Jump to content

Бунёди Викимедия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Викимедиаи Умумӣ)

Бунёди Викимедия (англ. Wikimedia Foundation, Inc., талаффуз [wikimədia faundəiʃon], ба таври мухтасар WMF) — ташкилоти ғайритиҷоратӣ ва хайрияи амрикоӣ аст, ки дафтари марказии он дар Сан-Франсиско, Калифорния ҷойгир шудааст[1], аммо тибқи қонунҳои иёлоти Флорида идора мешавад.

Ҳадаф ва таърих

[вироиш | вироиши манбаъ]
Дафтари «Бунёди Викимедия» дар Сан-Франсиско бо суроғаи New Montgomery Street, 149 дар ноҳияи South of Market
Патрисио Лоренте, раиси Шӯрои парасторон
Кетрин Махер, директори иҷроия

Бунёди Викимедия соли 2003 аз ҷониби Ҷимми Уэйлс таъсис ёфтааст[2]. Шумораи кормандони ин бунёд 700 нафар (соли 2022) мебошад. Даромади солонаи Бунёди Викимедия дар соли 2019 ба 104,5 миллион доллар ва хароҷоти солонаи он беш аз 81 миллион доллар расид. Ҳоло Катрин Мар ҳамчун директори иҷроияи ин бунёд фаъолият мекунад ва Кристоф Ҳеннер раисии ҳайати мудирони Бунёди Викимедияро ба уҳда дорад. Ин бунёд ба туфайли мизбонии донишномаи интернетии Википедиа, инчунин Викикитоб, Викисафар, Викииқтибос, Викиахбор, Викиматн, Викидода, Викианбор, Викидонишгоҳ, Викигуна, Википарвариш, Фравики ва Викилуғат машҳур аст.

Ҳадафи Бунёди Викимедия густариш ва нигоҳдории мундариҷаи кушод, лоиҳаҳои асосёфта дар вики ва пешниҳоди мундариҷаи пурраи ин лоиҳаҳо барои умум, ба таври ройгон мебошад.

Лоиҳаҳои Викимедия, ки дар Сан-Франсиско ҷойгир аст, аз соли 2003 фаъолият мекунад ва як қатор лоиҳаҳои мундариҷаи озод ва нармафзори кушодаро идора мекунад, ки дар рӯйхати зер оварда шудаанд:

  • Википедиа
  • Викилуғат
  • Викииқтибос
  • Викиматн
  • Викикитоб
  • Викианбор
  • Викиахбор
  • Викигуна
  • Викидонишгоҳ
  • Викисафар
  • Фравики

Википарвариш

[вироиш | вироиши манбаъ]

Википарвариш ҷое мебошад, ки лоиҳаҳои муваффақ ва потенсиалии Викимедия дар забонҳои гуногун ва дар викиҳои хоҳар, мисли Википедиа, Викикитоб, Викиахбор, Викииқтибос ва Викилуғат ташкил, навишта ва баррасӣ мешаванд. Википарвариш инчунин ҷое аст, ки лоиҳаҳои Викимедия аз нигоҳи самаранокӣ ва шоистагӣ арзёбӣ мегарданд. Дар ин лоиҳа викиҳо ба вуҷуд меоянд.

Озмоишгоҳҳои Викимедия

[вироиш | вироиши манбаъ]

Озмоишгоҳҳои Викимедия яке аз лоиҳаҳои пасипардагии Бунёди Викимедия аст, ки вазифаи он санҷиши пешравиҳо ва намоишҳои нави нармафзори МедиаВики мебошад. Ин вики нусхае аз пойгоҳи додаҳои Викикитоби англисӣ аст, ки ҳамчун мундариҷаи намунавӣ пешниҳод шудааст.

  1. Условия использования — Wikimedia Foundation
  2. Neate, Rupert. Wikipedia founder Jimmy Wales goes bananas, The Daily Telegraph (October 7, 2008). Проверено 25 октябри 2009. «The encyclopedia's huge fan base became such a drain on Bomis's resources that Mr Wales, and co-founder Larry Sanger, thought of a radical new funding model – charity.».