Илми оммафаҳм
Илм ба забони сода, илми оммафаҳм ё илми оммаписанд, (гоҳе адабиёти илмӣ низ номида мишавад) — тафсире аст аз илм, ки барои мухотибони умумӣ дар назар гирифта шудааст. Дар ҳоле ки рӯзноманигории илмӣ бар тавсеаҳои ахири илмӣ тамаркуз дорад, илми оммафаҳм паҳнои аризӣ дорад, ки ағлаб тавассути донишмандон ва ҳамчунин рӯзноманигорон навишта шуда ва дар қолабҳои мухталифе чун китобҳо, мустанадоти телевизионӣ, мақолот маҷаллаҳо ва сафаҳоти веб ироа мишавад[1].
Нақши содасозии илм
[вироиш | вироиши манбаъ]Замоне, ки илм аз маншури расонаҳои умумӣ убур мекунад, дуруст монанди нуре, ки аз маншур (призма) убур карда бошад, ба аҷзои ташкилдиҳандааш тақсим мешавад ва монанди рангинкамони ҷаззоб таваҷҷуҳи оммаи мардумро ба осмони илм ҷалб мекунад. Ин рангинкамон, ки монанди як пул афкори мардуми оммаро ба ҷаззобиятҳои илмӣ пайванд медиҳад.
Ҳадаф аз адабиёти илмӣ, иттилоърасонӣ ва мутақоид кардани ҳамсолон ба эътибори мушоҳидот ва натиҷагирӣ ва асарбахшӣ додгустарии равишҳо аст.
Адабиёти илмии маҳбуб метавонад тавассути ғайридонишмандон навишта шавад, ки мумкин аст дарки маҳдуди аз мавзӯӣ, ки онҳо тафсир мекунанд дошта бошанд ва ғайримутахассисон битавонанд алоиқи гумроҳкунандаро шиносоӣ кунанд, ки мумкин аст марзи байни илми воқеӣ ва шабаҳи илмро ҳам тазъиф кунад. Бо ин ҳол, гоҳе авқот ғайридонишмандон бо як заминаи илми мунсифона, ки тавонои нависандагӣ доранд ва аз тарафе аз маҳорати кофӣ дар иртиботот иҷтимоӣ бархурдоранд, сареътар ва роҳаттар ҷойи худро дар муҳитҳои ғайррасмӣ (мардуми кӯча ва бозор) боз мекунанд.
Роиҷтарин шеваҳои соддасозии илм
[вироиш | вироиши манбаъ]Бархе аз вежагиҳои маъмул аз маҳсулоти илмии маҳбуб иборатанд аз:
- таъкид бар арзиши саргарми ё иртиботи шахсӣ бо мухотиб
- таъкид бар инҳисор ва радикал будани мавзӯъи илмӣ, ки қасди ироаи он вуҷуд дорад
- таъкид бар баррасии идеяҳое, ки тавассути мутахассисон нодида гирифта шуда ё дар хориҷ аз риштаҳои вобаста бар таъсис қарор гирифтаанд
- таъкид бар мафҳумҳои илмии маъмул
- бо таъкид бар мухотибон бо пасзаминаи камӣ ё бесавод
- бо таъкид бар суннат аз идеяҳои ҷадид, ки мутазаммин чандин замина ва ироаи барномаҳои корбурди ҷадид дар дигар тахассусҳои илмӣ аст
- бо таъкид бар истифода аз истиораҳо ва аналогҳо барои тавзеҳи мафҳумҳои илмии душвор
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Wikipedia contributors, "Popular science, " Wikipedia, The Free Encyclopedia, http://en.wikipedia.org/w/index.php?title=Popular_science&oldid=536704547 (accessed February 9, 2013).
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Лазаревич Э. А. Искусство популяризации науки. — 2-е, перераб. и доп.. — Москва: Наука, 1978. — 224 с. — 7 000 экз.(пайванди дастнорас)
- Мишкевич Г. Доктор занимательных наук. Жизнь и творчество Якова Исидоровича Перельмана
- Витковски Н., Ортоли С. Ванна Архимеда. Краткая мифология науки.
- Карл Левитин., «Научная журналистика как составная часть знаний и умений любого ученого». М. 2012