронсаи инқилобӣ ва наполеонӣ зиёда аз 20 сол идома ёфта, амалиёти ҳарбӣ-баҳрӣ барта­рӣ доштани Британияи Кабирро дар баҳр ҷилвагар мекард. Мағ­лубияти Фаронса нуфузи Британияи Кабирро дар Аврупо ва ҷаҳон бештар кард. Дар ҷанги зидди ИМА (1812–14) Британияи Кабир ҳукмронии худро дар Канада барқарор намуд. Ӯ таъсири худро ба Амрикои Лотинӣ, Эрон (шартномаи соли 1809-и англисию эронӣ) ва Империяи Усмонӣ бештар карда, аввалин шартномаи нобаробарҳуқуқро ба гардани Афғо­нистон бор кард (1809). Баъди ба даст овардани фоида­ҳои калон аз ғуломфурӯшӣ ибтидои асри 19 Британияи Кабир дар бораи манъи ин амал қонун қабул кард, вале ба ғасби ҳудудҳои Аф­риқо, Вест-Индия, Ҳиндустон, Малта, Сейлон, ҷазираҳои баҳ­ри Ион пардохт. Дар Конгресси Вена (1814–1815)  нақ­ши муҳим доштани Британияи Кабир дар сиёсати Аврупо ҷилвагар гашт.

Шукуфоии иқтисодӣ дар натиҷаи ғорати милкҳои мус­­тамликавӣ ва ғолибият дар ҷангҳо табаддулоти саноатӣ  буржуазияи саноатиро дар сафи аввал ҷой дода бошад ҳам, Британияи Кабир гирифтори чандин буҳрони иқтисодию аграрӣ (1816–18) гашт. Ниҳоят ториҳо ба сари қудрат омаданд ва истиқлоли Мексика, Колумбия, Аргентина, дертар Бразилияро (1825) эътироф карданд. Табаддулоти саноатии солҳои 30–40 асри XIX ба рушди босуръати индустрияи вазнин, махсусан коркарди филиззот мусоидат кард. Аввалин р. о. ҷаҳон соли 1825 дар Британияи Кабир падид омад; миёнаи асри 19 дарозии шабакаҳои роҳи оҳан ба 10 ҳазор км расид. Британияи Кабир минбаъд таҷассуми мафҳуми «корхонаи ҷаҳон» ва соҳиби монополияи саноатию тиҷоратии дунё гардид. Дар ин муддат шумораи коргарон афзуда (наздики 5 млн), сиёсати зиддикоргарии ҳукумат дар байни онҳо норозигиро меафзуд. Ҳаракатҳо ва ҳизбҳои пуштибони ман­фиатҳо ва талаботи коргарон ҳаракати чартизмро ба ву­ҷуд овард, вале он соли 1848 бераҳмона фурӯ нишонда шуд. Бо вуҷуди ин, ҳаракати чартизм аҳаммияти бузург дошт. Бисёре аз сарварони ҳаракати тред–юнониҳо узви Интернатсионали I гаштанд, ки он ҳаракати миллӣ – озо­дихоҳии Ирландия ва Коммунаи Порисро (1871) ҷониб­дорӣ мекард.

