Jump to content

Зокир Найк

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Зокир Ноик)
Зокир Найк
араб. урду: ذاکر نائیک
сурат
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: пизишк, нависанда, Зиёӣ, воиз, ҷарроҳ, дотсент, motivational speaker, суханрон, podcaster
Таърихи таваллуд: 18 октябр 1965(1965-10-18)[1] (59 сол)
Зодгоҳ:
Кишвар:
Эътиқод: ислом[3]
Самти фаъолият: dawah[d] ва comparative religion[d]
Маълумот:
Осор:

Иттилооти иловагӣ
Сайти расмӣ: zakirnaik.com(англ.)
Лоиҳаҳои алоқаманд:  Викианбор  
Вироиши Викидода

Зокир Абдулкарим Найк (урду: ذاکر عبدالکریم نائیک тав. 18 октябри соли 1965, Мумбай, Ҳиндустон) — воизи мусалмони ҳиндустонӣ, президенти Бунёди тадқиқоти исломӣ (IIF). Дипломи ҷарроҳӣ низ дорад [4]. Асосгузори Мактаби байналмилалии исломӣ дар Мумбай.

Тарҷумаи ҳол

[вироиш | вироиши манбаъ]

Зокир Абдулкарим Ноик 18 октябри соли 1965 дар Мумбай (Ҳиндустон) таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи Питери Муқаддас дар Мумбай ба коллеҷи Kishinchand Chellaram[en] дохил мешавад. Донишгоҳи Мумбайро бо зинаи бакалаври тиб ва ҷарроҳӣ хатм кардааст. Зани ӯ Фарҳат Ноик дар Бунёди тадқиқоти исломӣ кор мекунад [1] .

Соли 1991 Зокир Ноик кори таблиғотии худро оғоз намуд ва Бунёди тадқиқоти исломӣ таъсис дод [2] . Тибқи гуфтаи Ноик ӯ аз Аҳмад Дидот, ки соли 1987 бо ӯ мулоқот кардааст, илҳом гирифтааст, ки кори воизиро оғоз кунад[3]. Онро баъзан "Дидот плюс" меноманд [4] . Вай чунин мешуморад, ки ҳар як мусалмон вазифадор аст, ки ба дигарон фаҳмиши дурусти исломро диҳад ва ба он чизе, ки ӯ "ғарази зидди исломии расонаҳои ғарбӣ дар давраи пас аз ҳамлаҳои террористии 11 сентябри соли 2001" меномад, муқовимат кунад [5] .

Бисёре аз мубоҳисаҳои ӯ сабт ва ба таври васеъ дар ВАО ва Интернет паҳн карда мешаванд. Баҳсҳои ӯ тавассути якчанд шабакаҳои ноқилӣ, аз ҷумла телевизиони худи ӯ — Peace TV пахш карда мешаванд [6]. Мавзӯъҳои барномаҳои ӯ: "Ислом ва илми муосир", "Ислом ва масеҳият" ва "Ислом ва дунявият".

Дар моҳи марти соли 2015 Ноик ҷоизаи бонуфузи "Хадамот барои манфиати ислом» аз подшоҳи Арабистони Саудӣ Салмон гирифт. Ба ӯ 200 000 доллар ва нишони тило дар вазни 200 грамм тақдим карданд [7] .

Моҳи майи соли 2017 дар ватани худ дар Ҳиндустон Зокир Ноик ҷурми дастгирӣ аз терроризм айбдор карда шуд. Сабаб дар он буд, ки пас аз ҳамлаи террористии 1 июли соли 2016 дар Дакка, пойтахти Бангладеш, ки террорист 28 нафарро кушт, яке аз ҷангиён аз мавъизаҳои ӯ илҳом гирифтааст.

  1. Ramanujan, Sweta. «Beyond veil: Am I not a normal Muslim girl?» Бойгонӣ шудааст 24 марти 2012  сол.. expressindia.com. Indian Express Group. 16 July 2004. Retrieved 16 April 2011. 16 April 2011.
  2. «Dr Zakir Naik vs (1) The Secretary of State for the Home Department (2) Entry Clearance Officer, Mumbai, India». British and Irish Legal Information Institute. 5 November 2010. Retrieved 21 July 2011.
  3. Wahab, Siraj. «Spreading God’s Word Is His Mission». Arab News. 1 July 2006. Retrieved 16 April 2011. Archived 7 August 2011.
  4. Lloyd Ridgeon. Islamic Interpretations of Christianity. — Palgrave Macmillan, 2001. — С. 213. — ISBN 978-0-312-23854-4.
  5. Hassan, Javid; Rasooldeen, Mohammed. «Media Urged to Counter Anti-Muslim Bias». Arab News. 9 October 2005. Retrieved 7 August 2011. Archived 7 August 2011.
  6. Mazumdar, Sudip. «Beaming In Salvation». MSNBC. 23 January 2006. Archived 18 January 2006.
  7. Закир Наик получил награду от короля Саудовской Аравии. IslamNews.ru (3 марти 2015). 3 марти 2015 санҷида шуд.