Гурги Копитул
Гурги Копитул (лот. Lupa Capitolina), Модагурги капитолӣ — симои асотирӣ дар байни румиёни қадим, ки гӯё асосгузорони ривоятии шаҳри Рум экизакҳо Ромул ва Ремро аз марг наҷот дода маконида бузург кардааст
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Мувофиқи ривоят, муҳофизони шаҳри Трояи Осиёи Хурд бо сардории Эней — писари Афродита ва Анхис баъди мағлубият аз душманон ба киштиҳо савор шуда ба музофоти Ласиуми Итолиё меоянд. Дар ин ҷо пасавлоди Эней ва писари ҳокими шаҳри Альбалонг Амулий бо умеди нест кардани ворисони тахт — Ромул ва Рем, ки аз насли Эней ва кӯдакони Марс ва Рея Силвия буданд, экизакҳоро ба дарёи Тибр мепартояд. Вале кӯдакон бо ёрии махлуқони обӣ наҷот меёбанд ва онҳоро модагурге дар теппаҳои Копитули соҳили дарё парвариш мекунад. Кӯдакон баъди калон шудан таърихи худро аз чӯпоне шунида аз Амулий қасос мегиранд ва дар мавзеи наҷот ёфтаашон ба шаҳре асос мегузоранд. Минбаъд дар байни бародарон низоъ пайдо шуда, Ромул Ремро мекушад ва ба шаҳр номи Рум мегузорад.
Достони корнамоиҳои саравлоди афсонавии румиҳо Эней, экизакҳо — Ромул ва Рем ва Модагурги капитолӣ дар асри 3 то м. чун ривояти расмии шаҳриён қабул шуда, мавзӯи бисьёр асарҳои шоирон, муаррихон, рассомон ва ҳайкалтарошон гардид. Чунончи, ба ин сюжет «Энеида»-и Вергилий бахшида шуда буд. Нақши акизакҳоро маконида истодани Модагурги Копитул дар нишони Рум, тангаҳои имперотуриҳои Рум ва Руми Шарқӣ брактеатҳо ва медалонҳои Итолиё ва Византия, ки ҳангоми ҳафриёти Панҷакент, Шаҳристон ва Одангарон ба даст омаданд, инчунин геммаҳои эронии давраи Сосониён сикка зада шудаанд. Ба ин мавзӯъ як қатор рассомони Аврупои асрҳои гузашта асарҳо бахшидаанд.
Дар Тоҷикистон
[вироиш | вироиши манбаъ]Вале дар ҳунари таҷассумии ҷаҳон ягона асареро, ки тамоми мавзӯъи ин достонро мукаммал дарбар гирифтааст, иштирокчиёни Экспедисияи бостоншиносии шимоли Тоҷикистони Институти таърихи ба номи Аҳмади Дониши АМИТ ҳангоми ҳафриёти насри афшинҳои Истаравшан (асрҳои 8—9) аз димнаи пойтахти он — шаҳри Бунҷикат (ҳоло дафинаҳои Қалъаи Қаҳқаҳа I, 11 ва III дар деҳаи Шаҳристони вилояти Суғд) ёфтанд. Ин асари рӯи девории дарозиаш шашметраи мураккаби бисёрперсонаждор аз чанд манзара иборат аст:
- а) марди болои тахт нишаста (ҳоким) ва зани нимбараҳнаи муйпарешони дар канори тахт зону хам карда,
- б) марди сияҳпӯш (ҷаллод) ва ҳамон зани нимбараҳна (модар), ки ҳар ду зону хамида дар талоши кӯдаканд, марди камзулу абопӯш (плаш)-и ростистода,
- в) тасвири дарё, ки дар он махлуқи гӯшу бурутдори модимонанд шино мекунад,
- г) дар соҳили дарё мардуми побараҳнаи куртадароз,
- д) модагург, ду экизаки лучи синамак ва ҳамон марди камзулу абопӯш (чӯпон).
Композисияи наққошии бисёррангаи Шаҳристон бо маҳорати баланд акс ёфта, мавзӯи фоҷиавии достони модагургу экизакҳоро хуб тасвир мекунад ва аз ҳамин сабаб дар санъати тасвирии ҷаҳон мақоми махсусе дорад. Тадқиқоти васеи ривоятҳои қабилаҳою халқҳои қадими Осиё ва Аврупо ба хулосае овард, ки мувофиқи он ривояти модагург ва кӯдакони афгона дар сарзамини қабилаҳои эронинажоди Осиёи Миёна ва Шарқи Миёна ҳанӯз дар замонҳои чамоаи ибтидоӣ (асрҳои биринҷӣ ва ибтидои оҳан) пайдо шуда, Дертар дар байни қабилаҳои бодиянишину муҳимии мамлакатҳои Осиё ва Аврупо паҳн гардид. Мувофиқи ривоятҳои эрониёни бостон, ки дар сарчашмаҳои Юнони атиқа акс ёфтааст, модагург ҳатто асосгузори давлати Ҳахоманишиён — Куруши Кабирро дар вақти кӯдакӣ афгона буданаш парвариш кардааст.
Тадқиқоти илмӣ нишон дод, ки ин сюжет аз сарзамини Эрон аввалҳо дар байни этруекҳои Осиёи Хурд, дертар баъди ҳиҷрати онҳо ба Итолиё (маълумоти Ҳеродот) дар ин сарзамин низ паҳн шуда, яке аз ривоятҳои дӯстдоштаи этрускҳо гардид. Муҷассамаи машҳури тиллоии Модагурги Копитул, ки этрускдо дар асри 4—5 то мелод сохтаанд ва то ҳол дар Осорхонаи Ватикани Рум маҳфуз аст, далели он мебошад. Ба ҳамин тариқ, дар дунёи қадим мубодилаи як сюжети ривоятӣ ба амал омадааст, ки аз иштироки халқҳои эронзамин дар ташаккули маданияти Руми атиқа шаҳодат медиҳад.
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Негматов Н. Н., Соколовский В. М., «Капитолийская волчица» в Таджикистане и легенды Евразии — «Памятники культуры. Новые открытия», «Ежегодник» 1074, М., 1075.
- Модагурги капитолӣ // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).