Муизии Нишопурӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Муизии Нишопурӣ
Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Абдулмалик Муиззии Нишопурӣ
Зодгоҳ:

Нишопур

Шаҳрвандӣ:

Эрон

Навъи фаъолият:

нависанда

Забони осор:

порсӣ

Муизии Нишопурӣ(таваллуд 1049, марг 1126, зодгоҳ Нишопур) — шоири ширинкаломи садаи XII.

Зиндагинома[вироиш]

Амирушшуаро Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Абдулмалик Муиззии Нишопурӣ тақрибан соли 1049 дар Нишопур чашм ба дунёи ҳастӣ боз кардааст. Шоир ба ифтихори Муиззуддин Маликшоҳ ибни Али Арслон «Муиззӣ» тахаллус кардааст. Маликшоҳи Салҷуқӣ бо маслиҳати вазираш Низомулмулк дар ободонии мулк саъйи бисёр кардааст. Тақрибан солҳои 1074-1075 яке аз амирони фозили султон Маликшоҳ бо номи Алоуддавла Алӣ ибни Заҳирруддин Абӯмансури Фаромарз ӯро ба Маликшоҳи Салҷуқӣ муаррифӣ кард. Муаллифи «Чаҳор мақола» - Низомии Арӯзии Самарқандӣ, ки ба Муиззӣ эҳтироми зиёд дошт, тафсилоти он қиссаро дар ҳикояти панҷуми боби дувуми ки-тоби худ батафсил нақл кардааст. Иттилооти «Чаҳор мақола» қадимтарин ва муҳимтарин санад доир ба рӯзгори Амир Муиззист, ки баъдан сарчашмаҳои дигар онро бисёр такрор кардаанд. Аввалин шеъре, ки Муиззӣ он рӯз гуфт, ба Маликшоҳ бағоят писанд омад. Иттифоқан, он рӯз моҳи нав тулӯъ карда буд ва Алоуддавла амир Алӣ аз ӯ хоҳиш кард, ки шеъре дар баёни зоҳир шудани ҳилоли моҳ бигӯяд. Муиззӣ бадоҳатан ин рубоӣ бигуфт:

Эй моҳ, чу абрувони ёрӣ гӯйӣ,
Ё не чу камони шаҳриёрӣ гӯйӣ.
Наъле зада аз зарри иёрӣ гӯйӣ,
Дар гӯши сипеҳр гушворӣ гӯйӣ.

Муиззӣ чаҳор ташбеҳи зебое бар моҳ овард ва шеърро бо таъбироти писандида биёрост ва табъи ваққоди худро ба зуҳур расонид.Дар рӯзгори шоирии Муиззӣ ин гуна санҷишҳо зиёд рух додаанд ва шоир бо ҳунари олии сухансанҷӣ ҳамеша аз маърака сарбаланд берун омадааст. Муиззӣ фарзанди шоир Абдулмалики Бурҳонӣ мебошад, ки аз надимон ва амирони Алп Арслон - падари Султон Маликшоҳи Салҷуқӣ буд. Аз рӯи ҳикояти Рашидии Самарқандӣ, Абдулмалики Бурҳонӣ аввали салтанати Маликшоҳро низ дарёфта буд. Дар Қазвин умри ӯ сар омад ва писарашро бо мақсади тарбият ва сарпарастӣ ба Маликшоҳ супоридааст. Дар ин маврид байти зерини Бурҳониро зикр кардаанд:

Ман рафтаму фарзанди ман омад халафи сидқ,
Ўро ба Худову ба худованд супурдам.

