Jump to content

Маорифпарварӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Маорифпарвари)

Маорифпарварӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Маорифпарварӣ, ин равияи ичтимоию сиёси ва адабию фарҳангист, ки зиёиёнро аз ғафлати шахшудамондагии замони кӯҳнаи феодали бедор намуда, онҳоро ба замони нав, замони тантанаи илму амал ва адолат даъват мекард. Маорифпарварӣ дар нимаи дуюми асри XIХ дар байни зиёиёни Осиёи Миёна ба миён омадааст. Пайравони ин равия бо роҳи тарғиби ғояҳои хайр, адолат, илму маърифат иллатҳои сохти патриархалию феодалии чамъиятии кишвари Осиёи Миёнаро барҳам зада, анъанаю маишат ва сиёсати онро тағйир додан мехостанд. Андешаҳои Аҳмади Дониш ҳам пурра ба ҳамин мақсад равон гардида буд. Аз ҳамин сабаб Аҳмади Донишро ҳамчун яке аз саромадани равияи маорифпарварӣ на танҳо аморати Бухоро, балки кишвари Осиёи Миёна номбар мекунанд.

Як зумра шоирони номии ин давр, ба монанди: Абдулқодирхоҷаи Савдо, Ќори Раҳматуллоҳи Возеҳ, Исо Махдуми Бухороӣ, Шамсиддин Махдуми Шоҳин, Мирзоҳайити Саҳбо, Муҳаммадсиддиқ Хайрат,Тощхоҷаи Асирӣ ва дигарон пайравони А.Дониш буданд. Эчодиёти нависанда танҳо бо ҳамин доира маҳдуд нашуд. Минбаъд, яъне дар аввали аср XХ ҳам он сабабгори бедории гурӯҳи сершумори зиёиёну толибилмон ва ниҳоят яке аз манбаъҳои ташаккулёбии ҳаракати чадидия гардид.[1]

  1. Ҳотамов Н.Б., Довуди Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарси). – Душанбе,2011.