Сеяки охири асри XIX Британияи Кабир дар бозори ҷаҳонӣ ба рақо­бати сахти ИМА ва Олмон, ки аз ҷиҳати суръати инкишоф пеш гузашта буданд, рӯбарӯ гардид. Барои пешгирии воридшавии маҳсулоти рақибон Иттиҳоди гумру­кӣ таъсис дода шуд. Дар натиҷаи омезиши капитали са­но­атӣ бо капитали бонкӣ дар мамлакат олигархияи мо­ли­явӣ ба вуҷуд омада, иқтисоди он ба буҳрон мувоҷеҳ шуд ва Британияи Кабир дар истеҳсолоти саноатии ҷаҳон нуфузи худ ро аз даст дод. Дар Ҷанги якуми ҷаҳон (1914–18) Британияи Кабир аз сабаби суст шудани иқтисод ва мавқеи ҳарбию стратегиаш шарики Ҷопон, Фаронса ва Руссия (Антанта) гардид, то зидди Иттифоқи сегонаи Олмон – Австрия–Итолиё муқо­ви­мат кунад. Британияи Кабир ба Ҷанги якуми ҷаҳон 4 августи 1914 (баъди ултиматуми Олмон) ворид шуд. Дар рафти ин ҷанг Британияи Кабир мехост рақиби асосии худ – Олмонро шикаст дода, қисми милкҳои империяи Усмониро ба даст оварад. Баҳри расидан ба ин мақсад тамоми имконот ва неруяшро равона кард. Британияи Кабир ҳамчун мамлакати ғолиб дар Ҷанги якуми ҷаҳон ба сифати товони зарар қисми бештари милкҳои собиқ мустамликаи Олмон ва Туркияро со­ҳиб шуда, якҷо бо Фаронса (мувофиқи Созишномаи Вер­сал) ҳокими Аврупо гардид. Бо вуҷуди ин, ҷанг пояҳои иқтисодии Британияи Кабирро заиф (истеҳсолоти саноатӣ ва содирот 20%, маблағгузории хориҷӣ 25% коҳиш ёфт; 743 ҳазор нафар аҳолӣ қурбон ва 1693 ҳазор захмӣ шуд) ва ҳолати молиявиашро бад кард. Дар дохили империя тамоюли марказгурезӣ авҷ гирифта, ҳаракатҳои эътирозӣ торафт нерӯманд мешуданд. Интервенсияи мусаллаҳо­наи (марти 1918 – октябри 1919) зидди Руссия саркардаи ҳукумати Британияи Кабир (сарвазир У. Черчилл) боиси боз ҳам афзудани ин ҳаракатҳои эътирозӣ мегардид. Бар замми ин, хатари пай­вастани инқилобиёни Британияи Кабир бо шӯришгарони Ирландия пеш меомад. Британияи Кабир маҷбур шуд, таҳти фишори хал­қаш соли 1921 Руссияи Шӯравиро қисман (де-факто) эътироф намояд ва Ирландияро давлати озод эълон кунад. Аммо Олстер – қисми аз ҷиҳати иқтисодӣ хеле тарақ­қикардаи Ирландияро барои худ нигоҳ дошта, давлаташро Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ унвон кард. Соли 1929 Британияи Кабир гирифтори буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ гардид. Шумораи бекорони мамлакат ба 3 млн нафар расид. Ҳукумати Британияи Кабир кӯшиш мекард, нуфузи асъори хеш–фунт-стерлингро бо ҳар роҳ ҳифз намояд. Афзудани нерӯи иқтисодиву ҳарбии Олмон Британияи Кабирро ба таҳлука меовард ва ӯ мекӯшид таҳдиди онро зидди Иттиҳоди Шӯравӣ равона кунад. Ҳукуматҳои Болдуин (1935–37) ва Н. Чемберлен (1937–40) сиёсати «ором­кунанда»-и Олмони нияташ ғосибонаро пеш бурда, бо ин «бетарафиашон» ба он мусоидат намуданд, ки дар дохили худи мамлакат нерӯҳои фашистии созгор бо Олмон (Иттифоқи фашистони Британия, сарвараш О. Мосли) падид оянд, таҳдиди Ҷопон ба Шарқи Дур ва таҳдиди Итолиё ба Африқо нерӯ гирад. Бар замми ин, ҳукумати Чемберлен моҳи сентябри 1938 дар Мюнхен бо Олмони фашистӣ оид ба тақсим кардани Чехословакия созишнома имзо кард. Бо айби ҳукуматҳои Британия ва Фаронса гуфтушуниди сеҷониба оид ба муборизаи якҷо зидди таҳдиди фашизм, ки тобистони соли 1939 дар Маскав сурат гирифт, қатъ карда шуд. 1 сентябри 1939 Олмон ба Полша ҳамла овард. Азбаски Британияи Кабир бо Полша оид ба ёрии ҳамдигарӣ шартнома дошт, ба Гитлер ду дафъа ултиматум эълон кард. Баъди он ки Гитлер ба ултиматум ҷавобе надод, Британияи Кабир 3 сентябри бо Олмон ҷанг эълон кард, ки амалиёти ҳарбӣ танҳо дар баҳр анҷом мешуд. Баъди ба Иттиҳоди Шӯравӣ 22 июни 1941 аҳдшиканона ҳамла овардани Олмон ва бардошта шудани хатари ворид гардидани сипоҳиёни фашистӣ ба хокиБританияи Кабир, Черчилл аз омодагӣ барои ёрӣ расондан ба Иттиҳоди Шӯравӣ из­ҳор кард. 12 июли 1941 оид ба амалиёти якҷо дар ҷанги зидди Олмон Созишномаи шӯравию британӣ, дертар Аҳд­номаи атлантикии байни Британияи Кабир, ИМА ва Ит­тиҳоди Шӯ­равӣ ба имзо расид. Британияи Кабир аз лаҳзаи мусоиди интиқоли амалиёти ҷангӣ ба ҷабҳаи шӯравию олмонӣ истифода бурда, нуфуси артиши  худро зиёд кард (9,5 млн нафар, аз ҷумлаи аҳолии мустамликаҳо низ), якҷо бо ИМА ба Ҷопон, ки нияти ғасби милкҳои воқеъ дар уқёнуси Ороми Амрикоро дошт, ҷанг эълон кард. Дар ҳай­ати  ит­тиҳоди зиддигитлерӣ ҷангидани Британияи Кабир ва махсусан ба имзо расидани Аҳдномаи шӯравию англис (26 майи 1942) барои наздик кардани Ғалаба ва ба роҳ мондани ҳамкории баъдиҷангии  ин ду давлат заминаи хуб фаро­ҳам меовард Черчилл диққати асосиро ба саркӯб кардани қувваҳои Олмони фашистӣ дар Африқои Шимолӣ, Миср (октябр – ноябри 1942), ҷазираи Ситсилия (1943) равона намуда, ҳамроҳи ИМА дар уқёнуси Ором дар ҷангҳои зиддигитлерӣ маҳорати стратегӣ намоиш медод. Ниҳоят Британияи Кабир ва ИМА 6 июни 1944 (амалиёти «Оверлорд», ки дар он 14 дивизияи британӣ ширкат дошт) дар Нормандия Фронти дуюмро боз карданд. Черчилл, гарчанде музаф­фа­риятҳои ҷангии Иттиҳоди Шӯравиро эътироф мекард, роҳҳои пасипардагии унс гирифтан бо Олмонро меҷуст, то бо намояндагони он сулҳи сепаратӣ баста, мағлубияти Олмонро бар нафъи худ истифода барад. Қудрат ва нуфузи Иттиҳоди Шӯравӣ Британияи Кабир ва ИМА-ро водор мекард, ки  чандин пешниҳоди ҷониби шӯравиро оид ба танзими масоили Олмон дар конференсияҳои роҳбарони се давлат дар Теҳрон (ноябр–декабри 1943), Ялта (феврали 1945), Потсдам (июл – августи 1945)  қабул намояд. Гарчанде дар ин ҷанг ҳудуди Британияи Кабир ишғол нашуда, талафоти ҷониашон низ нисбат ба Ҷанги якуми ҷаҳон хеле камтар буд (наздики 300 ҳазор қурбон ва беномунишонгардида; 278 ҳазор захмӣ), муҳорибаҳо 25 дарсади сарвати миллии мамлакатро рабуда, 25 млрд фунт-стерлинг хисорот овар­да буд; қарзи давлатӣ се баробар афзуда (дар тобистони 1945), 21 млрд фунт-стерлингро ташкил мекард; содирот ду баробар коҳиш ёфта, қарзи берунӣ ҳафт баробар афзуда буд. Ҳамаи ин ба муддати дароз Британияи Кабирро аз ҷиҳати иқтисодӣ ва сиёсӣ побанди ИМА гардонд.