Муиззӣ баъди вафоти Маликшоҳи Салҷуқӣ муддате дар шаҳрҳои Исфаҳон, Нишопур, Ҳирот рӯзгор ба сар бурдааст. Дар давраи ҳукмронии султон Санҷар ибни Маликшоҳ дурахшонтарин давраи зиндагии амир Муиззӣ сипарӣ шудааст. Султон Санҷар Муиззиро бисёр навозиш кард, эътибору шаъни ӯро афзоиш дод, ки аз ашъори Муиззӣ ба равшанӣ эҳсос мешавад:

То қиёмат фахри ман бошад, ки андар базми хеш,
Дар бари тахтам нишониву «падар» хонӣ маро.
Кардам андар фатҳи Fазнин соҳирӣ дар шоирӣ,
Кард пургавҳар даҳонам подшоҳи гавҳарӣ.

Дар ин байтҳо ду нуктаи муҳим баён шудааст: Яке он ки султон Санҷар ӯро бо икром дар бари худ ҷой дода, шоирро бо эҳтиром «падар» мехонд. Дигар аз қасидаҳои Муиззӣ қадршиносӣ мекард ва дар воқеаи фатҳи Fазнин даҳони Муиззиро бо гавҳар пур кард, то мукофоти қасидаи фатҳияро адо намояд.Дар бораи ҳозирҷавобӣ ва лутфи табъи Муиззӣ, ки дар ҳузури султон Санҷар ба зуҳур расидааст ва ин султони Салҷуқӣ ва ҳозирони маҷлиси ӯро ба ҳайрат овардааст, ҳикоёту нақли ҷолибе маҳфуз мондаанд.Муаллифи «Таърихи гузида» оварда, ки навбате султон Санҷар ба гӯй тохтан машғул буд, ногоҳ асп хато карда ӯро бияндохт. Муиззӣ ин рубоӣ филфавр гуфт:

Шоҳо, адабе кун фалаки бадхӯро,
К-ӯ чашм расонид рухи некӯро.
Гар гӯй хато кард ба чавгонаш зан
В-ар асп хато кард, ба ман бахш ӯро.

Султон Санҷар аспро ба ӯ бахшид ва Муиззӣ боз ин рубоӣ бигуфт:

Рафтам бари асп, то ба ҷурмаш бикунам,
Гуфто, ки: «Нахуст бишнав ин узри хушам.
Не гови заминам, ки ҷаҳон баргирам,
Не чархи чаҳорумам, ки хуршед кашам».

Дар бораи вафоти Муиззӣ муаллифи «Лубоб-ул-албоб» чунин навиштааст: «Сабаби вафоти ӯ он буд, ки рӯзе султони Саид Санҷар дар хиргоҳ тир меандохт ва ӯ беруни хиргоҳ истода буд. Ногоҳ тире аз камони шоҳ ҷудо шуд ва аз ҷодаи ҳадаф хато шуд бе қасд. Тир нишона аз ҷигари он дилбанди фузало сохт, мурғи чаҳорпари тири ӯ аз саводи дили он саводи дидаи арбоби ҳунар дона сохт ва дарҳол бар замин афтод ва ҷон ба осмон рафт. Оре, тири қасди замонаро ҷуз аз дили фузало нишона нест» [1].Аммо аз ашъори Муиззӣ маълум мешавад, ки баъди ин ҳодиса низ муддате зиндагӣ ба сар бурдааст:

Миннат Худойро, ки ба фарри худойгон,
Ман бандаи бегуноҳ нашудам кушта ройгон.
Миннат Худойро, ки ба ҷонам накард қасд,
Тире, ки шаҳ ба қасд наяндохт аз камон.
Якчанд агар зи ранҷ дилам буд дардманд,
Як сол агар зи дард танам буд нотавон.
Фарҷоми кор оқибати хешро сабаб,
Фазли Худой донаму фарри худойгон.

