Назории Қаҳистонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Назории Қаҳистонӣ
Тахаллусҳо:

Назорӣ

Номи пурра

Ҳаким Саъдуддин ибни Шамсуддин Муҳаммад Назори Қаҳистонӣ

Санаи таваллуд:

V ҳиҷрӣ

Зодгоҳ:

Қаҳистон

Санаи марг:

720(0720)

Маҳалли марг:

Бирчанд

Шаҳрвандӣ:

Эрон

Навъи фаъолият:

шоир

Солҳои эҷод:

V - VI ҳиҷрӣ

Забони осор:

порсӣ

‘’’Назории Қаҳистонӣ’’’ — яке аз шоирони садаи V - VI ҳиҷрӣ мебошад, ки маснавиҳои “Адабнома” ва “Сафарнома”-ро сурудааст.

Зиндагинома[вироиш]

Ҳаким Саъдуддин ибни Шамсуддин Муҳаммад Назори Қаҳистонӣ яке аз шоирони барчастаи асри V ва аввали асри VI ҳичри ба шумор меравад. Бино бар маълумоти қадимтарин маъхаз дар бораи ў “Мачмал-ул-фасех»-и Хавоф номи ў Саъдуддин аст ва дар чанд маврид аз нусхаи куллиёти Назори марбут ба соли 837- и ҳичри, ки дар Ленинград маҳфуз аст, номи шоир Саъдуллоҳ валди Назори ал-Қаҳистонӣ омадааст.Назори тахаллуси шоирии ӯст ва Саъдуддин унвони хонадонии онҳост. Аз ин рӯ дар дарбори шоҳон барои фарқи байни шоир ва дигарон Назориро “Саъди акбар” мегуфтанд, ки инро шоир дар “Сафарнома”-аш қайд кардааст.

Хоҷаи комгор Саъдуддин,
Ноиби хусрави замону замин.
Саъди Акбар лақаб ниҳодандаш,
Мулки дунёву дин бидодандаш.

Назорӣ аз давраи чавонӣ ба тартиб додани як девон кўшиш мекард ва соли 678 моҳи шаввол, вақте ки ба Табрез меояд, бар рикоби Шамсиддин соҳиби девони хубе гашта,дар рикобаш якчанд мадҳ кардааст. Аз рўи маълумоти сарчашмаҳо баъди якчанд сафар аз ҷумла сафари Табрез ба Қаҳистон бармегардад ва дар ин вақт соҳиби се фарзанд - Нусрат, Шаҳаншоҳ, Муҳаммад мегардад. Вафоти шоирро “Фасеҳи Хавофӣ “ дар ҳодисоти соли 721 қайд мекунад. Аз рўи маълумоти дигар сарчашмаҳо шоир соли 720 вафот кардааст ва дар Бирчанд ба хок супорида шудааст.

Мероси адабӣ[вироиш]

Девони ў иборат аст аз қасида, ғазал, таркибот, тарчеот, қитъа, маснавиҳои “Дастурнома” дар баҳри мутақориб, “Адабнома”, “Сафарнома” дар баҳри рамали мусаддаси мақсур, аз Хусрав ва Ширин, мунозираи рўзу шаб ва мактуботи манзум иборат аст. Назории Қаҳистонӣ дар ашъораш асосан султонҳои курдро мадҳ кардааст.

Намуна аз ашъор[вироиш]

Агар даст вогири аз кори ман,
Намонад зи ман чуз ман эй ёри ман.
Магар ҳам ту раҳмат куни в-арна бас,
Чи хезад зи гуфтору кирдори ман.
Сарамро зи дасти иноят бипўш,
Магар аз қадам баркаши хори ман.
Вагар гирди олам бигардониям,
Ба чуз кўи ту нест ҳинчори ман.
Ту берун бар аз ман маро з-он ки нест,
Сафар кардан аз хештан кори ман.
Ба чуз рўи ту нест меҳроби дил,
Ба чуз номи ту нест такрори ман.
Макун саргарони, ки тадбир нест,
Ба бозуи ақли сабуксори ман.
На охир Назории зори туам,
Бубахшой бар нолаи зори ман.
Бисёр умрҳову басе рўзгорҳо,
Бигзашту корҳо бинагашт аз қарорҳо .

Адабиёт[вироиш]

  • Девони Назории Қаҳистони. Бо эҳтимоми Мазоҳири Мусаффо дар ду чилд. - Теҳрон:Маҳорат, 1371
  • Забеҳуллоҳи Сафо. Таърихи адабиёт дар Эрон. Ҷ.2/3. – Теҳрон:Фирдавс, 1366.