Ҷанг ба империяи мустамликавии Британияи Кабир низ зарба зад. Ҳиндустон (1947) ва Сейлон (1948) мақоми доминион (ху­дидоракунӣ)-ро соҳиб шуда, Бирма давлати мустақил гашт. Британияи Кабир маҷбур шуд ба бисёре аз милкҳои дигараш истиқлол диҳад. Дигар ин ки қариб тамоми кишвар­ҳои мустамликавӣ ва доминионҳо ихтиёран худро вобастаи Иттиҳоди Британии Миллатҳо (баъдҳо – Иттиҳоди Британия) мекарданд. Ҳукумати Эттли барои барқарор кардани хоҷагии мамлакат ва ворид намудани дигаргунӣ дар иҷтимоиёту иқтисодиёт ба бахши (сектори) давлатӣ бештар имтиёз медод. Ҳангоми иҷрои барномаҳои барқа­рорсозӣ ҳукумат ба душвориҳои молиявӣ дучор шуда, маҷбур буд,  ки ба «нақшаи Маршалл» рӯ оварад ва аз Ам­ри­ко қарз гирад.

Дар сиёсати хориҷии Британияи Кабир (идеологи асосӣ Черчилл) тамоюли наздик шудан ба ИМА, дурӣ ҷустан аз Итти­ҳоди Шӯравӣ мушоҳида шуда, диққати асосӣ ба таъсиси иттифоқҳои ҳарбию сиёсӣ (пеш аз ҳама НАТО, 1949) равона мегардид. Британияи Кабир дар ин гуна иттифоқҳо худ ро ҳам­паҳлуи ИМА гузошта, мехост пешвои Аврупои баъди­ҷангӣ бошад. Ғайр аз ин, ба хотири нигаҳдошти мустам­ликаҳояш Британияи Кабир дар Малайя, Нигерия, Кения, Уганда ва дигар мамлакатҳо «ҷангҳои хурди мустамликавӣ» мекард. Хароҷоти ҳарбии Британияи Кабир торафт боло рафта, то миёнаи солҳои 50-ум 37 дарсади буҷети давлатиро ташкил медод. Соли 1952 Британияи Кабир соҳиби аслиҳаи ҳаставӣ ва соли 1957 соҳиби аслиҳаи термоҳаставӣ гашт. Иттиҳоди Шӯ­ра­вӣ ҷавобан ба Созишномаи Париж (1954), ки он ба узви НАТО гардидани Ҷумҳурии Федеративии Олмон имкон дод, 7 майи 1955 Шартномаи иттифоқи шӯравию  англиси соли 1942-ро беэътибор эълон кард. Апрели 1955 Черчилли 80-сола маҷбуран ба истеъфо рафта, ҷойи ӯро Э. Иден гирифт. Таҷовуз ба Миср (якҷо бо Исроил ва Фаронса ноябри 1956) ва ҳодисаи ба ном «Буҳрони Суэтс» (1956) ба номи ӯ марбут аст. Бо кӯшиши Иттиҳо­ди Шӯравӣ рафъ гардидани ин таҷовуз мавқеъ ва мақоми Британияи Кабирро дар Шарқи Наздику Миёна тамоман паст кард. Британияи Кабир дар таъсис додани иттифоқҳои ҳарбию сиёсии СЕАТО (1954) ва СЕНТО (1955) ширкати фаъол дошт. Ба имзо расидани Созишномаи Багам (1962, байни Британияи Кабир ва ИМА) оид ба хариди системаҳои мушакии «Поларис» барои киш­тиҳои зериобии ҳастаӣ эътирози мардуми мамлакатро ба авҷ расонда, ҳаракати зидди мусаллаҳшавии ҳас­таӣ таъсис ёфт, ки намегузошт Британияи Кабир «гаравгони ҳаста­вӣ»-и ИМА гардад. Мобайни солҳои 60 асри 20 мамлакат ҷойи дуюми худро дар иқтисоди ҷаҳон ба ҶФО дода, аввали солҳои 70 Ҷопон низ аз ӯ пеш гузашт. Лекин фунт-стерлинг баъди доллари ИМА чун ҳамеша асъори асосии ҷаҳони сармоядорӣ  буд. Дар аҳди фаъолияти кабинети лейбористии Вилсон (1974–79) ва Ҷ. Каллагэн (1975–79) дар мамлакат боз буҳрони иқтисодӣ рух дода, истеҳ­солоти саноатӣ 10% коҳиш ёфт, шумораи бекорон ба 1,4 млн расид, нарх боло рафт. Ба роҳ мондани истихроҷи саноатии нафти баҳри Шимолӣ (1975) вазъи иқтисодиро каме беҳтар кард. Баъди мавқеъи худро бохтани лейбо­ристҳо соли 1979 консерваторҳо ба сари қудрат омаданд: М. Тэтчер (1979–90), Ҷ. Мэйҷор (1990–97). Ин ҳукумат барои паст кардани сатҳи таваррум иқтисоди бозоргониро ба роҳ монд, андозҳоро сабук ва гардиши сармояро озодтар кард. Хусусигардонӣ, ташкили ширкатҳо (дар руҳияи «капитализми мардумӣ») вазъи иқтисодиро беҳ­тар кард.   Бо вуҷуди шарики боэътимоди ИМА будани Британияи Кабир, байни ҳар ду дар баъзе масъалаҳо ихтилофҳо ба вуҷуд меомаданд: дар масъалаи ба низом даровардани буҳрон дар атрофи Югославия (ҷанг дар Босния), зиддият дар Ир­ландия, Олстер ва ғайра Ба интихоботи парламентии соли 1997 консерваторҳо бо дастовардҳои намоёни иқтисодӣ расиданд. Британияи Кабир барои ҷалби инвеститсияҳои хориҷӣ беҳ­тарин давлат дониста шуда (30 дарсади инвеститсияҳои Иттиҳоди Аврупо ба он дахл дошт), соли 1999 худ чун инвестори бузург дар ҷаҳон ҷойи аввалро ишғол кард. Ба Бонки Англия мустақилият дода шуда, низоми андозбан­дӣ тағйир ёфт, аввалин бор маоши ҳадди ақалл муайян карда шуд (3,6 фунт-стерлинг барои 1 соати кор), сатҳи бекорӣ пасттарин дар Иттиҳоди Аврупо гашт, шуғли аҳо­лӣ ба низом даромад. Масъалаи Ирландияи Шимолӣ ба таври мусбат ҳал шуда, дар Олстер Ассамблеяи қонун­гу­зор ва ҳукумати минтақавӣ таъсис дода шуд. Шотландия ва Уэлс низ соҳиби мухторият ва парламентҳои худ гардиданд. Баъди ҳодисаи 11 сентябри 2001 дар ИМА сол­ҳои 2000–06 дар қонунгузории мамлакат қонунҳои зидди терроризм зиёд қабул шуданд. Дар сиёсати хориҷӣ Блэр «назарияи ҷомеаи байналмилалӣ» ва мафҳуми «интернатсионализми нав»-ро ҷорӣ кард, ки мувофиқи он ҳар мамлакат метавонист ба иҷозати Шӯрои Амнияти СММ интизор нашуда, ба ҳар зуҳуроти таҳдидкунанда ба сулҳу амният дар ҷаҳон – дар кадом гӯшаи дунё бошад – мудохила кунад. Ин буд, ки Британияи Кабир ҳамроҳи ИМА дар собиқ Югославия, дар Ироқ, Афғонистон, Судон амалиёти ҳар­бӣ бурд. Бе иҷозати Шӯрои Амнияти СММ ҳамро­ҳи  ИМА сар кардани ҷанг зидди Ироқ мавриди эътирози мардуми худи Британияи Кабир ва ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифт.