Мероси адабӣ[вироиш]

Девони ашъори Муиззиро бист ҳазор байт ва бештар аз он низ гуфтаанд. Аммо биноан бар нашри Аббос Иқболи Оштиёнӣ, ки соли 1930 аз тариқи китобфурӯшии «Исломия» оростаи табъ шудааст, аз ҳаждаҳ ҳазору шашсаду бисту се байт иборат аст. Соли 1984 нашри тозаи осори шоир бо номи «Куллиёти девони Муиззӣ» бо муқаддима ва тасҳеҳи Носири Ҳирӣ (Ҳирноми рустое дар Ардабил, бо Ҳирот муносибате надорад) сурат гирифт. Девони ашъори Муиззӣ аз 463 қасида, 3 тарҷеъбанд, 3 тар-киббанд, як мусаммат, 60 ғазал, 33 қитъа ва 176 рубоӣ таркиб ёфтааст. Донишманди бузурги адабиёти форсӣ устод Саид Нафасӣ навишта: «Муиззӣ яке аз бузургтарин шоирони Эрон аст ва шеъри ӯ дар мунтаҳои дараҷаи равонию содагию ширинист ва аз ин ҳайс бар ҳамаи шоирони қарни шашум ба ҷуз Собири Тирмизӣ бартарӣ дорад. Махсусан, дар авсофи табиат ва ғазалсароӣ маҳорати томе дошта ва дар мадҳу марсия баёни муассир ва каломи фасеҳ дорад» [2]. Ва Абӯтоҳири Хотунӣ мегӯяд дар китоби «Маноқиб-уш-шуаро», ки: «Ин қасидаро тақрибан сад кас аз фузало ҷавоб гуфтаанд, аммо мисли амир Муиззӣ ҳеҷ кадом нагуф-тааст». Абӯтоҳир мегӯяд, ки занни ман он аст, ки қасидаро амир Муиззӣ аз Унсурӣ муҳкамтар мегӯяд» [3].Ин қасидаи Муиззӣ дорои 43 байт аст, воқеан, аз дилпазиртарин қасидаи назми форсист.Амир Муиззӣ дар шеър шеваи сухангустарии Рӯдакӣ, Унсурӣ, Фаррухӣ ва Манучеҳриро идома дода, дар ин равиш ибтикороти тозае ворид кардааст. Дар ҷавоби қасидаи машҳури Рӯдакӣ бо радифи «ояд ҳаме» қасидаву қитаоте бо матлаъҳои зерин дорад:

Бар ҳаво абри баҳорӣ сим полояд ҳаме,
Бар замин боди шимолӣ мушк паймояд ҳаме.
Он ки аз сунбул ниқоби арғавон орад ҳаме,
Айши ӯ бар чеҳраи ман ҷаъфарон корад ҳаме.
Он санам, к-андар ду лаб тунги шакар дорад ҳаме,
Бар сари сарви равон шамсу қамар дорад ҳаме.
Кунам манзум мадҳи ту ба лафзе, к-он бувад осон,
Ки дар дилҳо фузун бошад ҳаловат лафзи осонро.
Чист аз раҳмату инсофу зи таҳқиқи назар,
Ки накардӣ ту дар ин шаҳр ба ҷойи зуафо.
Адл кардиву зи адл аст туро дар ду ҷаҳон,
Раҳмату маҳмадат аз Холиқу махлуқ ҷазо.
Ҳамчунин бошу пушаймон машав аз кардаи хеш,
К-он чӣ имрӯз бикорӣ, ба бар ояд фардо.
Ин ҷумларо ба ҳақ малику подшоҳ бош,
Зеро ки ҳақ ҳамеша сазовори тавқир аст.
Адли ту бод ёвару дорандаи ҷаҳон,
К-Эзид туро ҳамеша нигаҳбону ёвар аст.

Адабиёт[вироиш]

  • Абдулманнони Насриддин. Куллиёти осор. - Ҷ.1.- Хуҷанд, 2013. - с.367-373

Эзоҳ[вироиш]

  1. Лубоб-ул-албоб, ҷилди 2, - с.70
  2. Саид Нафисӣ. Таърихи назму наср дар Эрон ва дар забони форсӣ, ҷилди 1, - с. 83
  3. Давлатшоҳи Самарқандӣ. Тазкират-уш-шуаро, - с.47-48