Абдусалом Маҳмадназаров
Абдусалом Маҳмадназаров (14 апрели 1948, Хоруғ) — луғатнигор ва тарҷумони тоҷик, доктори илмҳои филология.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Абдусалом Мамадназаров 14 апрели соли 1948 дар шаҳри Хоруғ дар оилаи деҳқонба дунё омадааст[1][2]. Соли 1955 ба мактаби ибтидоӣ ба номи Калинин, баъдан дар соли 1958 ба мактаб-интернати шаҳри Хоруғ рафта, онро соли 1966 хатм кардааст. Шуъбаи забони англисии Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро соли 1970 бо ихтисоси «Омӯзгори забони англисӣ» хатм кардааст.
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Фаъолияти кории худро ба сифати устоди забони англисӣ дар мактаби № 20-и деҳаи Искичи ноҳияи Ҳисор оғоз намудааст. Аз моҳи ноябри соли 1970 то моҳи ноябри соли 1971 дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ хизмат кардааст. Баъди адои хизмат аз моҳи феврали соли 1972 устоди забони англисӣ дар кафедраи забони англисии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Рустам Шодиев. Луғатнигор ва тарҷумони беҳамто. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (5 апрели 2023). 16 июни 2023 санҷида шуд.
- ↑ Фахриддин ХОЛБЕК. Покоритель Оксфорда. asiaplustj.info. ASIA-Plus (14 апрели 2018). 16 июни 2023 санҷида шуд.