Қувваҳои мусаллаҳи Британияи Кабир

[вироиш | вироиши манбаъ]

Гарчанде аз ҷиҳати нуфус нисбат ба дигар давлатҳо камтар аст, аз ҷиҳати муҷаҳҳаз будан бо пешқадамтарин технологияҳо ва чун артиши хеле машқдида эътибори хос дорад. Бо вуҷуди имконоти фаровони худ Британияи Кабир амалиёти ҳарбиро бештар дар ҳай­ати коалитсияҳо ё қувваҳои мусаллаҳи блокҳои ҳар­бӣ-сиёсӣ (масалан, НАТО) мегузаронад. Қувваҳои мусал­ла­ҳи Британияи Кабир аз қувваҳои стратегӣ, лашкариёни хушкигард, қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ, қувваҳои ҳарбии баҳрӣ ва қувва­ҳои захи­равӣ иборат аст. Қувваҳои стратегӣ дар ҳайати қувваҳои ҳарбии баҳрӣ буда, дорои  киштиҳои ҳастаии зериобӣ бо мушакҳои баллистии «Поларис», сипоҳиёни хушкигард иборат аз 5 дивизия, бригадаҳои алоҳида, қув­ва­ҳои ҳар­бии ҳавоӣ қариб дар панҷоҳ эскадриля; қувва­ҳои ҳарбии баҳрии дорои киштиҳои зериобӣ, киштиҳои ҷангӣ, авиатсияи баҳрӣ бо авиакашҳо мебошанд. Пойгоҳ­ҳои асосии ҳарбии баҳрӣ: Портсмут, Девон-порт, Фаслейн.Британияи Кабир дар гӯшаҳои гуногуни дунё лашкарҳои маҳду­ди қувваҳои мусаллаҳи худро ҷойгир кардааст: дар Брунея, Кипр, Ҷазираҳои Фолкленд (Малвин), Олмон (дар ҳайати Қув­ваҳои мусаллаҳи муттаҳиди НАТО), Гибралтар, уқё­нуси Ором, уқёнуси Ҳинд (ҷазираи Диего-Гарсия), Непал, Баҳрайн. Ҳайати сипоҳиёнро ба таври кироя пурра мекунанд. Харҷи давлат ба қувваҳои мусаллаҳ–2,4 дарсади  ММД. Дар ҳудуди Британияи Кабир. ситодҳои фармондеҳии минта­қавии Қувваҳои мусаллаҳи муттаҳидаи НАТО дар Атлантика ва Қувваҳои мусаллаҳи муттаҳидаи ҳарбию баҳ­рии НАТО дар Аврупо (ҳар ду дар Нортвуд) ҷойги­ранд. Сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи Британияи Кабир расман шоҳ­бо­ну Елизавета мебошад.

