Jump to content

Навоварӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Инноватсия)

Навоварӣ (форсӣ: نوآوری‎), инноватсия (аз калимаи инглисии innovation) — ихтироъ ё идеи наве, ки дар амал ба кор гирифта шавад ва арзишафзо бошад.

Он натиҷаи ниҳоии фаъолияти зеҳниву ақлонии инсон, самараи тахайюлу эҷод ва бозёфту кашфиёти ӯ мебошад. Мисоли рӯшани навоварӣ ворид кардани колои ҷадид бо корбурди нав ё такмили кайфияти истеҳсолоти мавҷуда аст.

Истилоҳи инноватсия, ки ҳарчанд онро имрӯзҳо хоси забони англисӣ медонанд, дар асл аз калимаи лотинии novatio — навсозӣ (ё худ, дигаргунсозӣ) ва пешоянди in — ба самти гирифта шуда, агар таҳтуллафзӣ баргандонем, innovatio — ба сӯи дигаргуниҳо мебошад.

Ҳарчанд мафҳуми innovation бори аввал дар пажӯҳишҳои илмии олимони асри ХIХ пайдо шуд, вале дар таҳқиқоти илмии олими австриягӣ Йозеф Шумперт дар солҳои аввали қарни ХХ ин мафҳум мазмуни нав касб карда, чун натиҷаи ташхиси усулҳои навоварона ва тағйирот дар рушди иқтисод дар Урупо қабул гардид. Бар асоси маъниву мафҳуми ин вожа, истилоҳи навоварӣ дар забони форсӣ ба кор меравад, ки маъниро дақиқ ва бо забони сода ба ҳар як форсизабон мерасонад. Дар зимн, на ҳамаи навгонӣ ё тағирот навоварӣ буда метавонад; навоварӣ он аст, ки сифату самаранокии соҳаи мавҷударо бамаротиб боло мебарад.

Навъҳои навоварӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Навоварӣ ба чанд навъ ҷудо мешавад:

  • фанноварӣ (заб.русӣ — Технологические инновации)
  • иҷтимоъӣ (заб.русӣ — Социальные инновации)
  • хӯрокворӣ (заб.русӣ — Продуктовые инновации)
  • мудирият (заб.русӣ — Организационные инновации)
  • бозорёбӣ (заб.русӣ — Маркетинговые инновации)[1]

Яке аз онҳо навъи фанноварӣ аст, ки имрӯзҳо дар шакли фанноварӣ ё фанновариҳои навоварона низ мавриди истифода қарор гирифта. Фанноварии навоварона — маҷмӯъи усулу воситаҳоест, ки ба амалишавии навоварӣ мусоидат мекунад. Ҷараёнест, ки дар натиҷаи он маҳсулоти нав офарида мешавад.

Маҳсули технологияҳои фанноварии навоварона ихтироъи роёна (компютер) аст, ки тайи чанд даҳсола дар зиндагии ҳар яки мо мавқеъи хоссе пайдо кардааст. Имрӯз қариб ҳамаи соҳаҳо аз роёна истифода мекунанд ва худи роёна ҳам, ки тавассути навоварӣ ба вуҷуд омад, ба ҷузъи ҷудонопазири фанноварии навоварона табдил ёфтааст.[2]