Jump to content

Фазонавард

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Кайҳоннавард)
Космонавтҳо ва Астронавтҳо бо Мир.

Кайҳонавард ё Космонавт (дар ШМА ва дигар мамлакатҳо Астронавт, Срасионавт ё Тайконавт), шахсе, ки таёрии тиббиву биологӣ ва техникиро гузаштааст ва дар парвози кайҳонӣ ба сифати пилот ё худ экипаж иштирок кардааст. Нахустин номзадҳо ба сафи кайҳонавардон аз байни лётчикҳои ҳарбӣ дар ИҶШС ва лётчик - озмоишгарон дар ШМА интихоб карда мешуданд.

Кайҳоннавардӣ ё Космонавтика (аз юнонӣ: χοσμος гирифта шуда маънояш чахонӣ ва юнонӣ: ναυτιχη баҳршиновар мебошад) тадқиқоти фазои кайҳонӣ бо ёрии аппаратҳои кайҳонӣ, ки аз тарафи инсон идора мешавад. Аввалин маротиба азхудкунии кайҳон 4 октябри соли 1957 аз тарафи олимони Советӣ ба роҳ монда шуда буд, дар ин рӯз ба кайҳон спутникро сар доданд. Якумин бор Юрий Гагарин 12 апрели соли 1961 ба кайҳон парвоз намуд. Якумин бор кайҳонаварди америкоӣ Нейл Армстронг 21 Июли соли 1969 аввалин кадамҳои худро дар руи моҳ гузошт ва гуфт - ”Ин кадами хурд барои як шахс лекин чахиши калон ба хамаи одамият ”.

Солҳои аввали тараққиёти кайҳонавардӣ аз ҳамкории байни давлатҳо сар нашуда, балки аз мусобиқаи байни давлатҳо сар шуда буд, (ки он мусобиқаи кайҳони ном дошт). Ҳамкории байни давлатҳо дар ин соҳа, танхо дар солҳои наздик ба вуҷуд омад, давлатҳо байни худ ҳамкорӣ эълон карда барои тараққиёти ин соҳа саҳми калон гузоштаанд.

Акнун қоидаҳои кайҳонавардон оҳиста-оҳиста нав шуда истодааст, тараққиёти Туризми кайҳонӣ фаъолона тараққи карда истодааст. Кайҳонавардон боз ба кашфи руи моҳтоб гузаштанӣ хастанд ва нигоҳи худро ба суи Марс сафарбар намудаанд.

Муассисаи кайҳонавардӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Инҷоро ҳам бингаред

[вироиш | вироиши манбаъ]
Викианбор маводҳои вобаста ба мавзӯи