Британияи Кабир давлати аз ҷиҳати иқтисодӣ хеле тараққикардаи дунё буда, дар ҷаҳон ҷойи шашум ва дар Аврупо ҷойи дуюмро (баъди Олмон) ишғол кардааст. Фунт-стерлинги Британияи Кабир сеюмин асъори захиравии ҷаҳон (баъди доллари ИМА ва евро) аст. Лондон яке аз се «марказҳои идоракунӣ»-и иқтисоди ҷаҳон аст (дар радифи Ню-Йорк ва Токио). То вақтҳои охир Британияи Кабир бузургтарин ис­тих­роҷкунандаи нафт, гази табиӣ ва ангишт дар Аврупои Ғарбӣ буд (ширкатҳои «Роял-Датч-Шелл» ва «Бритиш Петролеум»). Истихроҷи ангишт, ки дар гузаштаи наздик асоси иқтисодиёти Британияи Кабир буд (авҷи истеҳсол – 300 млн т дар соли 1913), торафт кам шуда, ҳоло дар ҳудуди 20 млн т аст. Кашфи конҳои гази табиӣ ва нафт дар баҳри Ши­молӣ ва истифодаи онҳо (солҳои 1967 ва 1975) ба иқти­соди Британияи Кабир таъсири калон расонда, онро дар сатҳи ҷаҳон ба ҷойи даҳум баровард. Азбаски ин захи­раҳои табиӣ торафт кам мешаванд, давлат ба хотири ни­гоҳдошти захи­ра­ҳои дохилии худ газ ва нафтро қисман аз Норвегия, Алҷазоир ва Қатар ворид мекунад. Дар навбати худ наздики 50 кони нафт (дар Брент, Фортис, Пайпер, Берил ва ғайра) ва 40 кони гази табиӣ (дар Леман-Бенк, Брент, Моркэм ва ғайра) мавриди истихроҷу истеҳсол қарор дорад. Дар Британияи Кабир барқро асосан дар нерӯгоҳҳои аловӣ (39%), аловии дорои турбинаи газ  (33%) ва ҳастаӣ (22%) истеҳсол мекунанд. Танҳо 2 дарсади барқ дар НБО тавлид мешавад. Аввалин нерӯгоҳи ҳастаӣ дар Британияи Кабир соли 1956 дар Коллер-Ҳолл сохта шуда, минбаъд миқдори онҳо ба 13 расид. Аз миёнаи солҳои 1990 сохтмони нерӯ­гоҳҳои атомӣ қатъ шуд. Дар мамлакат заводҳои коркарди уран (дар Капенҳерст, Спрингфилд) ва партовҳои он (дар Селлфилд, Дан­ҷе­несс) мавҷуд буда, барои онҳо уранро аз Канада ворид мекунад. Миқдори пӯлодгудозӣ аз соли 1990 паст рафта, давлат соҳаро навсозӣ кард ва он рӯ ба та­раққӣ овард (ширкати «British Steel»). Моши­насозӣ, ис­теҳ­соли электроника ва электротехника, асосан, дар ат­ро­фи Лондон ҷойгир буда, корхонаҳои истеҳ­солии дигар дар Шотландия фаъолият мекунанд (бештар бо сармояи ИМА). Истеҳсоли таҷҳизоти радиоэлектронӣ, назоратию ченкунӣ, ташхисӣ («Ҷенерал Электрик»); мо­ши­н­созӣ – дар асоси сармояи Ҷопон, Олмон, ИМА («Ровер груп», «Форд», «Ниссан», «Ҳонда», «Тойота») роҳ­андозӣ шудааст. Корпоратсияи авиакайҳонии «БАЕ Сис­темс» аз ҷи­ҳа­ти бузургӣ чорумин дар ҷаҳон буда,  ҳа­вопаймоҳои ҳар­бӣ ва гражданӣ, радифҳои алоқа, қисмҳо ва ҷузъҳо  барои техникаи аэрокайҳонӣ; ширкати «Роллс-Ройс» му­ҳар­рики авиатсионӣ истеҳсол мекунанд. Британияи Кабир яке аз истеҳсолку­нандагони бузурги доруворӣ, моддаҳои кимиёии мураккаб барои кишоварзӣ, маҳсулоти нассоҷӣ (аз пахта, пашм, катон), хӯрокворӣ (махсусан қаннодӣ ва нӯшокӣ), кон­сентратҳои ғизоӣ, маҳсулоти тамоку мебошад. Дар соҳаи кишоварзӣ чорводорӣ, рустанипарварӣ, кишти ғалладо­на, лӯбиёиҳо, полизиҳо, лаблабу, инчунин рустаниҳои тех­ни­кӣ (аз ҷумла рапс) бартарӣ дорад. Шимоли Англия, Уэлс, Шотландия ва Ирландия макони асосии чорводорист. Хукпарварӣ ва парандапарварӣ низ тараққӣ кардааст. Истеҳсоли чӯб ҳамагӣ 15 дарсади  ниёзи кишварро таъмин мекунад.

Баъди ба истифода дода шудани «Авро­нақб» шабакаи хеле тараққикардаи нақлиётии Британияи Кабир ба шабакаи умумии роҳҳои Иттиҳоди Аврупо пайваст гашт. Аз соли 1993 нақби зериобии роҳи оҳани Британияи Кабир дар гулӯгоҳи Ла-Манш фаъолият дорад. Қатораҳои баландсуръати «Авростар» Лондонро бо Порис ва Брюссел пайвастанд. Аз сабаби зиёдии воситаҳои нақлиёт дар истифода аз онҳо маҳду­диятҳо ҷорӣ шудаанд (мас., ба маркази шаҳр ворид шудан пулакӣ аст). Дар Британияи Кабир 330 аэропорт мавҷуд буда, ширкати «British Airways» дар дунё аз бузургтаринҳост. Аэропорти байналмилалии Хитроу (Лондон) соле ба зиёда аз 65 млн мусофир хидмат мерасонад. Роҳҳои обии дохилӣ 3200 км буда (д-ҳои Темза, Мерси, Ҳамбера, Северна), ҳамлу нақли борҳои савдои берунӣ аз тариқи баҳр иҷро мешавад. 75 дарсади  нафт ва тамоми гази табиии ис­тихроҷшаванда ба хушкӣ тавассути лӯлаҳо интиқол мегардад (дарозии умумиашон 31 ҳазор км).

Баъди ба Иттиҳоди Аврупо пайвастани Британияи Кабир мамолики ин минтақа шарикони асосии тиҷоратиаш гаштанд (65% – содирот, 55% – воридот). Шарикони амалиёти содиротииБританияи Кабир ИМА, Олмон, Фаронса, Нидерландия ва воридотӣ Ҳиндустон, Шри-Ланка (чой), Покистон ва Ҳиндустон (ҷут, пахта) ва ғайра мебошанд. Британияи Кабир яке аз содиркунандагони бузурги сармоя дар ҷаҳон буда, хидмат­ра­сонӣ дар соҳаи молия ва сайёҳӣ бартарӣ дорад ва худи Лондон яке аз се маркази асосии молиявии ҷаҳон аст (фаъолияти бонкӣ, суғурта, асъор, амалиёти трастӣ, лизинги молия ва ғайра).

Соҳаи тандурустии Британияи Кабир шомили се бахш аст: ёрии аввалия (духтурони оилавӣ), муассисаҳои табобатӣ ва идораи маҳаллии сиҳҳати омма. Наздики 8 дарсади  ММД ба ин соҳа равона мешавад. Дар Британияи Кабир хидматрасонии тиббӣ ройгон буда, аз он тамоми сокинони мамлакат, ҳам мардуми бумӣ ва ҳам муҳоҷирони хори­ҷии маскуни мамлакат бархурдоранд. Беморон дар интихоби мутахассиси соҳаи тиб ва клиника соҳибихтиёранд.

