Jump to content

Фарҷ (узв)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Вулва)

Фарҷ (форсӣ: فرج‎) — ба бахши берунии андоми таносули зан, фарҷ ё кус гуфта мешавад. Бахши дарунии ин андом маҳбал ном дорад. Дорои қисматҳои мухталифе аст аз он ҷумла метавон ба мӯйҳои шармгоҳ, лабҳои кӯчак, лабҳои бузург ва чучулу (клиторис) ки ҳасостарин қисмати ҷинсии фарҷ аст ишора кард[1].

Зиҳор аз қабати ғафси чарбу таркиб ёфта, бо мӯйҳои ғафс пӯшида шудааст. Дар зери зиҳор лабҳои калони Ф. ҷой гирифтаанд; онҳо аз чинҳои пӯст ташаккул ёфтаанд ва дорои бофтаҳои устувор, рагҳои хунгард ва лимфа мебошанд. Дар пӯсти лабҳои калон ғадудҳои равған ва арақ ҷой гирифтаанд. Дар поёни лабҳои калони Ф. лабҳои хурди Ф. ҷойгир мебошанд. Онҳо аз ду чини дарозрӯяи пӯст иборат буда, зоҳиран луобпардаро мемонанд. Лабҳои хурди Ф. дорои ғадудҳои чарбуанд. Дар қабати лабҳои калони фарҷ ғадудҳои калони даромадгоҳи маҳбал ҷой доранд; маҷрои онҳо ба роғи фазои байни лабҳои хурди Ф. ва пардаи бакорат боз мешавад. Тарашшӯҳоти ғадуди мазкур даромадгоҳи маҳбалро намнок месозад. Клитор аз ҷисми исфанҷӣ (аз ҷиҳати сохтор ба ҷисми исфанҷии олати таносули мард монанд аст) ташаккул ёфта, бо хун нағз таъмин аст; дар он рагҳои сершумори лимфагард мавҷуданд. Сараки клитор аз нӯги асабҳои сершумор иборат аст. Клитор узви ҳисси шаҳват буда, дар вақти ангехта шудан аз хун пур мегардад. Клиторро артерияҳои ҷинсии берунӣ ва дарунӣ бо хун таъмин менамоянд; хун аз клитор ба тавассути венаҳои берунӣ ва дарунӣ бозмегардад. Ҷараёни бозгашти лимфа бошад ба сӯи ғадудҳои лимфавии чатан аст. Ба Ф. торҳои асаб аз шабакаи асабҳои миён меоянд. Ба нуқси инкишофи Ф. набудани пардаи бакорат ё сӯрохи он, ихтилоли сабзиши узвҳои таносули берунӣ мансуб мебошанд. Осебҳои Ф. хуномосҳои пайдоишашон гуногун ва захмдор шудани клиторро дарбар мегиранд. Ба бемориҳои Ф. лейкоплакия, крауроз, доъулфил (варам кардани лабҳои калон ва хурди фарҷ аз як ё ҳарду тараф, ки сабаби он ихтилоли ҳаракати лимфа аст), вулвит, бартолинит ва ғ. тааллуқ доранд. Дар Ф. метавонанд яраю бусуроти гуногун пайдо шаванд, мас., ҳангоми бемориҳои сифилис, сил, хуноқ. Бисёр вақт дар фарҷ табхол ва озах низ мебарояд. Ба омосҳои Ф. фиброма, гемангиома, папиллома, саратон, саркома, меланома мансубанд[2].

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад:
  1. Аз Википедиаи порсӣ http://fa.wikipedia.org/wiki/%D9%81%D8%B1%D8%AC_%28%D8%B9%D8%B6%D9%88%29
  2. Фарҷ аз Энсиклопедияи Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон http://tajmedun.tj/publ/ehnciklopedija/f/far/24-1-0-3117(пайванди дастнорас)