Jump to content

Муғелон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Марғелон)
Муғелон
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Tribulus terrestris L.

Муғелон, хори мағелон, марғелон, хасак, хорхасак, оҳанхорак (лот. Tríbulus terréstris) — гиёҳи яксолаест аз оилаи ласфиҳо.

Тавсифоти гиёҳшинохтӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Пояаш чун палак паҳн туда, то 1 метр дароз мешавад. Баргаш пармомонанд (дарозиаш 2,5—5*5 сантиметр, бараш 1,5—2 сантиметр), гулаш зард, мевааш ситорашакл буда, 2—4-то хори сахту тез дорад. Аз май то охири тобистон гул карда, аз июн мева мекунад. Чун алафи бегона дар боғу киштзор, замини партов, канори роҳ, нишебиҳои санглоху регӣ ва ғайра мерӯяд. Дар Тоҷикистон васеъ паҳн гаштааст.

Корбурди пизишкӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар тибби мардумӣ барои табобати бавосир, иллати гурда, қабзияти меъда, хала ва ғайра истифода мешавад. Дар тибби муосир қиёми алафи муғелон(Extractum Tribullus terrestris) ва доруи «требестрис»-ро ҳангоми сустии кори ғадуди ширеҷудокунандаи меъда ба кор мебаранд Алафи Мушхор пайвастҳои флаваноидӣ, сапонинҳо (диосгенин), моддаҳои даббоғӣ, равған, витамин ва ғайра дорад.

Муғелон барои ҳайвон заҳрнок аст ва боиси касалии «трубулоз»-и бузу гӯсфанд мешавад. Баъзан 50—90%-и ҳайвони касал мемирад.

  • Муғелон / М. Ҳоҷиматов // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).
  • Гусынин И. А., Токсикология ядовитых растений, Москва. 1902