Дар мамлакат ба варзиш диққати бештар до­да шуда, сеяки аҳолӣ бо варзиш машғул аст. Ассотсиатсияи олимпии Британия соли 1905 таъсис ёфта, варзишгарони мамлакат дар ҳамаи Бозиҳои олимпӣ дар аксар намудҳои варзиш ширкат мекунанд. Крикет, голф намуд­ҳоеанд, ки дар Британия ва Шотландия тавлид гаштаанд. Муштзанӣ (бокс), аспсаворӣ, аспдавонӣ (аз ҷумла стиплчез), бриҷ, билярд, боулинг, кёрлинг маъмуланд. Британияи Кабир ватани футбол низ дониста мешавад (зиёда аз 42 ҳазор клуби футбол). Дар намудҳои регби, теннис, варзиши обӣ, хоккей, вазнбардорӣ, шоҳмот варзишгарони Британияи Кабир пеш­сафанд. Футболбозони Британияи Кабир борҳо ғолиби лигаи чемпи­он­ҳо гардида, чандин карат Ҷоми УЕФА, Ҷоми ҷомҳо, Ҷоми Дэвисро соҳиб гаштаанд. Аввалин мусобиқаи шоҳ­мотбозон соли 1851 дар Лондон баргузор гардид.

Дар Британияи Кабир 99 дарсади аҳолӣ босаводанд. Гарчанде соҳаро дар маҷмӯъ Вазорати маориф идора мекунад, Уэлс вазорати маорифи алоҳида, Шотландия ва Ирландияи Шимолӣ департаментҳои маорифи худро доранд. Вазорати соҳа асосан стратегияи маорифро муайян намуда, маблағгузории мактабҳоро назорат мекунад. Ху­ди мактабҳоро дар шаҳру маҳалҳо мунитсипалитет ё шӯ­роҳои маориф идора мекунанд. Мактабҳои хусусӣ 10 дарсади тамоми мактабҳои кишварро ташкил медиҳанд. 5 дарсади ММД-и давлат ба соҳаи маориф равона шудааст. Дар Б. К. барои бачагони 5–16-сола маълумоти ҳат­мии ройгон ҷорӣ шуда, он чаҳор зинаро дар бар мегирад: ибтидоӣ, миёна, минбаъда (ё баъдимактабӣ) ва олӣ. Синни мактабиёни таҳсилоти ибтидоӣ 5–11 (Шотландия– 4–12), таҳсилоти миёна 11–16 муайян шудааст. Дар мамлакат мактабҳои давлатию хусусии ба ном пансион, ки тамоми давраи таҳсил хонандагон дар он  зиндагӣ мекунанд, бештар буда, мактабҳои хусусии классикӣ – Publik Schools (паблик скулз) – муассисаҳои боимтиёзеанд, ки барои баргузидагон (элита)-и давлатию сиёсӣ кадр ба воя мерасонанд. Мактабҳои машҳури мамлакат: Винчестер (соли 1382 таъсис ёфтааст), Итон (1441), Регби (1567) ва ғ. Аз синфи 6-ум муайян мекунанд, ки хонанда минбаъд ба мактаби олӣ меравад ё тайёрии касбӣ мебинад. Дар мамлакат наздики 90 донишгоҳ ва наздики 70 коллеҷи маълумоти олӣ амал мекунанд. Аввалин донишгоҳҳо дар Оксфорд ва Кембриҷ ҳанӯз асрҳои 12–13, дертар дар Шотландия арзи вуҷуд кардаанд. Соли 1969 Донишгоҳи кушод барои калонсолон таъсис дода шуд, ки маълумоти фосилавӣ медиҳад. Донишгоҳҳо дараҷаҳои илмии худро доранд (мас., доктори фалсафаи Донишгоҳи Лондон). Донишҷӯён чандин зинаи таҳсилоти олӣ: бакалавриат (3 сол; дар Шотландия – 4), магистратура (1 сол), докторантура (ду-се сол)-ро тай мекунанд.

Маркази бузургтарини таҳқиқоти илмӣ Ҷамъи­яти шоҳаншоҳии Британияи Кабир аст (соли таъсисаш 1660). Соли 1831 Ассотсиатсияи илмии Британия, соли 1915 Департаменти ҳукуматии таҳқиқоти илмӣ ва сано­атӣ таъсис ёфт. Ба корҳои таҳқиқотӣ 2,2 дарсади ММД равона мешавад, ки 30 дарсади он ба таҳқиқоти соҳаи низомӣ тааллуқ дорад. Британияи Кабир яке аз бузургтарин истеҳсол­ку­нанда ва содиркунандаи таҷҳизоти ҳарбӣ мебошад. Маш­ҳуртарин лоиҳаҳои илмии сатҳи ҷаҳонӣ: усули ҳамли сунъӣ бо номи «in vitro», ташкили системаи сомонаҳои Интернет, ба вуҷуд овардани аввалин клони ширхор, таҳ­қиқи геноми инсон, ташкили системаи аврупоии мушо­ҳи­даи радифии глобалии «Галилео» ва ғайра Аз соли 1901-ум 15 дарсади Мукофоти нобелӣ оид ба илм насиби олимони Англия шуд (ҷойи дуюм баъди ИМА).

