Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Муътабар Иброҳимова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Мӯътабар Иброҳимова)
Муътабар Иброҳимова
Таърихи таваллуд: 3 январ 1930(1930-01-03)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт 8 май 2010(2010-05-08) (80 сол)
Маҳалли марг:
Шаҳрвандӣ:
Касб: ҳунарпеша
Ҷоизаҳо:
Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон
IMDb: ID 8022669

Муътабар Иброҳимова (2 январи 1930, Конибодом — 18 майи 2008, Хуҷанд) — ҳунарпешаи театр ва синамо, Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1958), Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1974).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Ленинобод (1947). Ҳамзамон дар Театри тамошобини ҷавони Ленинобод ҳунарнамоӣ кардааст. Аз соли 1947 ҳунарпеша ва сарояндаи Театри вилоятии драмаи мусиқӣ (ҳоло Театри ҷумҳуриявии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ).

Дар ҳайати эҷодии театр ба Афғонистон (1963, 1966, 1972) ва Покистон (1972) сафарҳои ҳунарӣ кардааст.

Муътабар Иброҳимова ҳунарпешаи ҳассос буда, маҳорати баланд ва истеъдоди хуби иҷрокунандагӣ дошт. Аксари образҳо, хусусан симои занҳои шуҷоу матиниродаро бо тамоми паҳлуҳои бадеӣ ва хислатҳои фардиашон таҷассум мекардоктори илмҳои дар аксари намоишномаҳо нақшҳои асосиро иҷро кардааст. Ӯ беш аз 150 нақш офаридааст, ки беҳтаринашон инҳоянд: Зулхумор ва Нурхон («Равшан ва Зулхумор» ва «Нурхон»-и К. Яшин), Ширин («Фарҳод ва Ширин»-и Н. Ҳикмат), Дездемона («Отелло»-и У. Шекспир), Гулбаҳор («Духтари кӯҳистон»-и М. Миршакар), Шамсинисо («Супориши ЧК»-и А. Сидқӣ), Гулрӯ («Пӯлод ва Гулрӯ»-и Р. Ҷалил), Садбарг («Дили шоир»-и Р. Ҷалил), Модар («Модар нигарон буд»-и Ф. Ансорӣ), Фармонбибӣ («Исёни арӯсон»-и Саид Аҳмад), Мандхара («Рамаяна»-и Н. Гусева) ва ғ.

Муътабар Иброҳимова дар синамо низ ҳунарварзӣ кардааст: Фариштахола («Вақте ки осиё бозмонд», 1973), Модари Шокир («Ғуломони сарсахт ёфтанд раҳи бахт», 1976), Шарофатхола («Сандуқ барои арӯс», 1978), завҷаи генерал («Гирдбод», 1983), Шарофатхола («Агар дӯст дорӣ», 1984) ва ғайра.

Бо ордени «Нишони Фахрӣ», медалҳо ва Грамотаҳои Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон қадр шудаааст.

  • Театр — маънои умри ман, Хуҷанд, 1999 (ҳаммуалиф).
  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.