Эҷодиёти шифоҳии келтҳо, англосаксҳо, нор­маннҳои маскуни ҷазираҳои Британия поягузори адабиёти англис шудаанд. Ба ҳам омадани эҷодиёти этносҳои номбурда ва истифода аз се забон – лотинӣ, фаронсавӣ ва англисусаксонӣ – хусусияти адабиёти асримиёнагии англис аст. Асарҳои таърихӣ ба забони лотинӣ («Таърихи бриттҳо»-и Галфиди Монмаути, 1137), романҳои манзум ба забони фаронсавӣ («Роман дар бораи Ру»-и Вас), романҳои ҷавонмардӣ бо забони англисусаксонӣ (достони «Беовулф», асри 13 ва қиссаҳо дар бораи Артур) эҷод мешуданд. Дар асри 14, дар давраи ташаккули миллати англис ва забони адабии англисӣ шоирон У. Ленгленд, Ҷ. Чосер асарҳои ҷолиб эҷод кардаанд. Устодони жанрҳои шеърии даврони Эҳё Т. Уайет, Ф. Сидни, Э. Спенсер буданд. Соли 1516 «Ормон»-и Томас Мор, ки саршор аз ғояҳои инсондӯстӣ буд, чоп шуда, театр ва драматургия тараққӣ кард (Р. Грин, Т. Кид, К. Марло). Эҷодиёти У. Шекспир қуллаи олии назм ва драматургияи англис гашт. Ҷ. Донн дар услуби барокко эҷод мекард. Ба адабиёти ба­деӣ ва журналистика таваҷҷуҳ бештар буд (маҷаллаҳои Ҷ. Аддисон ва Р. Стил «Тамошобин» ва «Англис»). Ҷара­ён­ҳои адабии класситсизм ва реализми маорифпарварӣ (асарҳои Д. Дефо, Ҷ. Свифт, Г. Филдинг, Т. Смоллет, Р. Б. Шеридан) дар адабиёт мавқеъ пайдо карданд. Ҷараён­ҳои асосии адабии асри 19 англис романтизм ва реализм рӯ овардан ба ормон, ғояҳои олӣ, тамасхури ҳаёт ва беба­рориҳои он; махсусан таваҷҷуҳ ба фолклор ва таърих, хусусияти назарраси эҷодкорони ондавраинаи англис буд. Романтизми англисро шоирон Ҷ. Г. Байрон, У. Уордс­ворт, Ҷ. Китс, С. Т. Колриҷ, Р. Саути, П. Б. Шелли ва муаллифи романи таърихӣ  В. Скотт хеле пурэҳтиросу нозукбинона ифода ва тасвир кардаанд.  Нимаи дуюми асри 19 тамоюли нав – рӯ овардан ба ҷаҳони ботинии қаҳра­мон, ба психологизм, ба гирудори тақдир мушоҳида мегардад (Ҷ. Элиот, Ҷ. Мередит, Т. Ҳарди). Дар адабиёти асри 20-и англис мавзӯи ҷангҳои ҷаҳон, мустамликадорӣ ва инқирози империяи Британия дар эҷодиёти шоирон ва романнависони англис аксандоз гардида, шукуфоии модернизмро дар эҷодиёти Ҷ. Ҷойс, Т. С. Элиот, В. Вулф, Д. Г. Лоуренс метавон мушоҳида кард.  Ҷойс, муаллифи романи «Улисс» (1922) «падари модернизм» ба ҳисоб рафта, Вулф («Миссис Деллоуэй», 1927), Элиот (достони «Замини беҳосил», 1922) устодони импрессионизм эътироф шудаанд. «Гуфтор дар бораи Форсайтҳо»-и Голсуорси, «Иоаннаи муқаддас»-и Шоу, «Сафар ба Ҳиндус­тон»-и Форстер асарҳои машҳури асри 20 ба шумор мераванд. Адабиёти солҳои 30 асри 20-и англис оҳанги си­ёсӣ ва зиддифашистӣ дошт («Бозигари крокет»-и Уэллс). Осо­ри баъдиҷангии адибони англис – романҳои Г. Грин, И. Во, Ч. П. Сноу, У. Ҳолдинг, А. Мердок, Ҷ. Фаулз машҳу­ри ҷаҳон гашт. Охири асри 20 ҷараёни постмодернизм–ифодагари «рӯҳи замон» роиҷ шуд (асарҳои П. Акройд, Д. Барнс, А. Картер, А. Байет, Г. Свифт, М. Эмис).

Меъморӣ ва санъати тасвирӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Маҷмааи мегалитии Стоунҳенҷ, Эйвбери ва ғайра ёдгориҳои ҳайратовари аҳди қадиманд. Ашёи ҳангоми ҳафриёт ёфтшуда аз санъати аҷиби қабилаҳои келт, пикт ва англисусаксониҳо дарак медиҳанд. Осори меъмории давраи баъди истилои нор­ман­­диҳо (1066) дар худ нишонаҳои санъати келтӣ, анг­лисусаксонӣ, нормандӣ, қисман романии асримиёнагиро таҷассум кардааст: маъбаду қасрҳои Лондон (Тауэр, охири асри 11), Нориҷ, Винчестер, ёдгориҳои минтақаҳои гуногуни Шотландия, Уэлс, Ирландияи Шимолӣ. Калисои ҷомеъ дар Дарем (асри 12) – аввалин асари меъмории дар услуби готика биношудаи Аврупо буда, калисоҳои ҷомеи Йорк, Кентербери, Линколн, Солс бери, бинои Аббатигарии Вестминстер дар Лондон идомаи ин эҷод­корист. Дар давраи готикаи нав мусавваранигорӣ, қолин­бофӣ, бофандагӣ, заргарӣ рушд карда, дар асрҳои 16–17 жанри портрет (асарҳои Х. Ҳолбейни Хурдӣ, олмонитабор), минётуранигорӣ (С. Купер, А. Оливер, Н. Ҳилли­ард), инчунин офаридани портретҳои муҳташам таҳти таъсири эҷодиёти рассомони дигари Аврупо А. Ван Дейк, П. Лели, Г. Неллер афзалият пайдо кард. Услуби класситсизм дар осори меъмории асрҳои XVII–XVIII (Толори зиёфат дар Лондон, 1619–22), ки бештар дар пайравии меъмори итолиёӣ Палладио эҷод шудаанд, таҷассум ёфтааст (асарҳои Ҷ. Вуд, Ҷ. Ванбру, Ҷ. Уэбб  К. Рен). Манораи Биг Бени қасри Вестминстер рамзи Лондон ва Англия гаштааст. Санъати ороишӣ-амалии англисӣ дар сохтани мебел, офаридани ашёи ороишии дохили бинову ҳав­лиҳо, боғу фаввораҳо таҷассум ёфтааст. Дар асри XX санъати тасвирӣ ва портретнигорӣ боз рушд кард. П. Блейк, Ф. Брэнгвин, Ф. Бэкон, Г. Мур, С. Спенсер рассомон машҳуртарин ҳисоб мешаванд.

Санъати мусиқии анъанавие, ки (аз асри 4 ба баъд) аз қабилаҳои келтӣ бозмонда буд, дар якҷоягӣ бо дигар асарҳои дар Аврупо эҷодгашта ташаккулу таҳав­вул ёфтааст. Дар давраи Эҳё дар қатори мусиқии кали­соӣ, мусиқии дунявӣ, дастаҳои иҷроишӣ пайдо шуданд. Махсусан ба миён омадани сози вёрҷинела як навъ табаддулот ба миён оварда, навозандагони ин соз дар тамоми Аврупо машҳур шуданд. Консерт – ансамблҳои со­зӣ (то 40 иҷрокунанда) ба вуҷуд омада, театрҳои мусиқӣ зуҳур карданд. Эҷодиёти Г. Пёрселл ва Г. Ф. Гендел қуллаи санъати мусиқии англис ва тамоми Аврупо гашт. Оҳангсозони машҳур барои оркестрҳои симфонии Лондон асарҳои махсус меофариданд. Л. Бетховен ва М. Клементи фортепианоро машҳур карда, барои ин соз асарҳои ҷолиб эҷод мекарданд. Охири асри 19-ро давраи тарақ­қиёти ҳақиқии санъати мусиқии англис меҳисобанд (Ч. Х. Бэрри, Э. Элгар). Эҷодиёти Б. Бриттен қуллаи санъати мусиқии англис аст, ки баъд аз ӯ дигаре, ки  ҳампояи ӯ буда бошад, то ҳол зуҳур накардааст. Оркестҳои симфонии Лондон, Бирмингем, Ливерпул, Манчестер, Глазго ва театри операи «Ковент-Гарден», Операи шоҳаншоҳӣ, Операи миллии англис, Балети шоҳаншоҳии Бермингем, Лондон фестивал балле, Балле Рамбер беҳтарин дар ҷа­ҳон шуморида мешаванд.

Ин намуди санъат дар Б. К. дар давраи Эҳё рушд кардааст. Нимаи дуюми асри 16 қуллаи пешравии ин санъат аст (Р. Грин, Т. Кид, К. Марло, У. Шекспир, Б. Ҷонсон). Соли 1576 дар Лондон аввалин бинои театр сохта шуда, минбаъд театрҳои «Куртина», «Қу» «Глобус» ба вуҷуд омаданд. Охири асри XIX театрҳои оммавӣ . (Театри мустақил, Олдвик, «Роял корт») ва охири асри 20 театрҳои тиҷоратӣ пайдо шуданд. Барои театрҳои Британияи Кабир Академияи шоҳаншоҳии санъати драма мутахассис тайёр мекунад.

Китобхонаҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Британияи Кабир зиёда аз 5 ҳазор китобхонаи оммавӣ фаъолият дорад ва наздики  60 дарсади аҳолӣ истифодабарандагони қайдшуда мебошанд. Китобхонаи Британия, ки дар асоси Китобхонаи Осорхонаи Британия таъсис ёфтааст (1753), китобхонаҳои донишгоҳҳои Кемб­риҷ ва Оксфорд (асри 13), Глазго ва Абердин (асри 15), Эдинбург (асри 16), Китобхонаҳои миллии Шотландия дар Эдинбург ва Уэлс дар Аберистуит гирдоварандаи ган­ҷинаҳои илмиву эҷодии англосаксҳо ва дигар халқҳои ин сарзамин мебошанд.

Британияи Кабир бузургтарин истеҳсолкунандаи маҳсу­ло­ти нашрӣ ба ҳисоб меравад. Матбуоти озод аз замони қабули Аҳдномаи бузурги озодиҳо (1285) маншаъ мегирад. Ҳар сол дар мамлакат зиёда аз 100 ҳазор номгӯй маҳсулоти чопӣ ва беш аз 1300 рӯзномаву маҷалла нашр мешавад. Монополияҳои бузургтарини нашрӣ: «News In­ternational», «Mirror Grour Newspapers». Қадимтарин рӯз­но­маҳо: «The Times» (1785), «The Observer» (1791): рӯз­но­маҳои умумимиллии адади нашрашон миллионӣ «The Sun» (4 млн), «The Mirror» (2,4 млн), «Daily Mail» (2,1 млн), «Daily telegraph» (1,1 млн), «Daily Express (1,2млн) мебошанд. Рӯзномаҳои «The Guardian» (1821) «Financial Times» (1888), «Morning Star» (1966), «Today» (1986) дар саросари ҷаҳон машҳуранд. «Tribune» (1937), «The Eco­nomist» (1843), «Nature» маҷаллаҳои машҳури Б. К. бу­да, «Reuters» (с. 1851 П. Ю. Рейтер таъсис додааст) агентии иттилоотиест, ки дар сатҳи ҷаҳон фаъолият мебарад ва навигариҳои байналхалқиро дастрас мекунад. 

Радио ва телевизион

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ширкати давлатии иттилоотии Британия Би-Би-Си (ВВС), ки аввал чун шабакаи радио таъсис ёфта (1922), баъд ба маркази бузурги иттилооти телевизионӣ табдил ёфт, хабаррасони ҷаҳонист (бо 43 забони ҷаҳон). Ин ширкат дар дохили мамлакат дорои 2 ширкати шабакаи телевизионӣ, 5 пойгоҳи радио, 39 шабакаи радиои маҳаллӣ (дар Шотландия, Уэлс, Ирландияи Шимолӣ) мебошад.

  • Британияи кабир / М. Шарифзода, Б. Абдураҳмонов. // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2026, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.

[[Гурӯҳ:]]